Нашрия 26-уми сентябр хабар дод, ки додгоҳ рӯзноманигор Тинистан Асипбекро муваззаф кардааст, то ба гузориши худ дар бораи "ЭлТР" раддия нашр намояд. Талабҳои дигари телевизион қонеъ нашудаанд.
Рӯзноманигорони "ПолитКлиника" қаблан гуфта буданд, ки оҷонсӣ барои чопи як матлаб дар бораи қарз гирифтани Қирғизистон аз хориҷ барои бахши энергетикии худ ба додгоҳ кашида шуд. Телевизини давлатӣ оҷонсии хабариро ба паҳн кардани иттилои нодуруст айбдор карда, талаб кард, ки 7 миллион сом ҷуброн пардозад.
Ҳамчунин аз муаллифи матлаб Тинистан Асипбек 3 миллион сом пардохти ҷуброни маънавӣ талаб карда шуд.