Хонаводааш бар асоси як навори дурбини назоратӣ бовар доштанд, ки ӯ дар дарёи Сир ғарқ шуда буд ва ҷустуҷӯяш беш аз як моҳ идома дошт.
Имомхатиб Абдуҳафиз Аҳадов ҳангоми дафни ӯ гуфт: “Аз рӯзе, ки мусибат ба сари ин хонадон омад, аз дӯстону пайвандону аҳли маҳалла дар паҳлӯи Саидаъзамхон истоданд. Бисёр талош карданд, шабу рӯз заҳмат кашиданд, то ба Узбекистон рафта, дар кофтукобаш бетараф набуданд.”
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 13-уми март дар эъломияе гуфт, маъмурони наҷоти Узбекистон ҷасади Сафияхонро “дар соҳили канали Мирзочӯли Ҷанубӣ” ёфтаанд. Ин канал аз ҳудуди шаҳри Ширини вилояти Сирдарё мегузарад.
Дар Идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд гуфтанд, даҳ рӯз пеш ба унвонии Кумитаи ҳолатҳои изтирории Узбекистон нома фиристода буданд, то дар ёфтани ҷасади навраси тоҷик мадад кунанд.
Рӯзи пайдо гардидани наврас пайвандонаш дар сӯҳбати телефонӣ гуфтанд, ки ӯро аз либосаш шинохтаанд. Аммо дар рӯзи дафн омода нашуданд, дар назди дурбин сӯҳбат кунанд.
Сафияхон Раҳматова рӯзи 7-уми феврали имсол нопадид шуд. Сабти дурбинҳои назоратӣ бори охир ӯро дар кӯчаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд нишон дод. Дар ин кӯча ҳавлии Раҳматовҳо ҷойгир аст ва дар рӯбарӯи он дарёи Сир мегузарад.
Аъзамхон Раҳматов, падари Сафияхон, аз аввал ба ин бовар буд, ки духтараш ғарқ шудааст. Бо дархости ӯ ҷустуҷӯро дар дарёи Сир идома доданд, вале маъмурони наҷот ҳар дафъа мегуфтанд, ки нишоне аз ӯ наёфтанд. Дар ин байн акс ва хабари гум шудани духтарчаи нуҳсола дар шабакаҳои иҷтимоӣ дареғ ва ғамшарикии ҳазорон нафарро ба миён оварда буд.
Ғарқ шудани сокинон дар дарёи Сир ё Сайҳун ҳодисаи нав нест. Танҳо дар соли 2023 панҷоҳу панҷ мавриди ғарқшавӣ сабт шудааст. Дар ин миён 19 нафар ноболиғ будаанд. Ҳанӯз чор ҷасад пайдо нашудааст.
Видеоро дар инҷо бинед: