Ҷамъмадҳои нахустини қаблазинтихоботии фаъолони ҷумҳурихоҳон ва демократҳо дар иёлати Айова доир шуд. Пас аз шумориши раъйҳо дар, ба истилоҳ, интихоботчаи иёлати Айова, миёни ҷумҳурихоҳон Майк Ҳакебӣ – собиқ волии иёлати Арканзас ва Митт Ромни – собиқ волии вилояти Массачусетс пешқадаманд.
Ин натиҷа барои Ромни то андозае ғайриинтизор будааст. Ӯ дар маъракаи интихоботии худ даҳҳо миллион доллар сарф кардааст, ба маротиб бештар аз Ҳакебӣ.
Бештари раъйҳои демократҳои иёлати Айоваро сенатор аз Иллинойс Барак Обама, сенатор аз Ню-Йорк Ҳилларӣ Клинтон ва собиқ сенатор аз Каролинаи Шимолӣ Ҷон Эдвардз ба даст овардаанд.
Ин интихоботҳои ба истилоҳ праймериз дар ҳамаи 50 иёлат номзадҳоеро муайян хоҳанд кард, ки бештар аз ҳама тарафдор доранд.
Интихоботчаи оянда рӯзи сешанбе, ҳаштуми январ дар иёлати Ню Ҳемпшир баргузор мешавад.