Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО амалиёт дар Афғонистонро такмил медиҳад


Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли паймони НАТО
Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли паймони НАТО

Рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Словакия-шаҳри Братислава дабири кулли паймони НАТО Андерс Фог Расмуссен гуфт, паймон бояд амалиёт дар Афғонистонро такмил намояд, то ин кишвар бори дигар ба тамрингоҳи шабакаи Ал-Қоида табдил наёбад.

Дар арафаи нишасти дурӯзаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви НАТО Расмуссен таъкид кард, ки нархи худдорӣ аз ширкат дар амалиёти Афғонистон нисбат ба нархи ширкат дар эҳёи назму суботи ин кишвар гаронтар аст.

Баъди ҳашт соли оғози амалиёти таҳти раҳбарии ИМА дар Афғонистон раҳбарони кишварҳои ғарбӣ дар ташвишанд, ки Афғонистон бори дигар ба паноҳгоҳи ҷаҳонии террористони исломӣ табдил меёбад.

Фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон дархост намудааст, ки бар иловаи 68 ҳазор низомии амрикоӣ ба Афғонистон боз 40 ҳазор сарбози тозанафас сафарбар шавад ...
Фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон Стенлӣ Маккристал аз президенти ИМА Барак Обама дархост намудааст, ки бар иловаи 68 ҳазор низомии амрикоии мустақар дар Афғонистон ба ин кишвар боз 40 ҳазор сарбози тозанафас сафарбар намояд. Дар ҳамин ҳол аксари кишварҳои аврупоии шарик дар амалиёт ба ирсоли нерӯҳои тозанафас рағбате зоҳир накарда, такмили амалиёти низомӣ дар Афғонистонро бо таҳдид мувоҷеҳ намудаанд.

Феълан худи Афғонистон дар чорроҳа қарор дорад. Даври аввали интихоботи президентии ин кишвар, ки дар таърихи 20-уми август барпо шуда буд, довталаби пирӯзро муайян накард ва 7-уми ноябр дар даври ниҳоии овоздиҳӣ раисҷумҳури кунунии Афғонистон Ҳомиди Карзай бо собиқ вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдуллоҳ Абдуллоҳ сабқат хоҳад кард.

Хатари бозгашти Ал-Қоида ба Афғонистон

Дабири кулли паймони НАТО бар ин назар аст, ки агар Афғонистон ба ҳоли худ гузошта шавад, ба эҳтимоли зиёд шабакаи террористии Ал-Қоида ин кишварро ба тамрингоҳаш табдил медиҳад.

Расмуссен меафзояд, "Афғонистонро бояд то ҳадде нерӯманд кард, ки ба ошӯбгарон муқовимат намояд. Агар ин ҳодиса рӯй диҳад, кишвар ба террористон ҳам муқовимат хоҳад кард. Моҳияти дархости Маккристал низ ҳамин аст."

Ин дафъа Расмуссен такрор накард, ки нерӯҳои НАТО то замони иҷрои вазифа дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. Пуштибонӣ аз ҷанг дар Афғонистон миёни аҳолии мамолики ғарбӣ ва аз ҷумла Амрико коҳиш меёбад ва иттифоқчиён ҷонибдори беруншавии тадриҷии нерӯҳои аз ин кишвар мебошанд.

Аз ин рӯ, НАТО ва ИМА ба тамрину таълими сарбозу афсарони афғон таваҷҷӯҳи бештар нишон медиҳанд. Ба қавли Рамуссен дар марҳилаҳои оняда НАТО тасмим гирифтааст нақши нерӯи асосиро ба артиши Афғонистон дода, худ ба нерӯи ёрирасон табдил ёбад.

Баъзе шореҳон ин мавқеъгирии НАТО-ро дастгирӣ намекунанд. Паддӣ Ашдовн мебоист дар ибтидои соли 2008-ум ба ҳайси намояндаи СММ дар Афғонистон ба кор шурӯъ намояд, вале Кобул ба ин таъинот мухолифат кард. Рӯзи чоршанбе Ашдовн изҳор намуд, ки Афғонистон кишвари пароканда аст ва мардуми афғон дар гирди қабилаҳояшон муттаҳид мебошанд. Аз ин рӯ Ашдовн пешниҳод мекунад, ки НАТО на ҳукумати Карзай, балки мақомоти маҳалҳоро тақвият бахшад.

Маводи мухаддир - сарчашмаи молии ошӯбгарон

Парвариш ва тиҷорати афюн аз мушкилиҳои доғи Афғонистон ёд шудаанд. Идораи назорат бар гардиши маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи СММ гузориш медиҳад, ки муомилот бо маводи мухаддири Афғонистон солона 65 миллиард доллар фоида меорад, ки бахши асосии он барои таъмини молии ошӯбҳо масраф мешавад.

Муаллифони гузориши СММ таъкид мекунанд, ки то 30 дарсад маводи мухаддири афғон тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ ворид мегардад, ки дар беҳтарин ҳолат фақат 5 дарсад он мусодира мешавад.

Сухангӯи идораи назорат бар гардиши маводи муаддир ва ҷинояткории СММ Валтер Кемп дар ин бора мегӯяд, "солона беш аз 90 тонна ҳероин тавассути Осиёи Марказӣ асосан ба бузургтарин бозори миллӣ, яъне Русия, интиқол меёбад."

Муаллифони гузориш бо таассуф иброз доштаанд, ки бо рушди муомилоти ғайри қонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ роҳи бостонии Абрешим ҳамчун роҳи Ҳероин эҳё мешавад.
XS
SM
MD
LG