Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 9-уми октябр Парвина Абдуллоева, як сокини ноҳияи Ёвонро, ки се фарзанди ноболиғашро дар дарёи Душанбе ғарқ кард, ба 18 сол маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд. Айбдоркунандаи давлатӣ дар охирин мурофиа, ки рӯзи 8-уми октябр доир шуд, барои Парвина Абдуллоева 18 соли маҳрумият аз озодӣ талаб карда буд.
Парвина Абдуллоева рӯзи 5 июли соли ҷорӣ бо баҳонаи ҷамъоварии ҳезум ҳамроҳ бо се кӯдакаш аз хона берун шуда, ба Душанбе омад ва худро бо Оминаи 5-сола, Маҳинаи 6-сола ва Зиёвуддини 7-сола ба канали Ҳисор партофт. Парвина зинда монд, аммо ҷасади кӯдакон рӯзи дигар пайдо шуд.
Парвина Абдуллоева дар рӯзҳои аввали мурофиа дар толори додгоҳ иқрор кард, ки “дар ин ҳодиса танҳо худаш гунаҳкор аст ва бояд худаш ҷавоб гӯяд, на каси дигар”. Абдуллоева баъди огоҳ шудан аз робитаи ҳамсараш бо зани дигар қасд ба ҷони худ карда, ба Душанбе омад ва худро ҳамроҳ бо кӯдакон ба дарё афканд.
Парвина Абдуллоева бар асоси қисми дуи моддаи 104-уми Кодекси ҷиноӣ, банди “а” ва “в” ба куштори огоҳонаи ду шахс ва бештар аз он айбдор шуд. Ин модда аз 15 то 25 соли зиндонро дар назар дорад. Аммо агар додгоҳ ҳолати равонии ӯро ҳангоми содир кардани ҷиноят ба назар мегирифт, эҳтимол дошт, ӯ аз 2 то ба 5 сол маҳкум ба зиндон шавад.
Матлуба Бобоҷонова, вакили дифои Парвина Абдуллоева, қаблан гуфта буд, ташхиси тиббӣ дар бемористони воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ муайян кардааст, ки зерҳимояаш гирифтори бемории равонист.
Аммо Зайниддин Бобобеков, шавҳари Парвина, ки 11 сол зиндагии муштарак доштаанд, иддаои ҳамсарашро дар бораи муносибати ӯ бо зани дигар рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳамсараш на аз рӯи рашк ба ин кор даст зад, балки ба эҳтимоли зиёд, бемории тӯлонии фарзанди хурдияш Омина, ӯро гирифтори бемории равонӣ кард.