Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мушкил чодару ҳиҷоб аст ё..?" Додхоҳии занони Афғонистон дар Душанбе. ВИДЕО


Ваҳид Маҳрамӣ
Ваҳид Маҳрамӣ

Гурӯҳе аз занону духтарони паноҳанда ва муҳоҷири Афғонистон дар Тоҷикистон эътирози худро аз мамнуъ будани кору таҳсил барои ин қишр дар зери ҳокимияти “Толибон” баён карданд. Онҳо ҳафтаи гузашта бо баҳонаи Рӯзи ҷаҳонии омӯзиш дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ҷамъ омаданд.

Ваҳид Маҳрамӣ, узви ҷунбишҳои худҷӯши бонувони Афғонистон алайҳи “Толибон”, гуфт, вазъи занону духтарони Афғонистон душвортар аз он аст, ки то ҳанӯз гузориш дода шудааст. Худи ӯ барои фаъолиятҳояш зиндони “Толибон”-ро таҷриба карда, пас аз моҳҳо таҳдиду таъқиб тавонист ба Тоҷикистон биояд.

“Ду сол мубориза кардам. Дар ҷодаҳои Кобул шиори ҳақ, озодӣ, адолат, нон додем. Борҳо тавассути “Толибон” таҳдид шудем. Дастгир шудаму зиндонро таҷриба кардам. Рӯзҳоеро, ки дар зиндон сипарӣ кардам, бояд бигӯям, ки шиканҷа ва зарбу ситам бисёр буд,” – гуфт ӯ.

Ҳоло Маҳрамӣ, ки бо пуштибонии хонавода ва харҷи шахсии худаш дар Тоҷикистон паноҳанда шудааст, талош дорад додхоҳиро барои ҳуқуқи занони кишвараш идома диҳад.

“Ҷойи таассуф аст, ки ҳеч таваҷҷуҳе то ҳанӯз ба занони Афғонистон сурат нагирифта. На аз тарафи созмонҳои ҳуқуқи башар ва на аз тарафи кишварҳо. Аммо хоҳони ин ҳастам, ки бояд садои мардуму занону духтарони Афғонистонро ба гӯши мардуми ҷаҳон ва созмонҳои боварманд ба ҳуқуқи инсон бирасонем. Бояд ҷилави чунин ифротгароӣ, ҷилави чунин таҳаҷҷур гирифта шавад,” – афзуд ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар Душанбе аз аҳволи бади занон дар Афғонистон гуфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00

Ноҷия Зоҳир, мудири литсейи муҳоҷирону паноҳандаҳои Афғонистон дар Душанбе, дар ин нишаст гуфт, омӯзиш дар тамоми ҷаҳон як амри густардаву муҳим аст, аммо дар зодгоҳи ӯ тамоми дарҳои мактаб ба рӯйи духтарон баста.

“Аз дасти гурӯҳи ҷаҳл дар зеризаминиҳо дарс мехонанд. Аммо раиси ҳамин дарсҳои онлайнро низ дар Кобул дастгир карданд, ки чаро дарси онлайн медиҳед. Ин як нуктаи бисёр заъфи душман аст”, -- мегӯяд Ноҷия Зоҳир.

Баъзе аз чеҳраҳои фаъоли ҳуқуқи зан дар нишаст амалкарди “Толибон”-ро алайҳи занону духтарони Афғонистон баробар ба апартеиди ҷинсиятӣ таъриф карданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки инро ба расмият бишносад.

Амина Ҳамдил
Амина Ҳамдил

Аз ҷумла, Амина Ҳамдил, шоир ва пажӯҳишгар гуфт, “Толибон” дар қадами аввал ҳуқуқи занонро аз дасташон гирифтанду табъизи ҷинсӣ ва мамнуъиятҳои вобаста ба таҳсилу корро ҷорӣ карданд.

“Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозои мо ҳамин аст, ки нисбат ба ҳуқуқи занон ва сарнавишти занон масъулона бархӯрд бикунанд. Саъй кунанд апартеиди ҷинсиро ба расмият бишносанд. То ҳадди ақал занони Афғонистон битавонанд дар оянда нисбат ба сарнавишти худ хушбин бошанд”, - гуфт Ҳамдил.

Бархе дигар аз суханронҳои ин нишаст, маҳрум кардани занону духтарони Афғонистонро аз кору таҳсил ҷузъи барномаҳои фикрии “Толибон” дониста, гуфтанд, ин пешгирӣ аз таълиму тарбияи насли таҳсилкардаву рӯшанфикр аст, ки “муқобила бо ашхоси рӯшанфикр бисёр душвор аст”.

Латифа Шуҷоъ, донишҷӯйи афғонистонӣ дар Душанбе, бо ин иддао, ки феълан занони Афғонистон дар вазъияте нестанд, ки ҳаққи худро аз дасти “Толибон” бигиранд, гуфт дунё масъул аст, ки ба амалкарди онҳо посух бидиҳад.

“Оё ҳамаи мушкилоти Афғонистон ба чодару ҳиҷоби зан вобаста аст, ки тамоми мушкилотро монда омадаанд пушти ин. Барои пӯшиши шахсӣ, ки марбути худи одам мешавад, бояд биравад зиндон ва ба ҳазор мушкили дигар дучор шавад. Оё ин дуруст аст? Аслан дуруст нест. Набояд аз дин истифода кунанд ва сиёсати кӯркӯронаи худро пеш бибаранд,” – гуфт ӯ.

Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар поёни ин нишаст гуфт, “Толибон” танҳо мушкили Афғонистон нестанд. Ӯ бо ишора ба нишасти пешорӯйи 18-19-уми феврали СММ доир ба Афғонистон дар Давҳа аз кишварҳои ҷаҳон хост, сарнавишти Афғонистонро дигар ба бозӣ нагиранд.

Дар Тоҷикистон наздик ба 15 ҳазор муҳоҷиру паноҳанда аз Афғонистон зиндагӣ мекунанд, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Бино ба маълумоти “Ориёно”, иттиҳодияи паноҳандагону муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон, пас аз суқути Афғонистон ба дасти “Толибон” шумори занони паноҳанда зиёд шудааст.

Созмони Милал шаш сол қабл 24-уми январро Рӯзи ҷаҳонии омӯзиш эълом кард. Аммо дар Афғонистон, пас аз ба ҳокмият расидани “Толибон” дар моҳи августи соли 2021 дигар ба духтарони аз синфи 6 ба боло иҷозаи таҳсил дода намешавад ва занону духтарон аз ҳаққи кор низ маҳруманд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG