Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет - ягона даричаи озодӣ барои туркманҳо


Дар Туркманистон фазои иттилоотӣ пас аз марги Туркманбошӣ низ таҳти контроли шадиди ҳукумат боқӣ мемонад ва дар ин кишвар ягон расонаи хабарӣ хаққи фаъолияти озодро надорад. Ва интернет танҳо василаи огаҳии мардум аз ҳаводиси дохилӣ ва хориҷӣ аст.

Дар ин кишвар ибрози назари мухолиф ба ҳукумат дар ҷои ҷамъиятӣ метавонад бо ҳабси танқидкунанда ба анҷом расад. Аслан дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ василаи оммавии ибрози назар дар бораи мақомот зиёд нест. Аммо ба ҳар ҳол интернет бо суръати хеле заиф бошад ҳам ба як василаи мухобирот ва табодули ақида табдил меёбад.

Вале бо дарёфти имкони истифодаи интернет баъзе туркманҳо имкон доранд, ки дар форумҳои интернетӣ бо забони модариашон перомуни ин ва ё он масъалаи муҳим ва ё ҳаёти одии рӯзмарра табодули назар кунанд.

Яке аз ин гуна сомонаҳои ҷолиби туркманзабон сайти "Ҷунейсан" (Juneithan) аст, ки дар ИМА таъсис ёфта, муштариёни асосии он донишҷӯёни туркман дар дохил ва хориҷи Туркманистон мебошанд.

«Навоварӣ»-и Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов


Имкони истифода аз интернет як даричаи хурдест, ки баъди сари қудрат омадани президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар соли 2006-ум имконпазир гаштааст. Дар даврони ҳукмронии президент Сапармурод Ниёзов танҳо баъзе мақомоти баландпоя ва оилаҳои бонуфузи туркман ба интернет дастрасӣ доштанд.

Яке аз аввалин иқдомҳои Бердимуҳаммадов дар курсии раёсатҷумҳурии Туркманистон иҷозаи истифодаи васеътари шабакаи интернет ва ташкили интернет-кафеҳо дар гӯшаҳои мухталифи Туркманистон будааст.

Аммо тавре аз баҳсҳо дар сайтҳои туркманӣ бармеояд, баъзе хонандагон ба ин иқдоми раисҷумҳур арҷ намегузоранд. Хонандае бо номи Сират дар сомонаи teswitler.com менависад: "Дар аввалин соли ҳукмронии Туркманистон Бердимуҳаммадов ваъда дода буд, ки ба вилояти Дашовуз то 4 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад, вале ман соли 2009-ум ба Дашовуз рафта, бо чашми худ дидам, ки чизе тағйир наёфтааст".

Ҳамин гуна дар дигар сомонаҳои туркманзабон низ танқиди фасод, сатҳи пасти зиндагӣ, маошҳои ночиз ва дигар паҳлӯҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба назар мерасад.

Созмонҳои байналмилалӣ иқдомҳои раисҷумҳури Туркманистонро рӯбучини рӯякӣ дар хонае меноманд, ки ба тармими ҷиддӣ эҳтиёҷ дорад.

Дар як поя бо Куба ва Кореяи Шимолӣ

Руҳнома - китоби Туркманбошӣ дар Туркманистон китоби муқаддас эълон шудааст
Соли 2010-ум Созмони рӯзноманигорон бидуни марз, ки қароргоҳаш дар Фаронса аст, Туркманистонро дар як қатор бо Кореяи Шимолӣ, Мянмар, Чин, Эрон ва Куба душмани интернет унвон додааст. Ин созмон мегӯяд, ҳанӯз ҳам мақомоти туркман назорати шадиди истифодаи интернетро давом медиҳанд.

Муаллифони гузориши солонаи Созмони рӯзноманигорон бидуни марз хотирнишон кардаанд, ки то кунун мақомоти марбутаи Туркманистон имкони вуруд ба шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Youtube ва ё Однокласникиро фароҳам наовардаанд.

Яке аз муаллифони гузориш хонум Лусия Морилон мегӯяд: "Худи ҳамин имкони баҳси мавзӯъҳои ҳассос дар байни туркманҳои дохилу беруни Туркманистон барои ояндаи ин кишвар хуб аст. Ба фикрам, мо бояд бубинем, ки иқдомҳои баъдии ҳукумат чӣ мешавад. Оё онҳо аз тарси гум кардани контрол ва ноором шудани кишвар назорати интернетро шадидтар мекунанд? Мебинем, вале ба ҳар ҳол агар онҳо ба рушди интернет мухолифат нишон надиҳанд, ташнагии иттилоотии мардуми Туркманистон то ҳадде рафъ мегардад".

Интернети дастнорас

Ҷои ёдоварист, ки истифода аз интернет барои бахши бузурги аҳолии туркманистон ҳоло ҳам дастнорас аст. Барои мисол истифодаи яксоатаи интернет дар интернет кафе беш аз ду долларро ташкил медиҳад. Дар хона бошад, як соат истифода аз интернет тахминан ба ним доллари амрикоӣ баробар аст ва дарҳоле, ки маоши миёнаи Туркманистон ба тахминан 200 доллари амрикоӣ мусовӣ мебошад, аксарият имкони молии пайвасти доимӣ ба интернетро надоранд.

Як созмони ғайридавлатӣ навиштааст, ки соли 2009 дар Туркманистон 13200 нафар ба интернет обуна шуда буданд ва тахминан 127 ҳазор нафар аз он истифода мебурданд.
XS
SM
MD
LG