Фақру камбизоатӣ, бозгашти "Толибон" ба қудрат ва расму суннатҳои қадимиву иртиҷоӣ аз сабабҳои ин мусибати занону модарон дар Афғонистон гуфта мешавад.
Дар маркази вилояти Хусти Афғонистон таваллудхонае аст, ки бонувон аз гӯшаҳои дуру наздики вилоят барои зоймон ба онҷо меоянд. Ба монанди Чаноргул, ки яке аз навзодони дугоникашро натавонистанд, наҷот бидиҳанд.
Ин сокини вилояти Хуст мегӯяд, “яке аз кӯдаконамро наҷот доданд, ҳолаш хуб аст. Ба ман гуфтанд, азбаски оби зиёд рафта буд, духтарам фавтид.”
Шифохонаро муассисаи имдодии Пизишкони бидуни марз мудирият ва кумак мекунад. Масъулони шифохона мегӯянд, аксари модароне, ки ҳангоми зоймон ҷон медиҳанд, онҳоеанд, ки бо таъхир ба бемористон меоянд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Ба гуфтаи Тереза Туйисабингер, раҳбари парасторони таваллудхонаи Хуст, “мушкили азим ин аст, ки беморонро инҷо саривақт намеоранд ва мо дигар қодир нестем, онҳоро аз марг наҷот диҳем. Ҷон бохтани ҳатто як бемор ҳам, барои мо бисёр ғамангез ва дилрешкунанда аст. “
Дар ин таваллудхона 100 парастор барои наҷоти модарону навзодонашон шабу рӯз кор мекунанд. Он ҳам дар Хӯст, вилояти муҳофизакоре, ки дар миёни бархе аз мардум серфарзандӣ мояи ифтихор ба ҳисоб меравад. Мояи ифтихоре, ки баҳояш ҷони модарон аст. Шароит инҷо ба ҳадде сахт аст, ки гоҳо табибон аз миёни навзод ва модар фақат якеро метавонанд наҷот диҳанд.
Исломбибӣ аз муҳоҷиронест, ки чанде пеш аз Покистон ихроҷ шудааст. Ӯ ки сегоник ба дунё овардааст, аз фақру нодорӣ шикоят мекунад. “Дар Покистон будам, ки баъди ташхис ба ман гуфтанд, ки сегоник дорам. Баъдан моро ихроҷ карданд. Мо 40 сол онҷо будем. Вақте инҷо омадам, гуфтам, ин чӣ гуна ҷой аст. Як ҷойи ношинос барои ман. Ҳоло беморам, шавҳарам ҳам пул надорад,”-мегӯяд Исломбибӣ.
Дар Пактиё, вилояти ҳамсоя бо Хӯст ва дар шаҳри Гардез ин таваллудхонаро Кумитаи имдодии Норвегия барои Афғонистон сохтааст. Марказе, ки тамоми кормандону табибонаш занон ҳастанд. Ба беморон ройгон хидмат мерасонад. Дар ин вилоят, махсусан дар манотиқи дурдаст, бисёре аз занон ба сабаби расму анъанаҳои қадима дар хона ва бо кӯмаки доя таваллуд мекунанд.
Насрин Ориёхел, мудири таваллудхонаи Гардез мегӯяд,бисёриҳо ҳамсари худро ба назди табиби мард намефиристанд. Барои ҳамин ба назари ин пизишк, ҳамаи кормандони ин таваллудхона занон ҳастанд.
Кумитаи имдодии Норвегия барои Афғонистон мегӯяд, дар ин кишвар аз миёни ҳар 100 ҳазор зан ҳангоми таваллуд 5 ҳазор нафари онҳо мемиранд.
Созмони Милал мегӯяд, ки дар Афғонистон дар ҳарду соат як модар ҳангоми зоймон ҷон медиҳад. Бароои ҳамин Афғонистон аз назари маргу мири модарон дар ҷаҳон дар яке аз мақомҳои аввал аст.
Гуфтугӯ