Нишасти роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ+Олмон, қарор аст дар шаҳри Остона баргузор шавад. Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон ҳам дар ин вохӯрӣ ширкат мекунад.
Созмони маъруфи Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз Шолтс хост, дар “сафари таърихиаш” ба Осиёи Марказӣ бо панҷ раҳбари минтақа дар бораи риояи ҳуқуқи инсон суҳбат кунад."