Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Испания ба финали қаҳрамонии Аврупо роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби Испания, ки дар даври ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон тими миллии Фаронсаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба финал баромад.

Бозӣ миёни тимҳои миллии Испания ва Фаронса шаби 9-уми июл дар Мюнхен баргузор шуд. Голҳои мунтахаби Испанияро Ламин Ямал дар дақиқаи 21‑ум ва Даниэл Олмо дар дақиқаи 25-ум ба самар расониданд. Голи фаронсавиҳоро Рандал Коло-Муани дар дақиқаи 9-ум зад.

Ямал аз ҳама ҷавонтарин бозигарест, ки дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо гол задааст. Ӯ дар синни 16 ва 362 рӯз ба ин комёбӣ даст ёфт. Дастоварди пешин ба швейтсарӣ Йоҳан Фонлантен марбут аст (18 солу 141 рӯз) дар қаҳрамонии Аврупо‑2004.

Инчунин Ямал рекорди футболбози машҳури бразилӣ Пелеро (17 солу 244 рӯз) нав кард. Вай аз ҳама бозигари ҷавон мебошад, ки дар нимфинали ин мусобиқоти байналмилалӣ ширкат варзидааст.

Испаниҳо бори панҷум дар финали қаҳрамонии Аврупо бозӣ мекунанд. Мунтахаби Испания се маротиба (1964, 2008, 2012) медалҳои тилло ва як бор (1984) медалҳои нуқра гирифтааст.

Фаронсавиҳо бошанд, бори дувум дар таърих (1996, 2024) медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупоро ба даст оварданд. Ҳамчунин тими миллии Фаронса ду бор медалҳои тилло (1984, 2000) ва як маротиба (2016) медалҳои нуқраи мусобиқотро соҳиб шудааст..

Дар бозии дувуми нимфиналии қаҳрамонии Аврупо дар Олмон 10-уми июл дастаҳои мунтахаби Англия ва Нидерланд рақобат мекунанд.

Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби Италия, Дания, Словакия, Гурҷистон, Белгия, Словения, Руминия, Австрия, Олмон, Португалия, Швейтсария, Туркия ва Фаронса, ки дар плей-офф ноком шуданд, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо дар Олмон рӯзи якшанбеи 14-уми июл бо бозии ниҳоӣ дар Берлин ба поён мерасад.

Қаҳрамонии Аврупо-2024. Марҳилаи ниҳоӣ.

Нимфинал

Испания – Фаронса – 2:1 (2:1)

Голҳо: Ямал, 2, Олмо, 25 — Коло-Муани, 9.

Нишонзанҳои қаҳрамонии Аврупо-2024:

Коди Гакпо (Нидерланд) – 3 гол

Ҷамол Мусиала (Олмон) – 3 гол

Даниэл Олмо (Испания) – 3 гол

Иван Шранс (Словакия) – 3 гол

Жорж Микаутадзе (Гурҷистон) – 3 гол (2 – аз пеналти)

Ҷуд Беллингем (Англия) – 2 гол

Флориан Виртс (Олмон) – 2 гол

Мерих Демирал – 2 гол

Ҳарри Кейн (Англия) – 2 гол

Мален Дониелл (Нидерланд) – 2 гол

Руис Фабиан (Испания) – 2 гол

Никлас Фюллкруг (Олмон) – 2 гол

Брел Эмболо (Швейтсария) – 2 гол

Рэзван Марин (Руминия) – 2 гол (1 – аз пеналти)

Кай Ҳавертс (Олмон) – 2 гол (2 – аз пеналти)

1/8 финал

Швейтсария — Италия – 2:0

Олмон — Дания – 2:0

Англия — Словакия – 2:1

Испания — Гурҷистон – 4:1

Фаронса — Белгия – 1:0

Португалия — Словения – 0:0 (аз рӯи силсилаи пеналти - 3:0)

Руминия —Нидерланд (Ҳолланд) – 0:1

Австрия — Туркия – 1:2

1/4 финал

Испания – Олмон – 2:1

Португалия – Фаронса – 0:0 (аз рӯи силсилаи пеналти - 3:5)

Англия – Швейтсария – 1:1 (аз рӯи силсилаи пеналти – 5:3)

Нидерланд – Туркия – 2:1

1/2 финал

Испания – Фаронса – 2:1

10-уми июл (чоршанбе)

1/2 финал, Англия – Нидерланд, 23:45 (бо вақти Душанбе)

14-уми июл (якшанбе)

ФИНАЛ

Испания – ғолиби бозии дувуми нимфиналӣ: Англия/Нидерланд, 23:45 (бо вақти Душанбе).

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG