Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози рӯзноманигорони "Овоза"


Аз чап ба рост -- Саида Қурбонова, Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова, журналистон дар курсии айбдоршаванда
Аз чап ба рост -- Саида Қурбонова, Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова, журналистон дар курсии айбдоршаванда

Се рӯзноманигори ҳафтаномаи "Овоза", ки бо шикояти овозхон Райҳона Раҳимова ба додгоҳ кашида шудаанд, аз натиҷаҳои пажӯҳиши забоншиносии мақолаи худ эътироз баён карданд.

Ин натиҷаҳо, қарор аст, фазои муҳокима дар додгоҳро муайян кунанд. Вакили ҳуқуқии журналистон, Иноят Иноятов гуфтааст, бо дархости ӯ додгоҳ тасмим гирифт, пажӯҳиши такрории иқтисбоҳо аз мақолаи "Овоза"-ро барпо кунад. Вай афзуд, дар пажӯҳиши аввал, ки Институти забон ва адабиёти Фарҳангистони улум Тоҷикистон анҷом дод, ба таҳрифи бархе аз нукоти мақола роҳ дода шудааст.

Ҷаноби Иноятов афзуд, чунин пажӯҳиш бояд аз тарафи як ҳайъати на камтар аз се мутахассис ба анҷом расад. Вале дар зери натиҷаҳои таҳқиқи забонии аввал танҳо имзои раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улум Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода мавҷуд аст.

Раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ҳамаи ин муҳокима танҳо бо як мақсад, тарсондани журналистон сохта шуда, пуштибонии ошкорои мақомоти додситонӣ аз шикояткунанда, Райҳона Раҳимова ба мушоҳида мерасад. Ба ақидаи ӯ, ин аслан як парвандаи шаҳрвандист, на ҷиноӣ ва журналистон ба қонуншинканӣ роҳ надодаанд.

Масъули умури озодии матбуот дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Миклош Ҳараштӣ гуфтааст, агар журналистони "Овоза" зимни чунин як парвандаи сатҳӣ муҷозот шаванд, фишор ба матбуот дар Тоҷикистон ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG