Ёвон аз пойтахт - Душанбе чандон дур нест ва ҳамагӣ дар 50 километрии он қарор дорад. Ҷавонони ин минтақаро бо шухтабиатӣ ва зиндадилиашон хуб мешиносанд.
Таксиҳои Душанбе - Ёвон мусофиронро то назди бозор, ки маркази шаҳр ҳисобида мешавад, мебаранд. Ва мо низ аз фурсат истифода бурда, нахуст аз бозори он дидан мекунем. Зеро мегуянд «Барои ошно шудан ба вазъи зиндагии мардум нахуст бояд аз бозори он минтақа дидан кард». Зимнан, аксарияти тоҷирони ин бозор ҷавононанд, ба вижа духтарон.
Дар ин барнома оид ба муди либоси ҷавонони Ёвон ва мусиқиҳои дустдоштаи онҳо суҳбат хоҳем кард. Ба назари мо, дукони матоъфурушӣ серхаридор намуд ва мо вориди он шудем. Ба гуфти фурушандаи ин дукон, ҳоло ки мавсими баргузории ҷашнҳои арусист, бозори матоъ хеле гарм аст. Феълан, дар миёни духтарони Ёвони муди матоъ аз Душанбе чандон фарқ надоштааст. Танҳо қиммати либос нисбатан гаронтар аст.
Як гуруҳи ҷавонони Ёвон дар донишгоҳҳои пойтахт таҳсил ва дар хобгоҳу манзилҳои иҷора зиндагӣ мекунанд. Аммо онҳое, ки имкон надоранд, бевосита дар омузишгоҳҳои тиббӣ ва омузгорӣ таҳсил мекунанд. Духтарон ғолибан омузишгоҳи тиббиро интихоб мекунанд. Дар ин бозор мо бо ду хатмкунандаи ин омузишгоҳ шинос шудем, ки волидонашон монеъи фаъолияти касбиашон шудаанд.
Дар роҳ ба суйи деҳоти Сарқамиш, ронандаи такси, ки худро Баҳром муаррифӣ кард, гуфт, даромади аслии сокинони ин минтақа аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аст. Мо низ дар роҳ ба суйи деҳоти Ёвон бо шумори хеле ками писарон вохурдем. Ҷавонон мегуянд, зиндагии онҳо дар ин рустоҳо якранг ва мушкил аст.
Сокинони Ёвон мегуфтанд, ки ағлаби писарон ба хотири дарёфти маблағ ва таъмини аҳли оилаашон ру ба мардикорӣ ниҳодаанд. Ва одатан ягона умеди оилаҳои бузурги онҳо ҳам танҳо ба онҳост, зеро дигар манбаъи даромад барои зиндагӣ надоранд.
Тибқи мушоҳидаи мо ғолибан тамоми кори хона ва хоҷагиро наврасону духтарон ба душ доранд, ки дар деҳаҳо боқӣ мондаанд.
Вақти бештари духтарону наврасон дар ин деҳот ба обкашӣ сарф мешавад. Бо як гурӯҳ духтароне суҳбат доштем, ки сатилҳо дар даст аз чашма, ки дар 3 километрии деҳашон ҷойгир аст, об мекашиданд. Зимнан, шунавандаи азиз таваҷҷуҳ кунед, духтарону наврасони ин деҳ ҳамчунин аз паҳлуҳои мухталифи зиндагии худ низ қисса мекунанд.
Дар роҳи бозгашт аз деҳот ба маркази Ёвон, моро ба оилае даъват карданд, ки дар онҳо ба туйи арусии фарзандашон омодагӣ медиданд ва он руз ба қавли ин хонавода, маросими курпадузон доштанд, яъне барои арус курпаву курпача ва болишт медухтанд. Албатта, мавзуъи сӯҳбати мо бо аҳли ин хонавода атрофи хароҷоти туй буд. Ку бубинем, то куҷо қонуни ҷадид оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар амал татбиқ мешавад?
Дар ин сафар мо аз мактаб - интернати кудакони ятим ва бепарастори Ёвон дидан кардем, дар ин барнома шумо аз вазъи зиндагӣ ва орзуҳои муҳассилини интернати мазкур огоҳ хоҳед шуд.
Хуб, дустони азиз мегуянд, шунидан кай бувад монанди хондан, дар сурати шунидани барнома қиссаҳои рузгори ҷавонони Ёвонро аз забони худи онҳо хоҳед шунид. Барои ин, танҳо кофист, ки рамзи радио дар тарафи рости сомонаро пахш бикунед.
ПС: Хонандаҳои азиз, боз дар бораи ҷавонони кадом ноҳия қиссаҳоро шунидан мехоҳед, ба мо бинависед.