Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ним соат кофист, то марзи Тоҷикистону Узбекистонро гузаред" ВИДЕО


Барои шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон ним соат кофӣ аст, ки гузаргоҳи марзиву гумрукиро убур карда, ба қаламрави якдигар ворид шаванд. Бо вуҷуди издиҳоми одамон, марзбонҳо талош мекунанд, ки бо ҳама меҳрубон бошанд.

Сокинони ду кишвар, ки амалан ҳамсояи девор ба девора ҳастанд, якдигарро тақрибан ду даҳсола надидаанд:

  • Дар ҳабдаҳ сол як бор ба назди хешовандон ба Узбекистон рафтам. Рӯзи 20-уми март баргаштам. Ҳамаи наздиконро хабар гирифтам. Ба сари қабри гузаштаҳо рафтам;
  • Бародаронам соли 1992 ба Узбекистон кӯчиданд. Роҳҳо хуб аст, осон гузаштем. Хуб меҳмондорӣ карданд;
  • Гузаштан аз гузаргоҳи гумрукӣ каме вақт мегирад, дигар мушкил нест.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Рафтуомади озод дар марзи миёни Тоҷикистону Узбекистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Ба равуои сокинони ду тараф тоҷирон бо қуттиҳои калон ва аробаҳояшон мушкил эҷод мекунанд. Савдогарон аз Узбекистон ба миқдори зиёд тухми мурғ овардаанд, чунки дар Тоҷикистон нархи он ду баробар гарон аст.

Тоҷирон тухмҳоро каме дуртар аз гузаргоҳи марзии Тоҷикистон мефурӯшанд. Ва аз инҷо ба Узбекистон мева мебаранд.

Узбекҳо дар марз бештар мева мехаранд
Узбекҳо дар марз бештар мева мехаранд

Яке аз фурӯшандаҳо гуфт, “мо аз онҳо тухми мурғ ва онҳо себу нок мегиранд. Нарх хуб аст”. “Нархи тухм дар инҷо 40-50 дирам арзонтар аз бозорҳои Тоҷикистон аст”, - гуфт тоҷири дигар.

Убури марз кори мушкил нест, аммо мебояд ҳудуди 1 километр роҳро пиёда тай кард. Дар минтақаи ҳоил ё “нейтрали марзӣ” наворбардорӣ қатъиян мумкин нест. Онҳое, ки мехоҳанд аз марз бо мошини шахсӣ гузаранд, бояд вобаста ба тамғаи худрав ба маъмурони гумруки Узбекистон аз 43 то 57 доллар боҷ супоранд.

Зиндагӣ дар ду тарафи марз тақрибан яксон аст. Дар ҳарду ҷониб узбекҳову тоҷикон ба ҳам омезиш ёфтаанд. Вале бо ин ҳам чанд тафовут ба чашм мехӯрад.

Аз ҷумла, дар тарафи Узбекистон, шурӯъ аз марз то маркази ноҳияҳо, ягон акси президент Шавкат Мирзиёев насб нашудааст. Дар Тоҷикистон аз гузаргоҳи марзӣ то шаҳри Душанбе даҳҳо аксҳи Эмомалӣ Раҳмонро гузоштаанд.

Тақрибан дар ҳеч ҷойи Узбекистон, аз ҷумла бозори маҳаллӣ наворбардориро иҷозат намедиҳанд. Новобаста ба роҳҳои пур аз мошин дар ду ҷониби марз посгоҳҳои кормандони милиса фаъол нест. Аз ин хотир, сокинони ду кишвар метавонанд озодона меҳмони якдигар шаванд.

Гузориши Анӯшервон Орифов

Насим Исамов

XS
SM
MD
LG