Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чингизхон - қаҳрамони миллӣ ё хунхортарин сарлашкар?


Барои cохтани муҷассама 250 тонна фӯлод сарф шудааст.
Барои cохтани муҷассама 250 тонна фӯлод сарф шудааст.

Дар Муғулистон пайкараи азиме вуҷуд дорад, ки мардуми он кишвар саъй мекунанд, дар тӯли зиндагии худ камаш як бор онро бубинанд.

Он ҳам пайкараи Чингизхон, сарлашкари маъруфи асри XIII, ки қаҳрамони миллии Муғулистон эълон шудааст, вале дар Тоҷикистон то кунун аз номи ӯ ҳарос доранду ба бадӣ ёд мекунанд.

Муҷассамаи ғӯлпайкар ва фӯлодини Чингизхон дар яке аз ноҳияҳои канори шаҳри Улан-Батор пойтахти Муғулистон 40 метр баланд аст ва бузургтарин муҷассамаи раҳбари маъруфи муғулҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Барои бунёди муҷассамаи азими қаҳрамони миллии Муғулистон 250 тонна фӯлод сарф шудааст. Саёҳон метавонанд, бо зинапоя то ба гардани асп боло раванду манзараи атрофро тамошо кунанд.

Таърихи кӯтоҳашро Ойнурдене Батулга, мудири ширкати саёҳии Таърихи махфии муғулҳо. чунин нақл мекунад:

“Муҷассамаи Чингизхони савора дар маҳалли Тсонйин Болдог дар вилояти Тов ҷойгир аст. Муҷассамаро соли 2008 ва ба муносибати 800-солагии таъсиси императории муғулҳо сохтанд. Ривоят мекунанд, ки Чингизхон соли 1177 бо бародаронаш аз инҷо мегузашт ва тозиёнае пайдо кард. Пайдо кардани тозиёна барои муғулҳо аломати хушиқболӣ ба ҳисоб меравад. “

Муҷассамаи бузурги Чингизхон дар Муғулистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Дар зери муҷассама осорхонаи зиндагии Чингизхон ва мағозаи армуғонфурӯшӣ сохтаанд. Ӯ дар асри 13 бо тохтутози зиёд як императории азиме таъсис дод, ки ворисонаш то ба Аврупову Ховари Миёна густариш доданд. Чинро ҳам тақрибан сад сол фармонравоӣ карданд.

Ойнурдене Батулга, мудири ширкати саёҳии Таърихи махфии муғулҳо: “Чингизхон императории муғулғҳоро таъсис дод, ки дуввумин императории бузург дар ҷаҳон буд. Яке аз намоёнтарин шахсиятҳои таърихӣ дар ҷаҳон аст. Барои мо муғулҳо бахше аз ҳуввияти мост. Ба фикри ман, на танҳо барои мо муғулҳо, балки барои онҳое, ки худро аз табори муғулҳо мешуморанд.”

Бисёре аз муғулҳо мекӯшанд, дар тӯли зиндагии худ, ками андар кам як бор муҷассамаи Чингизхонро бубинанд. Баръакси Муғулистон, дар Тоҷикистон Чингизхонро ҷаллоди хунхоре медонанд, ки дар асри 13 ҳангоми тохтутози лашкараш дар қаламравҳои Эрону Осиёи Марказӣ, фалокати азиме ба сари мардумони он омадааст. Масалан тасвири ӯ дар китоби дарсии адабиёти тоҷик барои синфи 9 чунин аст, “Чингизхон дар таърихи башарият, хунхортарин, ҷаллодтарин ва ғосибтарин сарлашкар гузаштааст.”

XS
SM
MD
LG