Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Толибон: "Ҳадафи мо баргардонидани қудрат ба мардум аст"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Нишасти мухолифони "Толибон" рӯзи 3-юми декабр дар Вена, пойтахти Австрия, баргузор шуд. Ин нишаст аз тарафи Пажӯҳишгоҳи мутолеоти умури байнулмилалии Австрия ташкил шудааст. Нишаст бори севум баргузор мешавад ва се рӯз идома хоҳад кард.

Дар нишаст шуморе аз чеҳраҳои сиёсӣ, мансабдорони пешин, намояндагони ҷараёнҳои мухолифи "Толибон" ва шуморе аз сарпарастҳои намояндагиҳои дипломатии Афғонистон ва аъзои ҷомеаи шаҳрвандии он кишвар иштирок доранд.

Фавзия Кӯфӣ, сиёсатмадор ва фаъоли ҳуқуқи зан, ба Радиои Озодӣ гуфт, "интизор дорем, ки пояҳои як тарҳи пешакии нақшаи сиёсӣ ироа шавад, то дар нишастҳои баъдӣ бо иштироки шумори бештар ин нақша такмил шавад ва ба раванди комил ва қобили қабул ба мардуми Афғонистон табдил гардад. Ҳадафи ниҳоӣ ин аст, ки қудрат ба мардуми Афғонистон баргардонида шавад".

Дар нишасти Вена ҳамчунин шуморе аз мухолифони сиёсии ҳукумати "Толибон" ба шакли маҷозӣ ё онлайнӣ иштирок ва суханронӣ кардаанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, яке аз гурӯҳҳои мухолифи "Толибон", ки дар баъзе аз минтақаҳои Афғонистон муборизаи мусаллаҳона мебарад, рӯзи 3-юми декабр бо нашри эъломияе гуфт, Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳа, дар нишасти Австрия иштирок кардааст.

Алӣ Майсам Назарӣ, масъули робитаҳои хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар шабакаи Х (Твиттери пешин) навишт, ки онҳо барои ба миён омадани як оппозитсияи муттаҳид ва қавӣ баҳс хоҳанд кард ва низ ба дунболи эҷод ва пайгирии як роҳи амалӣ ба сӯи ояндаи демократӣ барои Афғонистон ҳастанд.

Ҳукумати "Толибон" ҳанӯз дар мавриди нишасти Австрия чизе нагуфтааст. Аммо дар вокуниш ба нишастҳои ахири мухолифонашон дар бораи ояндаи сиёсии Афғонистон, ки бо иштироки шуморе аз аъзои гурӯҳҳои мухолифи "Толибон" ва бе ҳузури намояндагони онҳо дар Маскав ва Душанбе баргузор шуда буд, аксуламал нишон доданд.

Шермуҳаммад Аббос Станикзай, муовини вазири корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон", рӯзи шанбе чунин нишастҳоро дар берун аз Афғонистон "ғайриқонунӣ" хонд ва гуфт, ин гуна ҷаласаҳо ба ҳадафи заиф сохтани низом ва кишвар баргузор мешавад.

Ҳамзамон бо афзоиши ҳамлаҳои чирикии нерӯҳои зидди "Толибон", Мулло Муҳаммад Яъқуб, сарпарасти Вазорати дифои ҳукумати "Толибон" охири ҳафтаи гузашта дар маросиме гуфт, "шумо ҳамон тавр тавре ки пештар ба миллат имтиҳонатонро додаед ва шикаст хӯрдед, боз ҳам нияти бад ва иродаи шуми худро ба миллат нишон хоҳед дод".

Ҳамзамон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати "Толибон" гуфтааст, сиёсатмадорони ҳукумати пешин озмоиш шудаанд ва умеде вуҷуд надорад, ки ба хайри Афғонистон тасмиме бигиранд.

Фавзия Кӯфӣ дар посух ба изҳороти мақомҳои Толибон гуфт: "Ҳокимият дар Афғонистон бар асоси фишор ва зӯр бунёд шудааст. Ҳудуди панҷоҳ дарсади аҳолии Афғонистон занонанд ва дар ҳақиқат дар як зиндони хонагӣ ба сар мебаранд. Фикр мекунам, ин иддао, ки кӣ мавриди қабули мардуми Афғонистон ва кӣ қобили қабул нест, нодуруст аст".

Гуруҳи "Толибон" дар моҳи августи соли 2021 ба қудрат дар Афғонистон баргашт. Бо онки ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо ба ҳукумати ҳамашумул, риояи ҳуқуқи башар ва занон таъкид варзидаанд, ҳукумати "Толибон" ба ин хостаҳо таваҷҷуҳе накарда, баръакс иддао дорад, ки ҳамашумул аст ва ҳуқуқи занонро низ дар чаҳорчӯбаи шариат таъмин мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG