Муаллиф Етан Виленски-Ланфорд гузориши худро бо тасвири ибодати яҳудиён дар рӯзи шанбе дар канисои (синагогаи) нимахаробшудаи пойтахти Тоҷикистон шурӯъ кардааст. Ӯ менависад, дар пасманзари дуохонии раббии саҷдагоҳ ва гурӯҳе аз ибодаткунандагон садои булдозер баланд мешуд, зеро дар канораи бинои канисо корҳои сохтмонӣ идома доштанд. Ба гуфтаи яке аз ибодаткунандагон, биносозон имкон доштанд, ки ҳар вақти дигар кори худро давом диҳанд, вале бо кадом сабабе онҳо барои кори булдозер гӯё маҳз ҳамон соати дуохонии яҳудиёнро интихоб кардаанд.
Сипас, муаллиф роҷеъ ба таърихи буду боши яҳудиён ва фаъолияти канисо дар Тоҷикистон маълумоти мухтасар додааст. Ба навиштаи ӯ, баъди шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ ҳудуди 12 ҳазор яҳудиён аз Душанбе ба кишварҳои дигар муҳоҷират кардаанд. Шояд, ба навиштаи муаллиф, онҳо аз исломгароӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарс доштанд.
Дар идомаи мақола омадааст, ки дар Тоҷикистон ҳоло якчанд сад нафар яҳудӣ ба сар мебаранд ва аксари онҳо одамони солдида ҳастанд, ки дар Исроил ё Амрикову Олмон хешу табор доранд ва дар фикри муҳоҷират ба он кишварҳо мебошанд. Ин канисо, ки тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи раббӣ соли 1947 бунёд шудааст, на танҳо ибодатгоҳ, балки як маркази ҷамъияти яҳудиёни Душанбе низ будааст. Дар ин ҷо барои яҳудиён ғизо, дорувор ва либос тақсим мекарданд.
Дар мақола омадааст, ки як замон ин ҷо яҳудиён барои таҷлили ҷашнҳои мазҳабии худ ҷамъ меомаданд, вале ҳоло ҳавлии бино пур аз маводи сохтмонӣ ва боқимондаҳои биноҳои харобшуда аст.
Муаллиф аз қавли мақомоти марбутаи шаҳри Душанбе овардааст, ки барои сохтмони бинои нав ба ҷамъияти яҳудиён макони дигар дода шудааст, вале онҳо мегӯянд, ки барои чунин сохтмон пули кофӣ надоранд.
Яҳудиёни Душанбе мегӯянд, ки бо хароб шудани охирин саҷдагоҳи онҳо дар Тоҷикистон ин ҷо фарҳанги яҳудиён низ аз байн хоҳад рафт.
Муаллифи мақолаи нашрияи "Ню-Йорк Таймс" аз қавли сафири Амрико дар Душанбе Ричард Ҳоугланд овардааст, ки ба ақидаи вай тасмими хароб кардани саҷдагоҳи яҳудиён бо адами таҳаммул ба дин ва эҳсоси яҳудибадбинӣ ҳеҷ рабте надорад. Якҷо бо бинои номбурда, дар ин минтақа пойгоҳи ҳарбии Русия, бемористон, мактаб ва чандин бинои истиқоматӣ низ хароб карда шуданд. Ба ҷои онҳо қарор аст Кохи нави раёсати ҷумҳурӣ бунёд шавад.