Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб шуд


Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аз тими Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 3:5 (замони асосӣ – 2:2) шикаст хӯрд.

Бозии даври чорякниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ 14-уми апрел дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, дар варзишгоҳи “Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал”, доир шуд.

Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Нимаи аввали дидор бидуни гол ба поён расид. Дар нимаи дуюми бозӣ Леонг Ҳёнг-Унг, бозигари мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, дар дақиқаи 67-ум ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро Муҳаммад Назриев дар дақиқаи 83-юм ба самар расонд. Баъди ду дақиқа Абдулло Иброҳимзода голи дуюми мунтахаби Тоҷикистонро зад. Ким Ҷи-Сионг голи дуюми кореягиҳоро дар охири бозӣ (90+9) аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид кард.

Ғолиб аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти муайян карда шуд. Дар иҷрои ин кор футболбозони навраси кореягӣ маҳорати баланд зоҳир намуда, бо ҳисоби 5:3 ғолиб гардиданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2025 чаҳор бозӣ доир кард. Қаблан наврасони тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар дастаҳои Уммон (2:1) ва Эрон (3:1) пирӯз шуда, аз тими Кореяи Шимолӣ (0:3) шикаст хӯрда буданд.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, гуфт, “мо дар Ҷоми Осиё-2025 дар муддати даҳ рӯз бо дастаҳои мунтахаби Уммон, Кореяи Шимолӣ, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ чаҳор бозии душвор гузаронидем. Мақсад доштем ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат бигирем ва хушҳолем, ки ба ин ҳадафи худ расидем. Ҳамакнун ба қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон, ки аз 5-ум то 27-уми ноябри имсол дар Қатар доир мегардад, омодагӣ мебинем.»

Пеш аз бозии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ, дар бозии сеюми даври чорякниҳоӣ 14-уми апрел дар Ҷидда, дар варзишгоҳи Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити Холл”, бозӣ миёни дастаҳои наврасони Индонезия ва Кореяи Шимолӣ баргузор шуда, бо ҳисоби бузурги 6:0 ба суди кореягиҳо ба анҷом расид.

Ду бозии аввали даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 рӯзи якшанбеи 13-уми апрел доир гардида буд. Дастаи наврасони Узбекистон бар тими Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Дар бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Арабистони Саудӣ замони асосӣ бо ҳисоби мусовӣӣ 2:2 хотима ёфт. Аз рӯи силсилазарбаҳои 11-метрӣ ё пеналти футболбозони навраси Саудӣ бо ҳисоби 3:2 ғолиб гардиданд.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ ба нимфинал баромаданд. Дар даври ниманиҳоӣ 17-уми апрел Узбекистон бо Кореяи Шимолӣ ва Арабистони Саудӣ бо Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар таърихи худ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан наврасони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (соли 2007) ва Бразилия (соли 2019) ширкат карда буданд.

Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17)

Чорякфинал

13-уми апрел (якшанбе)

Ҷопон - Арабистони Саудӣ – 2:2 ( 2:3 – аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти)

Узбекистон - Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – 3:1

14-уми апрел (душанбе)

Индонезия – Кореяи Шимолӣ – 0:6

Тоҷикистон - Кореяи Ҷанубӣ – 2:2 (3:5 - аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти)

Голҳо: Муҳаммад Назриев, 83, Абдулло Иброҳимзода, 85 – Леонг Ҳёнг-Унг, 67, Ким Ҷи-Сионг, 90+9.

Голҳо аз силсилазарбаҳои пеналтӣ: Зариф Зарифзода, Аҳмадҷон Шоев, Назрулло Ашурализода – Ким Йи Гён, Ким Ҷи-Сионг, Ким Ун-Сёнг, Со Ён Ву, Ку Ҳён Бин.

Нимфинал

17-уми апрел (панҷшанбе)

17:00 (19:00 бо вақти Душанбе). Арабистони Саудӣ - Кореяи Ҷанубӣ

Таиф. Okaz stadium

20:15 (22:15 бо вақти Душанбе). Узбекистон - Кореяи Шимолӣ

Таиф. Варзишгоҳи “Шоҳ Фаҳд Спортс Сити”

XS
SM
MD
LG