Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Дар кӯрпаҳо сахт печонида нафасгир карданд». Таърихи марги як тоҷик дар зиндоне, ки Навалний даргузашт


Зиндони низомаш сангине, ки дар он Баҳромбек Шарифов ва Алексей Навалний даргузаштанд
Зиндони низомаш сангине, ки дар он Баҳромбек Шарифов ва Алексей Навалний даргузаштанд

Як вебсайти русии таҳқиқотии  «Холод» дар паи сӯҳбат бо зиндониҳои имрӯзаву собиқи маҳбаси № 3 дар деҳаи Харпи минтақаи Ямало-Ненетск маълум кардааст, ки ду сол пеш як зиндонии тоҷики  ин маҳбасро то мурданаш шиканҷа кардаанд.

Баҳромбек Шарифов 43 сол дошт ва бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. «Холод» дар паи сӯҳбат бо зиндониҳое, ки бо Баҳромбек ҳамроҳ дар маҳбас буданд, навиштааст, ки маъмурият ӯро «як шахси нофармон барои режими маҳбас» арзёбӣ мекард, бисёр вақт шиканҷаву азият медод ва дар ниҳоят, кушта шуд.

Ин нашрия маълум кардааст, ки Баҳромбекро аввал латукӯбу шиканҷа дода, даступояшро бастанд ва дар чанд қабат кӯрпа печонида, бо скотч маҳкам карданд. Ин шахс нафасгир шуда даргузашт.

Баъди маргаш маъмурият талошт кардааст, ки инро чун худкушӣ намоиш диҳад. Панҷ корманди зиндонро барои марги Баҳромбек бо иттиҳоми «расонидани зарари ҷисмоние, ки боиси ҳалокати инсон шуд» ва «баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ» ба ҷавобгарӣ кашиданд.

«Холод» маълум кардааст, ки шиканҷае, ки аз он марди тоҷик даргузашт, як таҷрибаи маъмулӣ дар зиндони Харп мебошад ва ҳодисаҳои монанд ба ин зиёд рух додааст. Баъзе наздикони маҳбусони дар ин зиндон солҳои 2016 а 2017 ҷондода гуфтаанд, ки то ҳол сабаби марги азизонашонро нагуфтаанд.

Рӯзи 16 феврал мақомоти идораи зиндонҳои Русия гуфт, ки Алексей Навалний, як раҳбари мухолифони Русия дар ҳамин зиндон даргузашт. То ҳол сабаби расмии марги ӯ ошкор намешавад ва ба модараш ҳам иҷоза намедиҳанд, ки ҷасади писарашро гирифта ба хок супорад. Тарафдоронаш бовар доранд, ки ӯро куштанд.

Ӯ 47 сол дошт ва барои фаъолиятҳои сиёсиаш, ки ба қавли мунаққидони Кремл, мояи асабонияти президент Владимир Путин шудааст, ба 19 соли зиндон маҳкум шуд. Алексей Навалнийро маҳбуси сиёсӣ меноманд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG