Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ним сол дар "шароити ғайриинсонӣ". Талаби озодии Алсу Қурмашева


Алсу Қурмашева
Алсу Қурмашева

Созмони байнулмилалии Хабарнигорони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) мақомоти Русияро барои ним сол дар "шароити ғайриинсонӣ" нигаҳ доштани рӯзноманигори Радиои Озодӣ Алсу Қурмашева танқид кард. Қурмашева аз 18-уми октябри соли 2023 дар боздошт аст.

Хабарнигорони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) дар баёнияе рӯзи 18-уми апрел аз вазъи саломатии ӯ ибрози нигаронӣ карда, озодии фаврӣ ва бе қайду шарташро аз Русия талаб намуд.

Қурмашева рӯзи 1-уми апрели имсол дар Додгоҳи шаҳри Қазон кӯтоҳ ба хабарнигорон гуфт, ки "ҳуҷра барои ду нафар ҳамагӣ панҷ метри мураббаъ аст. Оби гарм нест... Ба ҷойи ҳоҷатхона фаршро сӯрох кардаанд. Деворҳо фарсудаанд, эҳтимол ним аср боз таъмирро надидаанд."

Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) инро "шароити ғайриинсонӣ" ва "таҳқиркунандаи шаъну эътибор" номид.

Алсу Қурмашева аз лаҳзаи боздошт то ҳоло натавонистааст, ки бо шавҳар, модари пиру бемор ва фарзандони 12 ва 15-солааш гап бизанад. Ҳукумати Русия ҳамчунин дархости батакрори ӯро барои муроҷиат ба консулгарии Амрико рад намуд. Ӯ шаҳрвандии Амрикоро низ дорад.

"Радди дастрасӣ ба ёрии консулгарии Амрико нақзи дағалонаи Конвенсияи Вена дар бораи равобити консулӣ (VCCR) аст," -- гуфта шудааст дар эъломияи Хабарнигорони Бидуни Марз (Reporters Without Borders).

Масъулони созмони байнулмилалӣ аз ҳукумати Амрико низ даъват кардаанд, ки талошҳояшро барои раҳоии Алсу Қурмашева бештар кунад.

RWB бори дигар озодии Алсу Қурмашеваро талаб кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Алсу Қурмашева, ки дар қароргоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага кор карда, соҳиби шаҳрвандии дугонаи Русия ва Амрико аст, аз моҳи октябри соли 2023 боз дар Боздоштгоҳ аст. Вай моҳи майи соли 2023 бо зарурати оҷили хонаводагӣ ба Қазон рафта буд.

Аввал барои он ки шиносномаи амрикоиашро дар ниҳодҳои Русия сабтином накард, 10 ҳазор рубл (муодили 103 доллари амрикоӣ) ҷарима бастанд.

Сипас, 18-уми октябри соли 2023, дар шаҳри Қазон дастгир карда, барои сабти ном нашуданаш ҳамчун "агенти хориҷӣ" ва "дурӯғпароканӣ дар бораи артиши Русия" муттаҳам намуданд. Иттиҳоми аввал панҷ сол ва иттиҳоми дувум даҳ сол зиндонро дар назар дорад.

Алсу Қурмашева ва Радиои Озодӣ ин иттиҳомҳоро рад карда, гуфтаанд, Маскав ӯро барои фаъолияти рӯзноманигорӣ ҷазо медиҳад.

XS
SM
MD
LG