Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширеши фавқулодаи румиёни қадим


Бостоншиносони олмонӣ ошкор кардаанд, ки румиҳои қадим як навъ ширеши қавиеро ихтироъ карда будаанд, ки то ҳол, бо гузашти ду ҳазор сол қисмҳои ҷудогонаи кулоҳҳои ҷангӣ, сипар ва ҷавшанҳоро бо ҳам нигаҳ медорад.

Кормандони музеи давлатии шаҳри Рейни Олмон ин ширешро “ширеши фавқулодаи Қайсарӣ” унвон додаанд. Намунаи ин модда дар наздикиҳои шаҳри Ксантен, воқеъ дар соҳили руди Рейн, ки пеш аз аҳди милод қароргоҳи румиҳо будааст, кашф шудааст. Устои анвоъи таърихӣ Франк Виллер гуфт, “мо кашф кардем, ки кулоҳи муҳташами савораи румӣ бо ин ширеш таъмир шудааст ва он то ҳол қисмҳои кулоҳро маҳкам медорад”.

Намоишгоҳи мавсум ба “Асрори ниқоби нуқрагин”, ки то 16 феврал идома хоҳад дод, тасдиқ мекунад, ки ширеши қадима ҳангоми таъмири аслиҳа истифода мешуд. “Ин кашфиёт ҳамаро ба ҳайрат овардааст”, гуфт Виллер ба бахши олмонии шабакаи телевизионии “Дискавери Нюз”. Франк Виллер боқимондаҳои ширешро ҳангоми озмоиши кулоҳи ҷангие, ки соли 1986 ҳангоми ҳафриёт кашф шуд пайдо кардааст. Ин кулоҳ миёни аслиҳа ва ҷавшанҳои набарди Тотобургер Форести Олмон будааст. Дар он набард қабилаҳои олмонӣ тавонистаанд се артиши румиро нобуд карда, ба кӯшишҳои Имперотурии Рум барои тасарруфи заминҳо дар шарқи рудхонаи Рейн хотима бахшанд.

Кулоҳро, ки ба якумин садаи пеш аз милод таълуқ дорад, ба музей барои таъмир супорида будаанд. Виллер мегӯяд, ширешро тасодуфан, ҳангоме ки бо аррачаи нозук қисми хурдеро аз он ҷудо мекард, кашф намуд. Гармии дастгоҳ ба нуқра таъсир овард ва баргаки нуқрагин ки кулоҳро ороиш медод аз он ҷудо шуд. Дар пушти ин баргак олим боқимондаҳои ширешро кашф кардааст. Ҳунарманди олмониро беш аз ҳама он ба ҳайрат овардааст, ки бо мурури замон, зери таъсири об ва ҳаво ширеш қобилиятҳои худро гум накардааст.

Таърихшинос бар ин ақидааст, ки ин ширешро бидуни шак метавон “суперширеш” номид, чунки он ба замон, об ва рутубати ҳаво муқовимат кард ва қобилияти часпандааш боқӣ мондааст. Таҳқиқоти олимон нишон додааст, ки дар таркиби ширеши румиҳо қир, шираи дарахт ва равғани ҳайвонот будааст. Муҳаққиқони олмонӣ то ҳол натавонистанд ширеши ба он монандро таҳия кунанд. Виллер ҳадс мезанад, ки шояд дар таркиби суперширеши румиҳои қадим ягон моддаи дигари часпанда, ба мисли хокистар, рег ва ё куфтаи кварс, илова мешуд.

XS
SM
MD
LG