Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси шаҳрванди Эрон дар Хатлон


Додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа як шаҳрванди Эронро бар асоси се банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои 6 моҳ равонаи зиндон кардааст.

Шолчиан Хоҷр Алиакбар, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон ду соли қабл барои кор ба нерӯгоҳи барқи обии «Сангтуда-2», ки аз сӯи ширкати эронӣ сохта мешавад, вориди Тоҷикистон шудааст ва дар соли гузашта аз ҷониби мақомоти интизомии вилояти Хатлон боздошт гардидааст. Асоси мақомот барои ҳабси Хоҷр Алиакбар далелҳои марбут ба бисёрникоҳӣ, зинокорӣ ва таҳияи ғайриқонунии маводҳои порнографӣ будааст.

Ғиёсиддин Умаров, сардори шӯъба дар додситонии вилояти Хатлон, дар ин робита гуфт, шаҳрванди Эрон дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Қурғонтеппа боздошт шудааст. Баъд аз ин, ки вай дар нерӯгоҳи «Сангтуда-2» аз кор ронда шудааст, ба шаҳри Қурғонтеппа омада, ба корҳои ғайриқонунӣ даст задааст.

Дар ҳамин ҳол Музаффар Абдуллоев, раиси додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа, гуфт, Хоҷр Алиакбар ба ҷуз ин, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа бо ду зани рустабори тоҷикистонӣ зиндагӣ ва хоҷагии муштарак ва ду фарзанд доштааст, ҳамчунин зинокорӣ карда, аз хонумони урён аксҳо бардоштааст, ки муғойир ба қонунгузории Тоҷикистон мебошад.

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ҷиноёте, ки шаҳрванди Эрон содир кардааст, ҳадди аксар ду соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад, аммо бо ҳукми додгоҳ, ки ним соли зиндон таъин шудааст, вакилони мудофеъ ва намояндагии дипломатиии Эрон изҳори норозигӣ кардаанд.

Дар сафорати Ҷумҳурии Исломӣ ҳозир нашуданд, ки дар робита ба ҳукми зиндоншавии шаҳрванди Эрон шарҳу тафсире бидиҳанд.

Аммо дар Қурғонтеппа гуфтанд, ки аз сӯи консулгарии Эрон дархостҳо ҷиҳати таҷдиди назари ҳукми додгоҳ ва раҳоии маҳкумшуда аз муассисаи ислоҳӣ ворид шудааст.

Ҳамзамон ба гуфтаи як сарчашмаи ғайрирасмӣ, шаҳрванди зиндонишудаи эронӣ фарзанди яке аз хонаводаҳои сарватманд дар Эрон будааст.

Ин барои нахустин бор аст, ки дар ҷануби Тоҷикистон ба иттиҳоми таҳия ва таблиғи маводи порнографӣ нафаре равонаи зиндон мешавад ва он ҳам як шаҳрванди кишвари хориҷист.

XS
SM
MD
LG