Беш аз 40 сол аст, ки ба сабаби низоъҳои дохилӣ мардуми овораи кишвари Афғонистон бузургтарин ҷамъияти дар ҳоли ҷустуҷӯи ҷойи амн дар кишварҳои дигарро ташкил мекунанд.Бино ба иттилои Комиссари олии СММ, аз се ду ҳиссаи аҳолии Афғонистон ба омори соли 2023 ба кӯмакҳои башардӯстона ва ҳимоя ниёз доранд.
Ин аст, ки шаҳрвандони Афғонистон сол то сол ҳар чи бештар барои дарёфти рӯзӣ ба кишварҳои дигар мераванд. Муҳаммад валади Абдулҳамид 21 сол дорад. Вай замоне дар Арабистони Саудӣ ба дунё омадааст, ки падару модараш ҳамчун муҳоҷири корӣ дар инҷо қарор доштанд.
Волидайнаш бинобар мушкилтар шудани роҳҳои тартиб додани санад баргашта ба Афғонистон рафтаанд. Вале Муҳаммад нахост биравад ва дар ҳамин ҷо монд. Ӯ ҳамроҳи додаронаш дар як ошхонае чанд навъи таъом мефурӯшад.
Ният надорад, ки дигар ба ватани падариаш баргардад. Муҳаммад валади Абдулҳамид, шаҳрвандаи афғонтабори Арабистони Саудӣ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯро аз рафтан ба Афғонистон нигарониҳои зиёде бозмедорад: “Қавмпарастӣ хеле зиёд аст. Ба ҳамин хотир дили инсон намешавад, ки дар Афғонистон равад зиндагӣ кунад. Инҷо аз он ҷиҳат хуб аст, ки на қавмпарастӣ ҳаст ва на чизи дигар. Бо қонуни ҳукумат мувофиқ зиндагӣ кунед, ҳамааш саҳҳеҳ аст. Ман ба Афғонистон рафтаам, шаш моҳ истодам, хушам наомад, гашта ба инҷо омадам. Фикр мекунам, ватанам инҷо аст. Аз ватани бобоиям инҷоро зиёд дӯст доштам. Зеро пайдоям инҷост, забону фарҳанг ва мардумашро хуб медонем”.
Дар ҳамин ошхона муҳоҷирони дигари афғонистоние ҳам ҳастанд, ки чанд соли охир омадаву кор мекунанд. Абдулҳаннон валади Абдулрашид аз вилояти Сарипули Афғонистон аст. Ӯ мегӯяд ҳарчанд солҳои пеш бо як илоҷе дар ватанаш кору зиндагӣ мекард, аммо бо тағйир ёфтани авзои сиёсии кишвараш куллан муҳоҷиратро пеша кардааст. Вай дар як ошхонаи шаҳри Макка таоми афғонӣ мепазад.
Абдулҳаннон валади Абдулрашид бо ин ки аз кору даромаде, ки дорад, розӣ аст, боз ҳам мегӯяд: “Маҷбурист. Мо аз маҷбурӣ инҷо омадем. Дар ватан кор надорем. Инҷо кор хуб аст, алҳамдулиллоҳ. Хӯрок медиҳӣ - пул медиҳанд инҷо. Кор мекунем ва ба хона меравему меоем. Ҳамин аст”.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, тақрибан дар аксари шаҳрҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳоҷирон ва ё гурезаҳои Афғонистониро вохӯрдан мумкин аст. Оилаҳое ҳам ҳастанд, ки, ба гуфтаашон, аз ноҳияҳои ҳаммарз бо Афғонистони кишвари Тоҷикистон омадаанд.
Ҳоло 10 узви хонаводаи Абдухалил валади Қуддус дар шаҳри Мадина зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи падари хонавода, аслашон аз ноҳияи Фархори ҷануби Тоҷикистон аст ва дар охири даврони Шӯравӣ тавассути дигар кишварҳо то ба Арибистони Саудӣ расидаанд. Абдухалил ҳамроҳи фарзандонаш дар наздикии Масҷиди Набавӣ чанд мағоза боз карда ва ба тиҷорат машғуланд. Онҳо мегӯянд, дигар баҳонае барои баргашт ба ватанро надоранд.
Абдухалил валади Қуддус чунин нақл кард: “Мо аз Тоҷикистон ба Афғонистон омадем, аз Афғонистон ба Покистон ва аз Покистон ба Мадинаи мунаввара омадем. Инак 35 сол мешавад, ки дар Мадина ҳастем. Дар наздикии марқади муборак. Зиндагӣ ҳамин гуна як рӯз хуб ва як рӯз хароб мегузарад”.
Абдухалил валади Қуддус ҳарчанд зодгоҳашро як деҳаи дурдасти Тоҷикистон мегӯяд, аммо хонаву ҳавливу хешу табораш дар Афғонистон будааст. Худу ҳамсараш тобеияти Афғонистонро доштаанд, вале ҳамаи фарзандонаш дар Мадина таваллуд шудаанд. Ба иттилои сомонаи расмии Комиссари олии СММ оид ба умури паноҳандагон беш аз 8 миллион афғонҳо берун аз кишвар ба сар мебаранд.
Танҳо дар соли 2021 бинобар сабаби тағйири қударт, ин кишварро 1,6 миллион нафар тарк кард. Муҳоҷирони Афғонистонӣ мегӯянд, шояд мусофиратҳои онҳо то замоне тӯл мекашад, ки дилгармие барои баргашт ба ватанро пайдо кунанд. Дар кишварҳои дигар бештар онҳо аз ҳисоби хизматрасонӣ ва ё ҳунармандӣ маблағ ба даст меоранд. Абдулҳаннон валади Абдулрашид, муҳоҷир аз Афғонистон мегӯяд:
“Орзуи мо ҳамин аст, ки Афғонистон ором шавад ва ҳамаш ҷӯр гардад. Кулли чиз агар ҷӯр шавад, мо боз ҳам меравем ба онҷо ва дар ватан кор мекунем. Дар инҷо чӣ кор мекунем. Ин қадар мусофирӣ ҳам намешавад. Мерем ватани худ ва ҳар коре, ки мекунем дар онҷо мекунем ба хайр”.
Муҳаммад валади Абдулҳамид, шаҳрвандаи афғонтабори Арабистони Саудӣ: “Барои Афғонистон орзу дорам, ки сулҳу амният бошад, қавмпарастӣ гум шавад ва ҳамагӣ ҷӯр бошад. Агар ватан ором бошад, чӣ мекунем мусофириро? Ором нест ба ҳамин хотир диламон намешад, ки онҷо зиндагӣ кунем”.
Беш аз 40 сол аст, ки паноҳҷӯёни афғон ҳамчунон яке аз бузургтарин ва тӯлонитарин ҳолатҳои оворашавӣ дар доираи ваколати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагонро ташкил медиҳанд. Шумораи рекордии 28,3 миллион нафар, яъне аз се ду ҳиссаи аҳолии он дар соли 2023 ба кумакҳои башардӯстона ва ҳимоя ниёз доранд.
Ба таъкиди ин созмон, бӯҳрони шадиди башардӯстона дар Афғонистон бадтар шуданро идома медиҳад. Гуфта мешавад, ки 85 дарсади паноҳҷӯёни афғон дар Покистон ва Эрон ба сар мебаранд. Дар соли 2021, ҳодисаҳое, ки ба ишғоли Толибон дар Кобул дар моҳи август мунҷар шуданд, муҳоҷиратро дар саросари кишвар шадидтар карданд. Дар ин кишвар беш аз 3 миллион нафар аз хонаҳои худ маҳрум шудаанд.
Гуфтугӯ