Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба мулоқоти Байден даъват шудааст


Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъватнома дарёфт карда, аммо дар ин замина ба хулосае наомадааст. Дар ин бора муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ хабар додааст. Имомӣ гуфтааст, масъала дар ҳоли баррасӣ аст. 

Пештар аз ин Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, ки рӯзи 22 август Сироҷиддин Муҳриддин дар Душанбе бо Гари Питерс, раиси Кумитаи сенати ИМА дар умури амнияти миллӣ ва корҳои ҳукумат дидор дошт.

Ҷонибҳо муносибати тарафайн байни Тоҷикистон ва Амрикоро матраҳ карданд.

Қарор аст рӯзҳои 19 ё 20 сентябр Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико нишасти "Осиёи Марказӣ - Амрико" ("С5+1") бо роҳбарони панҷ кишвари ОМ дар шаҳри Ню-Йорк дидор кунад.

Маҷаллаи "Forbes" рӯзи 18-уми август номаи Байденро ба унвонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев нашр кард, ки дар он ӯ Мирзиёевро ба нишаст даъват кардааст.

Саммит дар рӯзҳои Маҷмаи умумии СММ дар охири моҳи сентябри имсол дар шаҳри Ню-Йорк баргузор хоҳад шуд.

Хабари вохӯрии Ҷо Байден бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки шарики наздики Русия ҳастанд, нигаронии Маскавро ба миён овардааст.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар мусоҳибае гуфт, Ғарб мехоҳад шарикони Маскавро “фиреб карда, водор намояд, ки аз ҳамкорӣ бо Русия худдорӣ кунанд.” Кишварҳои ғарбӣ ҳамеша ин танқидро рад карда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо хостаанд, дар давр задани таҳримҳо ба Русия кӯмак накунанд.

Нишасти "С5+1" аз соли 2015 баргузор мегардад ва ин як маҳфили кориест, ки барои баррасӣ ва ҳамоҳангсозии барномаву нақшаҳои муштарак таъсис шудааст.

Қаблан нишасти мазкур дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони Департаменти давлатии ИМА баргузор мешуд.

Дидору мулоқоти раҳбарони кишварҳои минтақа бо президенти Амрико дар ҳошияи ин нишаст бори аввал аст.

XS
SM
MD
LG