Сабабаш ин аст, ки аз соли оянда ҷумҳурӣ бояд пули "евробондҳо" ва бахше аз вомҳои додаи "Эксимбонк"-и Чинро баргардонад. Яъне, фурсати бозгардони қарзҳо фаро мерасад ва ин харҷ сол то сол бузургтар хоҳад шуд.
Агар Тоҷикистон ҳар сол барои бозгардондани қарзи хориҷӣ ва баҳра (фоиз)-и онҳо зиёда аз 200 миллион доллар харҷ дошт, ин рақам дар соли оянда ба беш аз 473 миллион доллар хоҳад расид. Дар соли 2026 ба тақрибан 498 миллион доллар баробар мешавад.
Коршиносони мустақил аз ҳоло дар бораи вазнин шудани ҳоли буҷети давлатӣ суҳбат мекунанд, вале намояндагони давлат ба гузашту сабукиҳо умед доранд.
“Евробондҳо”-и Ҷамолиддин Нуралиев
Тоҷикистон дар соли 2017 барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба ним миллиард доллар “евробонд” фурӯхт. Ба муҳлати даҳ сол ва бо баҳраи солонаи беш аз 7-дарсадӣ. Мақомот мегӯянд, ин пулро бояд дар се соли оянда баргардонанд.
Бар асоси “Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Тоҷикистон”, ки Радиои Озодӣ нусхаашро рӯзи 14-уми март дид, “вазифаи аввалиндараҷаи Вазорати молия” ин аст, ки барои бозпас додани пули “евробонд” маблағ ёбад.
“Ҷалби қарзи берунии боимтиёз бо тавсияи шарикони рушд” яке аз интихоби мақомот барои бозпас додани пули “евробондҳо” будааст. Фурӯши евробондҳои Тоҷикистон як комёбии Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вақти раиси Бонки миллӣ ва домоди президенти Тоҷикистон тавсиф мешуд. Ҳарчанд Бонки Осиёии Рушд дар соли 2018 гуфт, пардохти фоиз ё баҳраи “евробондҳо” ба иқтисоди Тоҷикистон гаронӣ мекунад.
Рӯзноманигор Абдулло Ашӯров мавзӯи фурӯши “евробондҳо”-ро аз аввал пайгирӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳафт дарсад баҳраи солона гарон аст ва аз аввал эҳтимол мерафт, ки бозгардондани пули “евробондҳо” сарбории буҷети Тоҷикистонро зиёд мекунад.
“Ҳамон замон мутахассисон тавсия медоданд, ки кишвар бояд қарзҳои боимтиёз гирад, ки баҳраи солонаи он на бештар аз ду дарсад бошад,” -- афзуд рӯзноманигор.
Чин боз имтиёз медиҳад?
Танҳо пули “евробондҳо” нест, ки масъулияти Тоҷикистонро барои пардохтани қарзи хориҷӣ зиёд кардааст. Вазорати молия мегӯяд, дар соли 2025 “давраи боимтиёзи як қатор қарзҳои Эксимбонки Чин” низ ба анҷом мерасад.
“Эксимбонк” қарздиҳандаи калонтарин ба Тоҷикистон аст. Душанбе аз ин бонки чинӣ тақрибан як миллиард доллар қарз дорад. Шарту шароити қарзи Чин ошкор карда намешавад.
Бо вуҷуди нигарониҳо аз қарзҳои ҳангуфти Чин, коршиносони наздик ба мақомот мегӯянд, дар ҳолати зарурӣ Пекин метавонад ба Душанбе сабукӣ диҳад. Баҳром Шарифов, кормади Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, бар ин аст, ки Чин одатан барои пардохтани қарз боз метавонад қарзи имтиёздор диҳад.
“Вақте як давлат бо давлати дигар ҳамкорӣ мекунад, манфиатдор нест, ки ҳамкораш ба дефолт ё муфлисшавӣ рӯбарӯ гардад. Агар мо пардохт накунем, онҳо бояд фонд ташкил кунанд. Муҳлатро дигар мекунанд, сифати сандуқи қарзии онҳо беҳтар мешавад,” -- бовар дорад ӯ.
Қарзҳои бебаркаши Чин пештар ҳам нигарониҳоеро ба миён оварда буданд. Мақомот ҳамвора гуфтаанд, ки масъала ҷойи нигаронӣ надорад. Расонаҳои ҷаҳонӣ намунаи Шри Ланкаро пеш меоранд, ки дар ивази қарзҳо корхонаву бандарҳояшро дар ихтиёри Чин гузошт.
“Ислоҳоти иқтисодӣ бояд идома ёбад”
Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода дар моҳи феврал гуфт, қарзи хориҷии Тоҷикистон то аввали соли 2024 ба се милиларду дусад милилон доллар расидааст. Ба гуфтаи вазир, дар пардохти қарзи хориҷӣ дер намекунанд.
Аммо баъзе аз коршиносон мегӯянд, бо якбора зиёд шудани пардохти қарзи хориҷӣ дар солҳои 2025 ва 2026 сарбории буҷет зиёд мешавад ва мақомот бояд аз ҳоло дар фикри чораи масъала бошанд.
Шореҳи иқтисодӣ Нур Сафаров гуфт, гирифтани қарз аз кишварҳои хориҷӣ ё созмонҳои молии ҷаҳонӣ таҷрибаи маъмул аст, аммо қарзи Тоҷикистон бояд ба он андозае бошад, ки буҷет гирифтории сарбории зиёд нашавад.
“Дар навбати аввал пардохтани қарзи Чин дар солҳои наздик ба буҷети Тоҷикистон фишори ҷиддӣ меорад. Ҳукуматро зарур аст, ки ислоҳотро дар бахши иқтисод давом диҳад, чун буҷети ҳозира на танҳо аз рӯйи пардохти қарзи хориҷӣ, балки аз ҳисоби тарҳҳои дигари давлатӣ низ зери фишор мемонад. Дар ҳолати пеш омадани чунин вазъ, қабл аз ҳама бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф зарар мебинанд,” -- таъкид кард ӯ.
Тоҷикистон ҳар сол барои пур кардани буҷет аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ қарзу грант (маблағи бебозгашт) мегирад. Аз ҷумла, соли 2024 Тоҷикистон талош дорад барои пур кардани каср ё камомади буҷет аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ беш аз 60 миллион доллар дарёфт кунад.
Қарзу грантҳое, ки ба гуфтаи мақомот ва созмонҳои молии ҷаҳонӣ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон муҳим аст. Ҳарчанд бархе бовар доранд, ин пулҳо кишварро ба истилоҳ “тайёрхӯр” ва вобастаи кишвару созмонҳо мекунанд.