Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Квота барои шираи камол дар Тоҷикистон. Иҷозатномаро ба кӣ медиҳанд?


Шираи камол. Акс аз бойгонӣ
Шираи камол. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон меъёр ё квота барои ҷамъоварии шираи камол ва ширинбия - ду гиёҳи нодирро дар соли 2025 тасдиқ кардааст.

Бар асоси фармоиши ҳукумат, имсол барои ҷамъоварии 80 тонна шираи камол ва ҳазор тонна ширинбия иҷозат дода мешавад. Ҷамъоварии ин гиёҳҳои нодир танҳо ба онҳое иҷозат дода мешавад, ки аз он дар дохили ҷумҳурӣ маҳсулот тайёр кунанд. Шираи камол ва ширинбия асосан дар саноати доруворӣ истифода мешавад.

Дар фармоиши ҳукумат зикр нашудааст, ки соли 2025 ба кадом ширкатҳо ҳаққи ҷамъоварии шираи камол ва ширинбия дода мешавад. Ҳукумат инро ба салоҳияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист гузоштааст. Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазифадор шудаанд, ки барои “ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол ва решаи ширинбия чораҳои дахлдор андешанд.”

Ҷамъоварии шираи камол то соли 2020 дар ихтиёри ширкатҳои “Фароз” ва “Мину фарм” буд. “Фароз” ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, ки соли 2020 эълон кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Ҳарчанд таҳқиқоти журналистӣ нишон додаанд, ки ин ширкат ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Соли 2019 даҳҳо тан аз коргарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки бар асоси қарордод ба ширкати маъруфи “Фароз” шираи камол мефурӯхтаанд, дар назди идораи ширкат ҷамъ омада, хостори бознигарии қарордодҳояшон шуда буданд. Аммо мақомот баъзе аз ин коргаронро ҳабс карданд.

“Шираи камол”, ки аз рустаниҳои шифобахш ба ҳисоб меравад, барои истеҳсоли доруҳои гуногун истифода мешавад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ талаботи зиёд ва қимати баланд дорад. Дар ҳоли ҳозир дар 11 ноҳияи Тоҷикистон майдонҳои шираи камол вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар ноҳияи Данғара, Ёвон,Темурмалик, Ҳисор, Фархор, Панҷ, Вахш, Хуросон, Рудакӣ, Турсунзода ва Шаҳринав.

XS
SM
MD
LG