Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Узбекистон бурқапӯшии бонувонро танқид кард


Раиси Идораи мусулмонони Узбекистон, шайх Нуриддин Холиқназаров, дар робита ба бурқапӯшии занон изҳори назар кардааст.

Дар наворе, ки хадамоти матбуотии идора нашр кард, ӯ мегӯяд, дини ислом аз зан талаб накардааст, ки рӯяшро пурра пӯшонад ва ё либоси сиёҳ ба бар кунад.

"Мо дар иҷрои фарҳанги пӯшидани либоси мазҳабӣ аз ҳад зиёд кӯшидаем. Мазҳаби мо ба занон амр намекунад, ки рӯяшонро пӯшонанд. Дар дини мо зебоӣ ва дурӣ ҷустан аз зиёдаравӣ тавсия шудааст", - изҳор доштааст муфтии Узбекистон.

Холиқназаров дар мавриди меъёрҳои пӯшидани либос изҳор дошта, ки "ҳар як миллат анъана ва либоси хоси худро дорад".

"Талаб нашудааст, ки мусулмонон бояд либоси муайян дошта бошанд. Ислом ба тамоми башарият фиристода шудааст. Арабҳо либоси худро ва туркҳо либоси худро доранд. Мусулмонон дар Индонезияву Малайзия либоси худро ва узбекҳо либоси худро мепӯшанд", - афзудааст вай.

Палатаи қонунгузори Узбекистон 5-уми сентябр лоиҳаи қонунеро тасвиб кард ва он барои пӯшонидани рӯй, ки имкон намедиҳад шахс шинохта шавад, ҷарима пешбинӣ кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG