Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин дидори Медведев аз Арманистон


Раисони ҷумҳури Арманистон ва Русия Серж Саркисян ва Дмитрий Медведев дар Ереван
Раисони ҷумҳури Арманистон ва Русия Серж Саркисян ва Дмитрий Медведев дар Ереван

Рӯзи душанбе барои аввалин бор Дмитрий Медведев дар мақоми президенти Русия ба Арманистон сафари дурӯза ба анҷом мерасонад.

Пешбинӣ мешавад, ки дар музокироти ӯ бо президенти Арманистон Серж Сарикисян ҳамкории миёни ду кишвар дар соҳаҳои энергетикиву тиҷорат баҳс шавад. Шореҳон мегӯянд, дар ҳоле ки Арманистон бо Озарбойҷон рӯи Қарабоғи Кӯҳӣ моҷаро дорад, Маскав ба Ереван дастгирии бештар ваъда додааст.

Сафари Дмитрий Медведев ба Арманистонро метавон ҳамчун кӯшиши рафъи ташаннуҷ дар паи ҷанги кӯтоҳмудатти Русияву Гурҷистон арзёбӣ намуд. Тақвияти мавқеи Маскав дар Арманистон имкон медиҳад, ки Русия ҷои пои мустаҳкамаш дар ҷамоҳири собиқ Шӯравии Қафқози ҷанубиро ҳифз намояд. Аз сӯе ҳам барои Маскав боз нигаҳ доштани роҳҳои тиҷорат бо Эрон муҳим аст. Арманистон худ дорои захираи бузурге нест ва дар рӯ ба рӯи ҳамсояҳои хусуматомез: Туркияву Озарбойҷон ба равобити наздик бо Русия эҳтиёҷ дорад.

Бидуни шакк Медведеву Саркисян ҷанги Русияву Гурҷистонро баҳс хоҳанд кард. Бархӯрдҳои мусаллаҳонаи тобистони соли равон, ки ҳамагӣ панҷ рӯз идома доштанд, метавонанд ба минтақа таъсири дарозмуддат гузоранд. Ҳоло маълум нест, ки ин ҷанг ба баҳси Қарабоғи Кӯҳӣ чӣ таъсир мерасонад. Солҳои навадуми асри гузашта нерӯҳои арманӣ сарбозони Озарбойҷонро аз Қарабоғ берун бароварда, ин вилояти мухторро таҳти тасарруфи худ қарор додаанд. Музокироти пайвастаи ҳалли ин бӯҳрон то кунун ба ҷое нарасидааст.

Ҳафтаи гузашта аснои зиёрат аз Арманистон Даниэл Фрейд ёвари котиби давлатӣ ё худ ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА даъват кард, ки бӯҳрони Қарабоғи Кӯҳӣ ба зудтарин фурсат ҳалли осоиштаи худро пайдо кунад. Фрейд илова кард: "Ҳалли низоъ имконпазир аст. Вале имконпазир маънои ҳатман иҷрошавандаро надорад. Гузашт аз ҳар ду ҷониб зарур аст. Агар ин низоъ ҳалли осон медошт, он аллакай пайдо шуда буд."

Фрейд ҷанги Русияву Гурҷистон рӯи Осетияи Ҷанубиву Абхозистонро мисол оварда, ҳушдор дода буд, ки низоъҳои яхбаста метавонанд якбора ба вулқон табдил ёбанд.

Пеш аз сафари Медведев ба Арманистон ба хотири ҷилавгирӣ аз нигаронии ҳамсоякишварҳо муовини сарвазири Русия Сергей Иванов ҳангоми сӯҳбат бо хабаргузории ВВС исрор варзид, ки Русия тамомияти арзии ҳамаи ҷамоҳири собиқ Шӯравиро эътироф мекунад. Аммо ӯ дар бораи эътирофи истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон: Осетияи ҷанубиву Абхозистон чизе нагуфт.

Русия коршарики асосии Арманистон дар тиҷорат ва фурӯши силоҳ буда, ба назар намерасад, ки Маскав ин нақшашро ба касе тақдим карданӣ бошад. Русия Арманистонро бо гази табиӣ ва маводи сӯхти ҳаставӣ таъмин мекунад. Коргоҳи ҳаставӣ 80 дарсад нерӯи барқи Арманистонро тавлид менамояд.

Сармоягузориҳои Русия дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии Арманистон аз шабакаи телефонҳои мобил сар карда, то роҳи оҳан, ки зери назорати ширкати давлатии Русия мебошад, ба чашм мехӯрад. Бо сармоягузориҳои Русия дар Арманистон 600 муассисаи муштарак таъсис ёфтааст. Иртиботи дигари Русияву Арманистон наздик ба ду миллион муҳоҷири арманӣ мебошанд, ки рӯзгорашонро аз ҳисоби кор дар Русия танзим намудаанд.

XS
SM
MD
LG