Шоми 25 ба 26-уми май садҳо нафар дар “Кохи Рӯдакӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар консерти ин ҳунарманд ширкат кардаанд.
Пас аз солҳо бори аввал аст, ки ӯ дар як муассисаи давлатӣ дар назди ҳаводоронаш сурудхонӣ мекунад.
Шабнами Сураё дар оғози консерташ гуфт, “Худоро шукр мегӯям, ки ба дидори ҳаводоронам расидам.”
Шарифа, як сокини шаҳри Хуҷанд гуфт, ки бештар сурудҳои Шабнамро аз шабакаҳои иҷтимоӣ гуш мекунад ва баргузории консерташро солҳо интизор буд.
Дар толор на фақат сокинони шаҳру навоҳии Суғд, балки аз дигар манотиқи Тоҷикистон ва берун аз он низ ҳузур доштанд.
Нино Хасаян, эълони консертро дар интернет хонда, ҳамроҳи духтараш аз Гурҷистон ба Хуҷанд омадааст. Ӯ мегӯяд, даҳ сол боз сурудҳои Шабнамро гуш мекунад. “Самимӣ аст. Рақсу ҳаракатҳо ва сурудҳое, ки ба мардум пешниҳод мекунад, аз таҳти дил аст. Ҳатто забонашро нафаҳмем ҳам, барои мо хеле ҷолиб аст. Хеле дӯсташ медорем,”—гуфт ӯ.
Видеорои инҷо тамошо кунед:
Шабнам, духтари овозхон Сурайё Қосимова ибтидои солҳои 2000-ум бо пайравӣ аз модараш вориди саҳнаи ҳунар шуд. Дар ибтидо сурудаҳои ӯ дар телевизионҳои давлатӣ нашр мешуд ва худаш дар чорабиниҳои ҳукуматӣ дар назди мақомдорон суруд мехонд. Даҳ соли ахир ҳузури ӯ дар телевизионҳои давлатӣ дида намешавад. Худаш инро шарҳ намедиҳад, вале ҷонибдоронаш мегӯянд, телевизионҳои давлатӣ “рӯйхати сиёҳ” доранд, ки агар овозхоне аз нигоҳи онҳо “иштибоҳи сиёсӣ” кунад, ба саҳнаҳои давлатӣ роҳ намеёбад. Мақомот будани чунин рӯйхатро рад мекунанд.
Насим Абдуллозода, рӯзноманигор аз Шабнам чун як сарояндаи соҳибистеъдод тавсиф мекунад. “Беҳуда намегӯянд, ки истеъдодро сохта намешавад, балки онро Худованд медиҳад. Дар ҳақиқат Шабнам аз хурдсолӣ истеъдод ва хусусияти фарқкунандаи санъати худро муаррифӣ кардааст. Ин ҳама албатта аз модараш ба ӯ гузаштааст. Фарқи ҳунари он ҳамин аст, ки овози ғайриоддӣ дорад ва мусиқии замонавиро интихоб мекунад. Ба он ҷомаи миллӣ мепушонад. Барои ҳамин ӯро натанҳо дар Тоҷикистон, балки мардумони Осиёи Марказӣ ва берун аз он низ дӯст медоранд,”—гуфт ӯ.
Замоне, ки Шабнами Сурайё ба саҳнаҳои расмӣ дар Тоҷикистон роҳ намеёфт, ӯ бештар дар хориҷ аз кишвар консерт баргузор мекард. Моҳи декабри соли 2023 гурӯҳе аз ҳаводоронаш дар Олмон шикоят карданд, ки Шабнам онҳоро фиреб кард ва дар консерте, ки бояд дар шаҳри Кёлни Олмон баргузор мешуд, ҳузур пайдо накард.
Масъулони баргузории барнома, ширкати “Нордик Энтертеймент” ва Шабнам баргузор нашудани консертро шарҳ надоданд. Ҳанӯз ҳам аксари онҳое, ки билет харида буданд, мегӯянд, дигар пулашонро натавонистанд пас бигиранд.
Шабнамро доираи васеъи тамошобинон дар Тоҷикистон аз оғози солҳои 2000-ум тавассути телевизиони давлатӣ шинохтанд. Соли 2006 ӯ бо иҷрои таронаи "То туро дидам" дар ҷашнвораи мусиқии “Садои Осиё” дар Алматои Қазоқистон дар хотирҳо монд ва соле баъд дар озмуни мусиқии "Овозхони нави Осиё" дар Шонгҳойи Чин ҷоизаи "Маҳбуби бинандагон"-ро ба даст овард. Солҳои баъдӣ яке аз иштирокдорони доимии ҷоизаи мусиқии форсизабонони Big Apple Music Awards дар Амрикову Олмон шудааст.
Гуфтугӯ