Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин ҷуфти даври 1/8-ниҳоии қаҳрамонии Аврупо-2024 муайян шуд: Италия - Швейтсария


Рӯзи 24-уми июн дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ идома ёфт. Дар гурӯҳи «В» ду бозӣ баргузор шуд.

Дастаҳои мунтахаби Испания ва Албания дар шаҳри Дюссельдорф рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба суди испаниҳо анҷом ёфт. Голи ягонаро Ферран Торрес дар дақиқаи 13-ум зад.

Ҳамзамон дар шаҳри Лейпсиг тимҳои миллии Италия ва Хорватия вориди рақобат шуданд. Ин бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Дар дақиқаи 55-ум капитан ё сарвони мунтахаби Хорватия Лука Модрич ҳисобро кушод. Футболбози 38-сола куҳансолтарин голзан дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо гардид.

Дарвоқеъ, як дақиқа қабл аз задани гол Модрич тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонида натавонист, зарбаи ӯро дарвозабони итолиёӣ Ҷанлуиҷи Доннарумма баргардонд.

Дар дақиқаи ҳаштуми замони ҷуброншуда ба қисми дувуми бозӣ ҳисобро Маттиа Дзаккани баробар кард.

Ҳамин тариқ, ҷойи аввалро дар гурӯҳи “В” тими Испания бо 9 имтиёз соҳиб шуд. Мунтахаби Италия бо 4 имтиёз ҷойи дувумро гирифт ва ҳарду даста ба даври плей-оффи Аврупо-2024 роҳ ёфтанд.

Дастаи Хорватия, ки бо 2 имтиёз севум шуд, имкони баромадан ба плей-оффи мусобиқотро нигоҳ медорад, албаниҳо бо як имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шуданд.

Бар асоси натоиҷи бозиҳо аввалин ҷуфти даври 1/8-ниҳоии қаҳрамонии Аврупо-2024 муайян гардид. 29-уми июн дар Берлин мунтахаби Италия муқобили Швейтсария бозӣ мекунад.

Қаблан дастаҳои мунтахаби Олмон, Испания ва Португалия ба плей-офф баромада буданд, аммо рақибони онҳо дар даври 1/8-ниҳоӣ дертар маълум хоҳанд шуд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи A

1. Олмон — 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо 8:2)

2. Швейтсария — 5 (5:3)

3. Венгрия (Маҷористон) — 3 (2:5)

4. Шотландия — 1 (2:7)

Олмон ва Швейтсария ба плей-офф баромаданд.

Гурӯҳи B

1. Испания — 9 (5:0)

2. Италия — 4 (3:3)

3. Хорватия — 2 (3:6)

4. Албания — 1 (3:5)

Испания ва Италия ба плей-офф баромаданд.

Гурӯҳи C

1. Англия — 4 (2:1)

2. Дания — 2 (2:2)

3. Словения — 2 (2:2)

4. Сербия — 1 (1:2)

Даври севум: Англия — Словения, Дания — Сербия

Гурӯҳи D

1. Ҳолланд — 4 (2:1)

2. Фаронса — 4 (1:0)

3. Австрия — 3 (3:2)

4. Полша (Лаҳистон) — 0 (2:5)

Даври севум: Ҳолланд — Австрия, Фаронса — Полша

Гурӯҳи E

1. Руминия — 3 (3:2)

2. Белгия — 3 (2:1)

3. Словакия — 3 (2:2)

4. Украина — 3 (2:4)

Даври севум: Словакия — Руминия, Украина — Белгия

Гурӯҳи F

1. Португалия — 6 (5:1)

2. Туркия — 3 (3:4)

3. Чехия — 1 (2:3)

4. Гурҷистон — 1 (2:4)

Португалия ба плей-офф баромад.

Даври севум: Чехия — Туркия, Гурҷистон — Португалия

Дар қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон 24 тими миллӣ иштирок дорад. Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи нишондҳояшон хубтари ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ҳамин тариқ, то ҳоло панҷ дастаи мунтахаб – Олмон ва Швейтсария аз гурӯҳи А, Испания ва Италия аз гурӯҳи В, Португалия аз гурӯҳи F - ба плей-офф баромадаанд.

Бозии ниҳоии қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон 14-уми июл дар шаҳри Берлин баргузор мешавад.

Қаҳрамонии футболи Аврупо-2024

Таркиби гурӯҳҳо:

Гурӯҳи A: Олмон, Шотландия, Венгрия (Маҷористон), Швейтсария.

Гурӯҳи B: Испания, Хорватия, Италия, Албания.

Гурӯҳи C: Словения, Дания, Сербия, Англия.

Гурӯҳи D: Полша (Лаҳистон), Ҳолланд, Австрия, Фаронса.

Гурӯҳи E: Украина, Белгия, Словакия, Руминия.

Гурӯҳи F: Гурҷистон, Туркия, Португалия, Чехия.

ДАВРИ АВВАЛ

Гурӯҳи А, Олмон – Шотландия – 5:1

Гурӯҳи A, Венгрия – Швейтсария – 1:3

Гурӯҳи B, Испания – Хорватия – 3:0

Гурӯҳи B, Италия – Албания – 2:1

Гурӯҳи D, Полша – Ҳолланд – 1:2

Гурӯҳи C, Словения – Дания – 1:1

Гурӯҳи С, Сербия – Англия – 0:1

Гурӯҳи E, Руминия – Украина – 3:0

Гурӯҳи E, Белгия – Словакия – 0:1

Гурӯҳи D, Австрия – Фаронса – 0:1

Гурӯҳи F, Туркия – Гурҷистон – 3:1

Гурӯҳи F, Португалия – Чехия – 2:1

ДАВРИ ДУВУМ

Гурӯҳи B, Хорватия – Албания – 2:2

Гурӯҳи A, Олмон – Венгрия – 2:0

Гурӯҳи A, Шотландия – Швейтсария – 1:1

Гурӯҳи C, Словения – Сербия – 1:1

Гурӯҳи C, Дания – Англия – 1:1

Гурӯҳи B, Испания – Италия – 1:0

Гурӯҳи E, Словакия – Украина – 1:2

Гурӯҳи D, Полша – Австрия – 1:3

Гурӯҳи D, Ҳолланд - Фаронса – 0:0

Гурӯҳи F, Гурҷистон – Чехия – 1:1

Гурӯҳи F, Туркия – Португалия – 0:3

Гурӯҳи E, Белгия - Руминия – 1:0

ДАВРИ СЕВУМ

Гурӯҳи A, Швейтсария – Олмон – 1:1

Гурӯҳи A, Шотландия – Венгрия – 0:1

Гурӯҳи B, Хорватия – Италия – 1:1

Гурӯҳи B, Албания – Испания – 0:1

25 июн, сешанбе:

Гурӯҳи D, 20:45, Ҳолланд - Австрия

Гурӯҳи D, 20:45, Фаронса - Полша

Гурӯҳи C, 23:45, Англия - Словения

Гурӯҳи C, 23:45, Дания - Сербия

26 июн, чоршанбе:

Гурӯҳи E, 20:45, Словакия - Руминия

Гурӯҳи E, 20:45, Украина - Белгия

Гурӯҳи F, 23:45, Чехия - Туркия

Гурӯҳи F, 23:45, Гурҷистон - Португалия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG