Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Forum 18 ҷузъиёти ҳукми Муҳаммадӣ Раҳматуллоро гуфт


Муҳаммадӣ Раҳматулло. Акс аз соли 2007
Муҳаммадӣ Раҳматулло. Акс аз соли 2007

Пойгоҳи “Форум 18”, ки аз ҳуқуқи ақаллиятҳои мазҳабӣ пуштибонӣ мекунад, ҷузъиёти ҳукми Муҳаммадӣ Муҳаррамов, машҳур ба Муҳаммадӣ Раҳматуллоро дар Тоҷикистон ошкор кардааст.

Муҳаммадӣ Раҳматулло, ки дар гузашта “раҳбари салафиҳо” номбар мешуд, моҳи марти имсол ба 8 сол зиндон маҳкум гардид.

Наздиконаш он вақт ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ӯ бар асоси моддаи ифротгароӣ маҳкум шуд, вале тафсилотро намедонанд.

Пойгоҳи “Форум 18” рӯзи 21-уми июн дар гузорише эълон кард, ки Муҳаммадӣ Раҳматулло ба гуноҳи таълими ғайриқонунии дин ба як гуруҳи 12-нафарӣ дастгиру зиндонӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, аъзои ин гуруҳ аз 6 то 9 сол зиндонӣ шуданд. Маълум нест, ин афрод дар додгоҳ чӣ гуфтаанд. Назари наздиконашон низ дастрас нест.

Пайвандони Муҳаммадӣ Раҳматулло ба “Форум 18” гуфтаанд, “ӯ танҳо ба хоҳишмандон тарзи намозгузориро мефаҳмонд”. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳар гуна таълими динӣ бояд бо иҷозаи ниҳодҳои давлатӣ сурат гирад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG