Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон ба таътили тобистона баромаданд


Рӯзҳои 28-30-юми июн бозиҳои даври дувоздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Бозии даври дувоздаҳуми мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб байни дастаҳои “Равшан” ва «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ба суди мизбонон ба поён расид.

“Хуҷанд” дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дастаи “Эсхата”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. “Вахш”-и Бохтар дар майдони худ ба “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Дар ду бозии дигари даври дувоздаҳум миёни дастаҳои КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе - “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ ва “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ - “Ҳосилот”-и Фархор ҳисоб 0:0 шуд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот қаҳрамони феълии Тоҷикистон “Истиқлол” бо 33 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. «Истиқлол» ягона дастаест, ки бохт надорад, инчунин як бозӣ камтар кардааст.

КМВА, ки дар мавсими соли равон танҳо як бор ба бохт мувоҷеҳ шудааст, бо 25 имтиёз зинаи дувумро ишғол намудааст. Дастаи “Хуҷанд” бо 22 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Дастаҳои “Барқчӣ” ва “Кӯктош” бо 5-имтиёзӣ дар ҷадвали мусобиқот дар ду зинаи охирин мавқеъ доранд.

Бояд зикр намуд, ки ба ҷуз аз варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияи Фархор, майдонҳои дигар барои баргузории бозиҳои лигаи олӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Бинобар ин, бозиҳои хонагии дастаҳои КМВА, “Истаравшан”, “Панҷшер” ва “Кӯктош” дар варзишгоҳҳои дигар баргузор мешаванд, ки ин ҳолат боиси нигаронии мухлисонашон мегардад.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои лигаи олӣ таътили тобистона фаро расид, ки тақрибан як моҳ идома хоҳад кард.

Нимаи дувуми мавсим бо аввалин бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024, ки рӯзҳои 27, 28 ва 29-уми июл баргузор мешавад, оғоз меёбад.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024

Лигаи олӣ

Даври 12-ум

«Вахш» – «Регар-ТадАЗ» – 1:0

Гол: Салоҳиддин Эргашев, 59.

Аз пеналти гол зада натавонист: Худойдод Узоқов («Вахш»), 27 – дарвозабон тӯбро баргардонд.

Аз майдон хориҷ шуд: Осуман Кассим («Регар-ТадАЗ»), 90+2 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Салоҳиддин Эргашев («Вахш»).

Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).

28 июн. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 1200 тамошогар.

«Равшан» – «Барқчӣ» – 2:1

Голҳо: Холмурод Назаров, 5 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 36 (2:0). Меҳрубон Ҳамидов, 54 (2:1).

Аз пеналти гол зада натавонист: Нозим Бобоҷонов («Равшан»), 65 – дарвозабон тӯбро баргардонд.

Беҳтарин бозигари дидор: Холмурод Назаров («Равшан»).

Сардовар: Наврӯз Воҳидов (Вахш).

28 июн. Кӯлоб. Варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена». 11 100 тамошогар

«Эсхата» – «Хуҷанд» – 0:2

Голҳо: Исломҷон Тошпулотов, 43 (0:1). Артём Сердюк, 50 (0:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Тони Бикатал («Хуҷанд»), 81 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Исломҷон Тошпулотов («Хуҷанд»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

29 июн. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1200 тамошогар.

«Кӯктош» – «Ҳосилот» – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Алекс Гиямфи («Кӯктош»).

Сардовар: Қурбонмурод Шарипов (Ҳисор).

29 июн. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошогар.

КМВА – «Панҷшер» – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Равшанҷон Азизов («Панҷшер»).

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).

30 июн. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 350 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол»

11

11

0

0

39-5

33

2

КМВА

12

7

4

1

18-7

25

3

«Хуҷанд»

12

6

4

2

16-8

22

4

«Регар-ТадАЗ»

12

6

2

4

11-8

20

5

«Равшан»

12

5

5

42

14-10

20

6

«Эсхата»

12

5

2

5

18-19

17

7

«Ҳосилот»

12

4

4

4

16-13

16

8

«Вахш»

12

5

0

7

13-15

15

9

Истаравшан»

11

3

3

5

12-15

12

10

«Панҷшер»

12

2

2

8

8-20

8

11

«Барқчӣ»

12

1

2

9

12-30

5

12

«Кӯктош»

12

1

2

9

4-31

5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 гол, Элеке Чибуеке Блессинг («Истиқлол»), Артём Сердюк («Хуҷанд»), Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата») 6-голӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Шериддин Бобоев («Ҳосилот»),– 5-голӣ, Бахтиёр Зарипов, Нозим Бобоҷонов (Равшан”), Эммануэл Квадво Фримпонг («Регар-ТадАЗ»), Исломҷон Тошпулотов (“Хуҷанд”) – 4-голӣ.

Ҷоми Тоҷикистон-2024

1/8 финал. Бозиҳои аввал

27, 28, 29 июл

Ҷоми Тоҷикистон-2024

1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

2, 3, 4 август

Даври 13-ум

9 август (ҷумъа)

Оғози бозиҳосоати 19:00

«Барқчӣ» – «Истаравшан»

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

10 август (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 19:00

«Вахш» – «Истиқлол»

«Ҳосилот» – «Хуҷанд»

11 август (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 19:00

КМВА – «Эсхата»

«Панҷшер» – «Равшан»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG