Ин барои нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон аст, ки мақомоти додситонӣ хостори барҳамзании маҷлиси вакилон - ниҳоди қонунгузор ва мустақилу дахлнопазири кишвар шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки маҷлиси вакилони халқи Хатлон низ иқтидори мудохила ба ин танишҳои додситонии Хатлон ва вакилони маҷлиси Мӯъминободро надоранд. Аммо асли мухолифатҳои ин ду ниҳод чист?
Додситонии вилояти Хатлон вакилони мардумии ноҳияи Мӯъминободро ҳушдор медиҳад, ки дар сурати иҷро накардани талабҳои ин ниҳод, масъалаи парокандашавии Маҷлиси маҳаллии ононро дар миён хоҳад гузошт. Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мӯъминобод барои панҷумин бор тақозои додситонии Хатлонро, ки мехоҳад як узви ҳамин маҷлис Саъдулло Раҳимовро аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум созад, радд кардааст.
Додситонии вилояти Хатлон Саъдулло Раҳимов, раиси хоҷагии деҳқонии мавсум ба «Навбаҳор» ва ҳамзамон вакили Маҷлиси маҳаллии Мӯъминободро дар қатли инсон, суистифода аз мақоми хидматӣ, бемасъулиятӣ, таҳқири намояндаи ҳокимияти давлатӣ ва бисёрникоҳӣ муттаҳам мекунад. Зимнан додситонии минтақаӣ сар аз соли 1996 дар талоши он аст, ки вакилони маҷлиси ноҳияи Мӯъминобод ҳамтои худ Саъдулло Раҳимовро, ки ҳамчун вакил аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархурдор аст, аз ин ҳуқуқ маҳрум ва ба боздошт ва ҳабси ӯ иҷоза бидиҳанд.
Саидмурод Қодиров, муовини аввали додситони вилояти Хатлон, бо таъиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, «Пешниҳоди моро оид ба бекор кардани ваколати вакилии С. Раҳимовро бинобар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан ва ба итмом расонидани тафтишоти пешакию ба додгоҳ ирсол кардан и н дафъа низ аз таарфи вакилони Маҷлиси мӯъминобод дастгирӣ наёфт… Аз ин рӯ, тибқи қонун мо аз додситони кулли кишвар хоҳиш хоҳем кард, то аз Маҷлиси миллӣ хостори пароканда кардани маҷлиси вакилони халқи Мӯъминобод бишавад…»
Саидмурод Қодиров, муовини аввали додситони вилояти Хатлон, афзуд, ҳарчанд Маҷлиси вакилони халқи Хатлон, зинаи болоии маҷлис, чаҳорумин дафъа низ қарори маҷлиси Мӯъминободро лағв ва барои бозбинӣ дубора ба Мӯъминобод ирсол кард, вакилони мӯъминободӣ дар мавқеъи худ ҳамоно исрор меварзанд. Ғайбулло Афзалов, раиси устони Хатлон ва ҳамзамон раиси Маҷлиси вакилони вилоят, бо таъкид бар эҳтимолияти барҳамзании Маҷлиси вакилони Мӯъминобод, гуфтааст, таърихи Тоҷикистон таҷрибаи парокандашавии маҷлисҳои маҳаллии вакилони мардумиро бар асоси риоят нашудани одоби вакилӣ ё нақзи қонун, ёд надорад.
Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Камиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, гуфт, танҳо бо азми Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳо метавонад пароканда эълом шавад, ҳарчанд зинаи болоии парлумони кишвар то ҳанӯз аз ин хаққи худ истифода накардааст. Вай афзуд, «додситонии вилоят дар пайи ин ки чанд дафъа дархосташ аз сӯйи Маҷлиси вакилони халқи Мӯъминобод радд шудааст, акнун метавонад аз Маҷлиси миллӣ ҳалли муаамморо талаб кунад. Баъд аз пароканда шудани Маҷлиси вакилони Мӯъминобод давоми се моҳи оянда интихоботи дубораи вакилони Маҷлиси маҳаллӣ дар ҳамон ҳавза баргузор мешавад».
Ва аммо таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки дар сурати пароканда кардани Маҷлиси вакилони Мӯъминобод, Маҷлиси миллии Тоҷикистон принсипи худмухторӣ ва вобастаи ҳеҷ кадом ниҳоди давлатӣ набудани худро таҳти суол хоҳад бурд. Ва аммо баҳси мазкур, ки миёни мақомоти додситонии Хатлон ва Маҷлиси вакилони ноҳияи Мӯъминобод бархостааст, бо вуҷуди ин ки бо чӣ меанҷомад ва кӣ дар он дастболо мешавад, ба мисоли худ беназир аст дар Тоҷикистон ва тартиби ҳалли ин гуна баҳсҳо дар қонунгузории ин кишвар то ба охир мушаххас нагардида ва боиси пайдоиши баҳсҳои дигари ҳуқуқӣ ва ҳам сиёсӣ хоҳад шуд.