Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти алоқа: Интернет гарон нест, баҳогузорӣ ғайривоқеист


Бинои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Бинои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

​​​​​​​Хадамоти алоқаи Тоҷикистон баҳогузории як ширкати бритониёӣ дар мавриди нархи гарони интернет дар Тоҷикистонро ғайривоқеӣ унвон кард.

Хадамоти бритониёии Broadband Genie рӯзи 17-уми апрел дар гузориши Шохиси дастрасӣ ба додаҳои мобилӣ ё Mobile Data Affordability Index Тоҷикистонро дар миёни 179 кишвар дар ҷойи 163 қарор додааст. Ин ниҳод нархи интернети мобилиро вобаста ба даромади миёнаи аҳолӣ ҳисоб кардааст, ки дар Тоҷикистон як муштарӣ барои 10 GB интернет 13,77 доллар масраф мекунад

Интернет дар Афғонистон аз Тоҷикистон арзонтар аст

Бахтовар Сафаров, масъули дафтари матбуоти Хадамоти алоқа мегӯяд, муаллифони пажӯҳиш бо ин ниҳод ҳамкорӣ накардаанд ва “нишондодҳое, ки зикр шудаанд, ба воқеият дар Тоҷикистон мутобиқат намекунад.”

“Хадамоти алоқа бо масъулияти комил иброз медорад, ки ягон оператори мобилӣ ва провайдери интернетӣ на барои интернети мобилӣ ва на барои интернети хонагӣ бо арзиши 13,77 доллар ё ҳудуди 150 сомонӣ интернет пешниҳод намекунад. Мо аз нашри ҳаргуна маводи носанҷидаву носаҳеҳ, ки боиси халадор шудани рушди бомароми алоқа мегарданд, изҳори таассуф мекунем,”—гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Нархи интернетро дар Тоҷикистон хеле боло гуфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:02 0:00

Broadband Genie гуфтааст, ки ин радабандиро дар асоси назарпурсӣ миёни беш аз 70 ҳазор сокини ин кишварҳо дар таносуб ба даромади миёнаи аҳолӣ таҳия кардааст. Ин ширкат даромади миёнаи аҳолии Тоҷикистонро $ 170 баровард кардааст, ки 8 дарсади он барои хариди интернети мобилӣ масраф мешавад. Бино ба ҳисоби ин ниҳод интернет дар Афғонистони ҷангзада нисбат ба Тоҷикистон арзонтар будааст. Афғонистон дар ин радабанди мақоми 161-умро дорад.

Ширкатҳои мобилӣ розӣ нестанд?

Аммо ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон низ $ 13,77 ҳисоб шудани 10 GB интернетро ғайривоқеӣ медонанд.

Хилватшо Маҳмуд, коршиноси ширкати Тcell ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкати онҳо дар 7 моҳи охир арзиши интернетро то 40 дар сад пойин овардааст.

“Нархе, ки дар таҳқиқот барои Тоҷикистон омадааст, ҳадди аққал се маротиба баландтар аст. Дар ҳоли ҳозир дар ширкати мо 10 GB интернет ба таври собит ҳудуди 50-51 сомонӣ арзиш дорад. Яъне агар ба сомонӣ ҳисоб кунем як GB интерне 4,9 -5 сомонӣ арзиш дорад,”-- мегӯяд ин масъули Тcell.

Бахтиёр Мирзораҳимов, роҳбари шуъбаи кор бо мизоҷони ширкати Zet-Mobile низ мегӯяд дар ин гузориш бозори мобилии Тоҷикистон ба таври бояду шояд омӯхта нашудааст.

“Агар гирем соли 2023 моҳи майро, барои як GB як муштарии мо 7,5 сомонӣ пардохт мекард, акнун дар аввали имсол 2,5 сомонӣ ва ҳоло иқдомҳое дорем, ки муштарӣ бар ивази 100 сомонӣ 100 GB мегирад, ки барои ҳар як GB як сомонӣ мешавад,”--ҳисоб мекунад Мирзораҳимов.

Масъулони ширкатҳои мобилии “Мегафон”, “Анор” ва “О-mobile” ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо як GB интернетро мутаносибан аз 1 то 7 сомонӣ мефурӯшанд.

Бо вуҷуди пойфишории ширкатҳои мухобиротӣ ба гарон набудани арзиши интернет, дар Тоҷикистон мардум аз гаронӣ ва сифати он шикоят доранд. Дар ду соли ахир Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёмҳояш аз суръату арзиши интернет нигаронӣ мекунад.

Аммо Холиқназар Ҷумаев, сухангӯйи ширкати “Вавилон-Мобайл” мегӯяд, онҳо ҳангоми нархгузорӣ имконоти шаҳрвандонро ба инобат мегиранд.

“Бо хадамоти гуногун, аз ҷумла Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи аслӣ муайян карда мешавад ва пасон нархи ниҳоӣ. Барои ҳамин фикр мекунам, интернети мо, алоқаи мо барои муштариёни мо он қадар гарон нест,”-- афзуд ин масъули ширкати мухобиротӣ.

"Гапи Mobile Data дурӯғ нест"

Сарфи назар аз мавқеи Хадамоти алоқа ва норизоятии ширкатҳои мухобиротӣ, коршинсон мегӯянд, баҳогузории Mobile Data Affordability Index зиёд ғайривоқеӣ нест.

Рустам Гулов, коршиноси фановариҳои иттилоотӣ мегӯяд, “намешавад гуфт, ки ин сирф дурӯғ аст ё сирф рост аст, чунки ин як нишондиҳандаи миёна аст, аммо арзиши интернет дар умум дар Тоҷикистон гарон аст.»

“Албатта гарон аст. Гап дар сари он меравад, ки ҳамин бозори борақобате, ки буд ва то ҳамин монополияи давлатӣ сохтанашонро то як дараҷа ҳам рушд мекарду нарх ҳам паст мешуд, айни замон мутассифона ин гуна шароит нест, ки ширкатҳо дар бозори борақобат рушд кунанду нархи арзонтарро пешниҳод кунанд,”-таъкид кард Гулов.

Арзиши гарон ва суръати номуносиби интернет дар Тоҷикистон ҳамеша аз сӯйи муштариён ва созмонҳои байналмилалӣ интиқод мешавад. Фурӯши интернет дар Тоҷикистон беш аз 10-соли ахир дар инҳисори ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” аст, ки ширкатҳои дигар ҳаққи мустақилона ворид кардани онро надоранд. Танҳо дар соли 2024 ба ду ширкат иҷоза додаа шудааст, ки қисман интернетро мустақиман ворид кунанд.

Тоҷикистон дар ин рейтинги дастрасӣ ба интернети мобилӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин қарор дорад. Ҳамчунин тибқи рейтинги Worldwide mobile data pricing, дар моҳи августи соли 2023 Тоҷикистон аз рӯйи арзиши интернет дар миёни 237 давлат ҷойи 142-юмро гирифта буд. Дар оғози соли 2024 дар радабандии Speedtest Global Index низ Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар панҷгонаи охирин, ҷойи 139 миёни 143 кишвар қарор дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG