Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Тилисм”-и Раҳмон. Нигоҳе аз Варшава ба аксҳои “ҳозиру нозир”-и раиси ҷумҳури Тоҷикистон


Яке аз аксҳои Эмомалӣ Раҳмон дар як муассисаи давлатӣ.
Яке аз аксҳои Эмомалӣ Раҳмон дар як муассисаи давлатӣ.

Муҳаммадшарифи Абдуллоҳ, Варшава

Биноеро, ки ҳоло бахши рӯзноманигории Донишгоҳи Варшава ҷойгир асту ман яке аз донишомӯзонаш ҳастам, дар соли 1835 сохтаанд.

Ҳар гоҳ ба аксҳои дохили синф менигарам. Бештар тасвири қаҳрамонҳо ва офарандагони филмҳои ҳуҷҷатист. Тахассусе, ки ҳоло ману ҳамдарсонам аз худ мекунем. Якбора ҳолати аҷибе маро фаро мегирад ва суоле зеҳнамро машғул медорад, ки чаро дар ин ҷо акси раисҷумҳури Лаҳистон (Полша) ва парчаму қаҳрамонҳои миллӣ нест? Натанҳо дар ин утоқ, балки дар тамоми донишгоҳ. Танҳо акси хурде аз нишони давлатии Лаҳистон, ки аз асри 10 мондааст, овезону бас.

Ҳангоми мактабхониям дар Тоҷикистон акси президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар рӯ ба рӯи ману ҳамсинфонам буд. Аксашро дар ҷойи аз ҳама намоёни утоқи дарсхонӣ меовехтанд. Дақиқтараш дар болои тахтаи синф.

Сурати ӯ аз ҷониби аккоси моҳир гирифта шуда, дертар хуб рангубор ёфтааст, то раисҷумҳурро дар ҳолати беҳтарин намоиш диҳад. Ин ҳам аз аҷоибиҳои акс аст, ки касеро ё чизеро дар нақши муайян сабт мекунад ва дигар ҳамонгуна "тилисм" шуда мемонад.

Дар аксҳои Раҳмон низ тамоми кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то аз ӯ шахсияти идеалӣ рӯнамоӣ кунанд. Бо табассум, абрӯвони ғафси якто моил ба боло ва дигарӣ моил ба поин, мӯйи сари сиёҳ, то ҷавону ҷаззоб битобад, аммо чолҳо як кам сафед гузошта мешаванд, ки ӯро ҳамчун марди ҳакиму ботаҷриба муаррифӣ кунанд.

Агар он аксҳоро таҳлил кунем, дақиқан мешавад гуфт, ки дар тасвири Раҳмон ҳама меъёрҳои зебоӣ, ки завқи авом онро мешиносад, ба инобат гирифта мешаванд.

Зуҳури "шоҳаншоҳ"

Болои аспароба, бо либосҳои ороишёфта аз тило ва сангҳои дигари гаронбаҳо ва гузар аз хиёбоне, ки дар ду тарафаш мардум ҷамъ омадаву ба пеши пояш гул мепошанд. Дар охири роҳ қаср ҳаст. Чунин саҳнаро ҳама дар филмҳо дидаанд. Медонанд, ки ин зуҳури шоҳаншоҳ (император) аст.

Айнан ҳамингуна Ридли Скотт дар филми "Гладиатор" саҳнаи пас аз пирӯзӣ дар ҷанг ва нишастан ба тахти қаҳрамони манфии ин филм Коммодусро нишон дод. Ин афсона ба воқеият табдил ёфт ва ҳоло касе тасаввур намекунад, ки шоир, олим, нависанда ё мансабдори дараҷаи дуюм бо чунин саҳнае зуҳур кунад. Ҳатто на президент! Танҳо шоҳаншоҳ!

Ҳамингуна саҳнаро пас аз интихоботи соли 2013 барои Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сохтанд. Зуҳуре, ки аз аввал то охираш рамзу роз дошт. Зуҳуре, ки ба ҳама мегуфт, ӯ кист. Зуҳуре, ки фаҳмидаҳо фаҳмиданд ва нақшаи ояндаашонро бо ин воқеият аз нав гирифтанд. Нафаҳмидаҳо ва ё касоне, ки нахостанд бифаҳманд, дигар дар кишвар барояшон ҷой намонд.

Он замон Эмомалӣ Раҳмон болои "Бентли", бо нишону гарданбанди тило танҳо як чиз мегуфт: "ман арбоб ҳастам". Дар он зуҳур ҳеч рамзе аз Тоҷикистон ё барои Тоҷикистон набуд. Аммо паём буд барои тоҷику тоҷикистонӣ, ки ӯ чӣ гуна кишварро мебинаду мехоҳад бисозад.

Баъд чӣ?

Тасаввур кунед, як корманди давлатӣ, ки дар утоқи кориаш акси Эмомалӣ Раҳмон овезон аст, ба кӣ вобаста хоҳад шуд – ба миллату давлат ё танҳо раисҷумҳур? Оё чунин ҳолат бо мурури замон ба аз даст рафтани истиқлоли фикрӣ ва шахсиятии ӯ мусоидат нахоҳад кард? Дар умум акси роҳбарон дар кишварҳои ғайриозод чӣ мазмун ва чӣ пайомад доранд?

Парастиши шахсият

Пайваста дидани аксҳои роҳбар дар тамоми ҷойҳо метавонад ба парастиши шахсият сабаб гардад. Ин парастиш маънои онро дорад, ки роҳбар ҳамчун як шахси тавоно, боҳуш ва боэътибор дар зеҳнҳои мардум ҷо мешавад. Мардум ба ин шахс ба монанди як ҳомӣ ва раҳнамои бебаҳо менигаранд ва эътиқодро ба ӯ ҷузъи муҳими ҳаёти худ мешуморанд.

Назорат ва тарс

Будани аксҳои роҳбар дар ҷойҳои намоён эҳсоси доимии назоратро нигоҳ медорад. Кормандон ва шаҳрвандон ҳис мекунанд, ки ҳамеша зери назоратанд ва ин метавонад онҳоро ба тарс андозад ва рафтори онҳоро мувофиқи меъёрҳои таъйинкардаи ҳукумат тағйир диҳад. Ин тарс метавонад ба ҷилавгирии изҳори андешаи озод ва мухолифати сиёсӣ оварда расонад.

Адами истиқлоли фикрӣ

Ҳар рӯз дидани акси роҳбар метавонад истиқлоли фикрӣ ва шахсии кормандони давлатиро аз онҳо бигирад. Онҳо ба ҷойи андешидан ва рафтори мустақилона, ба фикру андешаҳои роҳбар вобаста мешаванд ва камтар омода мешаванд, ки дар бораи масоили муҳим ба таври мустақил фикр кунанд ё ба онҳо муқобилат варзанд.

Эҷоди ваҳдат ва вафодории дурӯғин

Ҳарчанд аксҳои роҳбарон метавонанд иллюзияи ваҳдат ва вафодорӣ эҷод кунанд, ин як навъ ваҳдат ва вафодории маҷбурӣ ва олуда ба тарс аст. Дар шароите, ки идеологияи давлатӣ ва садоқат ба роҳбар нақши марказӣ мебозад, будани аксҳо бисёр муҳим аст.

Фишори равонӣ ба мухолифон

Аксҳои роҳбарон инчунин як навъ фишори равонӣ болои мухолифон ва норозиён ҳастанд. Ҳамеша дидани симои роҳбар метавонад ба он бирасонад, ки одамон норозоятии худро пинҳон бикунанд ва аз мубориза барои тағйирот худдорӣ кунанд.

Хулоса

Акси роҳбарон дар кишварҳои ғайриозод натанҳо як воситаи ороишӣ, балки як василаи қавии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа аст. Ин тадбирҳо дар ниҳоят сабаби ваҳдати таҳмилӣ миёни ҷомеа хоҳад шуд. Ҷомеаи зоҳиран содиқ ва тобеъ ба роҳбар ва ҳукумат. Дар чунин ҳолат касе пайи тағйиру хости мардуму ормонҳояш хоҳад буд?

Аз идора: Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG