Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари серфарзанд худро ба оби Вахш партофт, вале наҷот ёфт. ВИДЕО


Рӯди Вахш дар ҳудуди Норак. Ҳодиса инҷо сабт шудааст.
Рӯди Вахш дар ҳудуди Норак. Ҳодиса инҷо сабт шудааст.

Наҷотбахшон  шаҳри Нораки вилояти Хатлон як занеро, ки бо қасди худкушӣ худро ба дарё партофтааст, зинда берун оварданд. Зани 40 сола сокини ноҳияи Данғара ва модари 6 фарзанд будааст. 

Бино ба иттилои масъулини ҳукумати шаҳри Норак ӯ аз Данағара ба ин ҷо омадаву бо қасди худкушӣ худро дар рӯди Вахш партофтааст.

Дилшод Асозода, шаҳрдори Норак рӯзи сеюми август зимни суҳбат дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳодиса нисфирӯзии 3-юми август рух додааст ва наҷотбахшоне, ки назди рӯду кӯлҳо навбатдорӣ мекунанд, тавонистаанд сари вақт занро аз об берун бароранд.

Зан дар суҳбат бо Бахши кор бо занони шаҳри Норак сабаби ин тасмимашро нақл карда, гуфтааст, вақте фаҳмид, ки шавҳараш зани дуюм дорад, қасди ҷони худ кард.

Назари шавҳари зан ва пайвандони ӯ дар ин бора маълум нест. Ҳоло ҳодиса аз сӯйи мақомоти интизомӣ дар шаҳри Норақ таҳқиқ мешавад.

Наҷотбахшони Норак аз худкушии зане ҷилавгирӣ кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Дар ду моҳи ахир ин сеюм ҳолати қасди ҷони худ кардани занон дар вилояти Хатлон аст. Дар ҳодисаи ахир модари 6 фарзанд наҷот ёфт, аммо дар ду ҳолати дигар ин талош бо марги занон анҷом ёфтаву чанд хонаводаро ба мотам нишонд.

Ду ҳафта пеш ҷасади Ҳайриниссо Ҳайдаровари 22-соларо дар оғили хонаи шавҳараш, дар Норак овехта пайдо кардаанд. Мақомоти мегӯянд, омили марги ин зан маълум нашудааст. Пайвандони зан гуфтаанд, сабаби худкушӣ кардани ӯ барои онҳо ҳам муаммо аст.

Ҳодисаи дигари моҳи июни имсол дар деҳаи Пасариқи ноҳияи Дустӣ рух дод. Зани 23-сола ва соҳиби як фарзанд худро оташ зад. Наздиконаш гуфтанд, духтари онҳо нафаҳмида дар Русия бо марде издивоҷ кард, ки аллакай оиладор будааст. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон, ба гуфтаи пайвандон, ӯ мавриди фишори зани аввали шавҳар ва хонаводаи ӯ қарор гирифта, ба худкушӣ даст зад. Додситонӣ шавҳари ӯро боздошт кардааст.

Бино ба ҳисобҳои расмӣ дар якуним соли гузашта дар кишвар бештар аз 430 мавриди худкушӣ ва қасди ҷони худ кардан сабт шудааст. Дар ин миён, 208 нафар заноне будаанд, ки ба истилоҳи мардумӣ аз “зиндагӣ безор” шуда, худкушӣ кардаанд ва ё хостаанд, худро бикушанд.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ қаблан гуфта буд, хушунати оилавӣ, муҳоҷирати тӯлонии ҳамсарону падарон ва вазъи ноустувори моддӣ аз сабабҳои асосии дилсардӣ аз зиндагӣ дониста мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG