Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯшаи зебое дар Душанбе дар хатари вайронӣ. ВИДЕО


Дар маркази Душанбе як манзиле, ки солҳои охир ба меҳмонхонаи тоҷикии муаррификунандаи фарҳанги миллӣ табдил шуда буд, бо хатари тахриб рӯбарӯ шудааст. Нақшаи генералии бозсозии Душанбе то дари манзили оилаи наққошони маъруф Сарвиноз Ҳоҷиева ва Олимҷон Камолов расид. Бо қарори мақомот ин манзил, ки бо намунаҳои осори таърихӣ оро ёфтааст, бояд тахриб шавад.

Ин ҷуфти ҳунармандро сарнавишти хонаи гилинашон, ки чун осорхонаи мардумӣ бунёд шудааст, нигарон кардааст. Мақомоти маҳаллӣ ба онҳо гуфтанд, бояд ҳуҷҷатҳои хонаро супорида, то охири сол онро холӣ кунанд. Ин биноро Сарвиноз бо шавҳараш 31 соли пеш сохтанд ва нӯҳ соли охир онро ба Маркази ҳунарӣ ва осорхонаи наққошии дастӣ, табдил доданд.

Хонум Ҳоҷиева мегӯяд: “Ягон огоҳинома нагирифтаам, лекин ҳар ду-се рӯз дар тақ-тақ мешавад. Бо ҳар гуна гапу хабар моро безобита мекунанд. Сеюм бор аст, "техпаспорт"-и хонаро ба ҳукумати ноҳия Исмоили Сомонӣ бурда месупорем. Ин бор омада, хостанд, хонаро сурат гиранд, бе ягон ҳуҷҷати расмӣ. Ба мо равшан намегӯянд, ки чӣ мешавад, ояндаш маълум нест.”

Дар ин хонаи гилӣ асарҳои наққошӣ, ҳунарҳои кандакории суннатӣ, сӯзаниҳои рангоранг, ҷиҳози қадимии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шудааст. Диққати сайёҳони хориҷиро ин осорхонаи кӯчак ва ғайримуқаррарии Олимҷон ва Сарвиноз ҷалб мекунад. Соли 2014 хонаи мазкур ба китоби «Travel» (Сафарнома) ворид шуд.

Сарвиноз Ҳоҷиева
Сарвиноз Ҳоҷиева

Сарвиноз Ҳоҷиева таърихи бунёди хонаи ғайриоддияшро чунин қисса мекунад: “Мо бояд тибқи як лоиҳаи бо Фонди «Сорос» дар хона ба як гурӯҳ кӯдакони ятимхонаҳо дарси наққошӣ медодем. Ба ин фикр омадем, ки кӯдакони ҳамеша дар утоқҳои иборат аз 4 девори ятимхона таҳсилу зиндагӣ мекунанд ва хуб мешавад агар мо онҳоро дар як хонаи асливу рангоранги тоҷикӣ дар як муҳити таърихӣ ба таҳсил фаро гирем. Аз сандуқи модарам чанд чизеро берун овардам, мисли ҳамин куртаву сӯзанӣ ва ҳамин тавр оҳиста-оҳиста хона пур аз ҷиҳозу нигораҳои қадимӣ шуд”

Замони бунёди ин хона, дарахти ангури 50-сола ҳам ба масоҳати дохили манзил меафтад, соҳибони эҷодкор ҳам намехоҳанд, дарахти таърихиро решакан кунанд ва дарахт қисман дар дохили хона мемонаду қисми дигар дар берун.

Гӯшаи зебое дар Душанбе дар хатари вайронӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

Сарвиноз Ҳоҷиева мегӯяд, манзили онҳо на танҳо бо шеваи ороиш, балки бо муҳити бунёдиаш ҳам аз хонаҳои дигари шаҳр фарқ мекунад. “Дар хона мо як табиати зинда дорем, бо усули суннатӣ бунёд шуда ва деворҳо танҳо панҷакаш шудаанд. Ман фикр мекунам бо ин шева хона нафас мекашад ва мо ҳам дар ин хона дар ҳама фасл метавонем бароҳам нишинему меҳмон қабул кунем.”

Маҳз кору зиндагӣ дар ҳамин муҳит барои дастёбӣ ба муваффақиятҳои сарвари ин хонавода, Олимҷон Камолов - рассоми миниатюристи маъруф, ки дорандаи чандин ҷоизаҳои ҷаҳонӣ аст, таъсиргузор будааст. Тарзи сохт ва ороиш хонаи қадимии, Сарвинозу Олимҷон, ки ба ҷуз аз компютер дигар чизе аз дасгоҳҳои замонавӣ дар он нест, диққати сайёҳони хориҷиро ҷалб ва ҳамин тавр роҳи онҳоро ба намоишгоҳҳои байналмиллалӣ боз мекунад.

“Заминаи ҳамаи мувафақиятҳои мо аз ҳама мулоқотҳои мо бо меҳмонон дар ҳамин хона шурӯъ мешавад. Онҳо меҳмон мешаванд ва кори моро ҷойи дигар муаррифӣ мекунанд. Ташкили намоишгоҳ барои рассом кори осон нест, мо тавонистем намоишгоҳи худро дар хона ташкил кунем ва ҳар як омаду рафти меҳмонҳо барои пешрафти кори мо нақши муҳим доранд”,-мегӯяд Сарвиноз Хоҷиева.

Ин хонамузей дар кӯчаи Ғанӣ Абдуллоҳ, феълан Ҳанифа Мавлоноваи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе воқеъ шудааст. Мақомоти ноҳияи Исмоили Сомонӣ тахриби теъдоде аз манзилҳо дар ин кӯчаро таъйид карданд, аммо замони кӯч додани мардум маълум нест.

Сарвиноз Ҳоҷиева ва хонаводаи ӯ ҳоло ба он фикр уфтодаанд, ки натиҷаи заҳмати чандсолаашонро, ки дар хона музейи худ ҷамъ овардаанд, куҷо мебаранд ва ин ҳам маълум нест, ки баъди тахриби ин хона, дигар шавқе барои бунёди як чунин манзили таърихӣ ва осорхонаи мардумиро хоҳанд дошт ё на.

XS
SM
MD
LG