Як масъули Додгоҳи олӣ 27-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯи тартибот, додгоҳ ду ҳафта парвандаро омӯхта, сипас санаи мурофиаро таъин мекунад. “Аввали моҳи декабр шурӯи мурофиаҳои додгоҳӣ дақиқ хоҳад шуд," -- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ҳанӯз маълум нест, ки мурофиа ба таври бозу ошкор баргузор хоҳад шуд ё паси дарҳои баста.
Додситонии кулли Тоҷикистон 24-уми ноябр дар посухи хаттӣ ба хабаргузории “Азия-Плюс” навиштааст, “пас аз тафтиши пурра ва холисонаи ҳолати кор парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 14 айбдоршаванда, аз ҷумла Саидмуродов Д.Ҳ. (Дилшод Саидмуродов - Р.О) санаи 18.11.2023 бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди олии Тоҷикистон ирсол карда шуд."
Назари шахсони боздоштшуда ва пайвандони онҳо ба рафти тафтишоти пешакӣ маълум нест. Феълан рӯшан нест, ки онҳо ба рафти тафтишоти пешакӣ то куҷо розӣ ҳастанд.
Рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” яке аз қазияҳои пурсарусадо дар соли равон буд. Ба гуфтаи мақомот, Исматуллоевро 23-юми июни имсол аз назди манзилаш дар шаҳри Душанбе рабуда ва баъди шиканҷа ба қатл расониданд.
Мақомот гуфтанд, ҷасади муовини пешини раиси “Ориёнбонк” моҳи август аз дарёи Зарафшон дар минтақаи Саразми Панҷакент пайдо шуд. Ӯро дар Душанбе ба хок супориданд.