Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар паёми идонаи худ дар робита ба Иди Фитр гуфтааст, сӯистифода аз дини Ислом ва ҳуқуқи динӣ оқибатҳои нохуб дорад ва тоҷикон набояд фирефтаи нерӯҳои дохиливу хориҷии экстремистӣ шаванд.
Дар паёми идонаи Раҳмонов омадааст, имрӯз маҳофили манфиатдор дар сатҳи байналмилалӣ муғризона зуҳуроти зиддинсонӣ ба мисли терроризм ва экстремизмро ба дини Ислом пайванд медиҳанд, то симои ин дини покро, ки ба башардӯстӣ даъват мекунад, доғдор намоянд.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, барои он ки ҳақиқати Ислом ва бепоягии айбгузориҳо ба он собит шавад, кишварҳои мусулмонӣ бояд қаламравҳои худро аз ҳар гуна унсурҳои экстремистиву террористӣ пок кунанд.
Иди Фитрро мусулмонони Тоҷикистон ба фарқ аз иддае аз кишварҳои мусулмонӣ рӯзи 14 ноябр таҷлил мекунанд.
Тоҳири Сафар, Душанбе