Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар қазияи "Крокус" эҳтимол гумонбарони нав пайдо мешаванд"


Расонаҳои русӣ навиштаанд, Муҳаммад Шарифзода гуноҳашро қисман эътироф кардааст
Расонаҳои русӣ навиштаанд, Муҳаммад Шарифзода гуноҳашро қисман эътироф кардааст

Дар робита ба ҳамла ба толори консертии "Крокус", мумкин аст номи гумонбарони нав эълон шавад. Ин хабарро Оҷонсии ТАСС баъди шинос шудан бо маводҳои парванда нашр кардааст.

Ба иттилои манбаъ, яке аз гумонбарон Муҳаммад Шарифзода розӣ шудааст, ки бо тафтишот ҳамкорӣ кунад. Ин шаҳрванди Тоҷикистон моҳи апрели имсол боздошт шуд. Ахиран додгоҳ ҳабси ӯро то моҳи ноябр тамдид кард.

“Тафтишот ба хулосае расид, ки агар Муҳаммад Шарифзода дар озодӣ бошад, метавонад пинҳонӣ аз мақомот амалҳои ҷиноиро идома диҳад. Шарифзода мумкин аст, бо дигар шариконаш тамос гирифта, далелҳоро, ки то ҳол пурра ҷамъбаст нашудаанд, нобуд созад,"-навиштааст ин расонаи русӣ.

Дар ҳоле, ки назари Муҳаммад Шарифзода ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест, ТАСС навиштааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон гуноҳашро қисман эътироф кардааст. "Шарифзода омодагиашро барои ҳамкорӣ бо тафтишот баён кардааст,"-омадааст дар хабари Оҷонсии ТАСС.

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи Маскав рӯзи 19-уми август муҳлати боздошти Лутфуллои Назирмад, Ҷумъахон Қурбонов, Ёқубҷон Юсуфзода ва Муҳаммад Шарифзодаро то се моҳ тамдид карда буд.

Дар робита ба ҳамла ба толори «Крокус» 14 зодаи Тоҷикистон боздошт шудаанд. Баъзе аз онҳо худро бегуноҳ гуфта, аз қарори ҳабсашон шикоят карданд.

Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд. То кунун беш аз даҳ нафар, бо гумони даст доштан дар ин ҳамла ба ҳабс гирифта шудаанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, баъди ин ҳамла аҳволашон дар Русия бадтар шуд.

XS
SM
MD
LG