Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯ бо кӯдакон дар хиёбони Рӯдакӣ


Бародарон Қурбони 13-сола ва Асади 10-сола дар хиёбони марказии пойтахт як дастгоҳи телефон доранд, ки корафтодагон аз он истифода карда ба ивази ҳар занги телефон, ба бародарон 20 дирам медиҳанд.
Қурбон мегӯяд,хонаводаашон аз 8 нафар иборат аст. Падарашон 5 сол пеш вафот кардааст. Модарашон маоши ночиз мегирад, оила зиндагии фақирона дорад. Мусоҳибони мо мегӯянд, онҳо ҳамарӯза ба ивази кори сангини 12-13 соата, 15-20 сомонӣ ба даст меоранд, ки баробар ба 5-6 долари амрикоӣ мебошад. Қурбон мегӯяд, хондани китобҳои бадеиро дӯст медорад ва модараш иҷозат додаст, ки ба як қисмати пули бадастовардааш, китобҳои дустдоштаашро харидорӣ ва мутолеа кунад, аммо вай мегӯяд, аз дуконҳои китобфурӯшӣ китоби дилхоҳашро пайдо карда наметавонад.
«Китобхониро дӯст медорам,лекин китобҳои шавқовар нестанд,чаро барои мо китоб кам чоп мекунанд?»

Бародарон Қурбону Асад ҳамчунин гуфтанд, бино ба гаронии нархи китобҳои дарсӣ, онҳо соли хонишро қариб ки бе китобҳои дарсӣ ба поён бурдаанд
Баҳодур Мирзоев,фурӯшандаи яке аз дӯконҳои китоб дар маркази пойтахт мегӯяд,солҳои ахир, китобҳои бачагона нисбат ба 4-5 соли пеш бештар нашр мешаванд, аммо китобҳои хонданбоб барои бачаҳо, ҳануз кам мебошад.
«Ҳоло чунин нашудааст, ки бачаҳо ё наврасон, ягон китоби хубро ҷустуҷӯ карда омада бошанд ва пайдо карда бошанд. Мо ҳам мехоҳем ки китобҳои хонданӣ бештар бошанд ва ба фурӯш раванд.»

Мусоҳиби дигарамонро,ки 10 сол дорад ва худро Сӯҳроб муаррифӣ кард, мо дар хиёбони марказии пойтахт вохӯрдем. Сӯҳроб аз панҷараи мағозаи либосу ашёи варзишӣ бо шавқ молу амволи дохили дуконро тамошо мекард.Вай дар сӯҳбат бо мо гуфт, бозии футболро хеле дӯст медорад ва мехоҳад дар оянда футболбоз шавад. Ба суоли мо, ки оё чаро дохили мағоза намеравад, гуфт, аз он ки ки пойи бараҳна асту либоси тоза надорад,фурӯшандаҳо ӯро дузд пиндошта, иҷозати ба мағоза даромаданро намедиҳанд.

«Либоси футболбозиро дӯст медорам,аммо онҳо қимматанд, ман харида наметавонам.»

Шоҳмурод Ҳабибов, мудири мактаби мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар суҳбат бо радиои Озодӣ, ғизои маънавию варзишро барои аҳли ҷомеъа, бахусус кӯдакону навҷавонон, дар таҳкими як ҷомеъаи мустақилу демократӣ, муҳим арзёбӣ кард.
«Ба тамоми ҷаҳон овоза кардем,ки 88 дар сади аҳолии мо фақиранд ва бонкҳову созмонҳои ҷаҳонӣ ба мо ин қадар кумак карданд, аммо вазъи зиндагӣ ва маънавиёти фарзандонро беҳтар накардаем. Бигузор фарзанди ман,намбераи ман бошад охир чаро ин кӯдакон аз маънавиёт дуранду дар бозор салафан мефурӯшанд?»
Аммо Камол Насрулло, шоири шинохтаи тоҷик, дар робита ба вазъи чопи адабиёт ва матбуоти бачагона дар кишвар,чунин ибрози назар кард.
«Масалан ман чанде пеш дар намоиши китоб дар Теҳрон Будам. Кучаҳое ҳастанд, ки сартопо китобанд, даҳҳо мағозаҳои китобфурӯшӣ ҳаст, аммо дар як шаҳри калони мо 3-4 дукони китоб ҳасту бас.»
Бино ба гузориши Пажӯҳишгоҳи ҷомеъаи боз--Бунёди Сорос, тайи беш аз 1 даҳсола ба инҷониб бахши аъзами китобҳои дарсӣ аз фанҳои дақиқ барои синфҳои поёнӣ ва болоӣ, ба нашр нарасидааст. Мавҷигул Муллоева, намояндаи Бунёди Сорос дар Тоҷикистон мегӯяд, тибқи барномаи мусоидат дар ислоҳоти соҳаи маориф, бунёди Сорос таҳия ва чопи чанде аз китобҳои дарсиро барои макотиби таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон, ба уҳда гирифтааст:
«Ҳадаф аз ин пажӯҳиш донистани вазъи маориф буд,ки то донем ки кадом китобҳо намерасанд. Ва бунёди мо омода астдар таҳия ва нашри ин китобҳо кумак кунад."
Гулҷамол Набиева, намояндаи Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар робита ба ин мавзуъ гуфт, сабаби нашри нокифояи адабиёти бачагона ва китобҳои дарсӣ аз як ҷониб нарасидани маблағ, аз ҷониби дигар, камбуди олимон ва мутахассисон ё таваҷҷуҳи ками эшон ба таҳияи чунин китобҳо будааст.
XS
SM
MD
LG