Идибек Нусратови 35-сола рӯзи 7-уми март дар суҳбати видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз он ки мақомот шикояташро ҷиддӣ нагирифтанд, мехоҳад ҳодисаро ба матбуот нақл кунад. Ҳарчанд, ба гуфтааш, ифшои ин роз осон нест.
"Ба ду ҳамсояи ҷавонам қарз дода будам. Онҳо маро ба суҳбат даъват карданд. Фикр кардам, пулро бармегардонанд, аммо заданд ва телефонамро гирифтанд. Даҳону дасту поямро бастанду заданд. Маъюбам карданд," – нақл кард ӯ.
Вай мегӯяд, дар натиҷаи латукӯб узви таносулаш осеб дид ва ба ин сабаб пизишкон моядонашро ҷарроҳӣ кардаанд: "Як муддат дар хона муолиҷа гирифтам, фикр кардам, ки беҳ мешавад, аммо нашуд. Ҳамроҳи модарам ба бемористони Қарияи Боло рафтем. Пизишкон диданд. Гуфтам, изи сигарет ҳаст, милисаро даъват кунед. Накарданд."
Идибек Нусратов мегӯяд, барои он латукӯб шуд, ки қарзи додаашро аз ду ҳамсояи ҷавонаш талаб кард. Ба қавли ӯ, ба онҳо 20 ҳазор рубли русӣ дод ва то ҳоло онро пас гирифта наметавонад.
Тарафи дигари қазия инро рад кард. Раҳмоналӣ Фахриддинов, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 7-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, гапҳои Идибек нисбат ба ӯ "беасос аст".
"Ягон бор аз ӯ қарз нагирифтам. Ин масъаларо дар назди мардум исбот карда натавонист. Кадоме ӯро задааст, ба гардани мо зад. Ариза навишт, ба шуъбаи корҳои дохилӣ рафтем, онҷо ҳам исбот карда натавонист. Ягон бор ҳамроҳи ин одам на ҷанг кардем, на даст бардоштем. Туҳмат мекунад. Мехоҳам мақомот барои ин туҳматҳояш нисбат ба ӯ чора андешанд," – гуфт ӯ.
Идибек ва Раҳмоналӣ дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Синои пойтахт зиндагӣ мекунанд. Милисаи маҳаллӣ гуфт, аз шикояти Идибек Нусратов хабар дорад ва “ҳангоми таҳқиқ исботи худро наёфт”. Нозир дақиқ посух надод, ки ҷароҳати бадани даъвогар аз куҷост, аммо дар суҳбати бидуни сабт таъкид кард, ки "вазъи рӯҳиву равонияш чандон хуб нест".
Пизишкони бемористони Қарияи Боло гуфтанд, асаби мард "каме хароб шудааст", вале аз лиҳози равонӣ "мушкили ҷиддӣ надорад".
Дар беморхона таъкид намуданд, ки Идибекро бо шикояти латукӯб ва осеб дидани моядон қабул карда, табобат кардаанд. Ба гуфтаи пизишкон, "шикояти ӯ дар мавриди олоти таносулаш ба асаб рабт дошта, ӯ набояд худро дар ҳолати афсурдагии зиёд қарор диҳад".
Идибек Нусратов ба ин хулосаи табибон розӣ нест ва пофишорӣ дорад, ки латукӯб ва осеби дидааш ӯро ба чунин ҳол расондааст. Ин сокини Душанбе дар мавриди латукӯб шудан хулосаи пизишкӣ надорад, зеро ба гуфтааш, "он шабу рӯз вазъи саломатӣ хуб набуд ва дар манзил табобат мегирифтам".
Вай соҳиби се фарзанд аст ва ҳоло дар ҷое кор намекунад. Дар гузашта дар муҳоҷирати корӣ дар Русия будааст. Ҳоло аз вазъи саломаташ нигарон аст ва мехоҳад латукӯби ӯ мунсифона таҳқиқ шавад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: