Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷовузи дастҷамъӣ ба номуси як зан дар Сарбанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як зани 34-сола дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон аз сӯи гурӯҳи ҷавонон, ки дар миёнашон хонандагони мактаб низ будаанд, мавриди таҷовузи дастҷамъӣ қарор гирифтааст.

Мақомоти пулис дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон мегӯянд, як зани 34-сола аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз сӯи ҳафт нафар, ки миёни онҳо ноболиғон низ будаанд, мавриди таҷовузи дастҷамъӣ қарор гирифтааст. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин ҳодиса нимашаби 12 январи соли ҷорӣ рух додааст.

Манбаъ меафзояд, дар робита ба ин қазия, ки ҳанӯз тафтишаш идома дорад, Ҷонӣ Гулмуродов (соли таваллудаш 1994), Рамазон Арабов (1996), Хайриддин Шукуров (1992), Алидод Аламшоев (1996), Саиднуриддин Сайдаҳмадов (1989), сокинони ноҳияи Бохтар ва ноболиғон -- Р.И. ва М.А. (соли таваллудашон 1997), хонандагони синфи 11, гумонбаранд.

Бар асоси хабари Вазорати умури дохилӣ, ин гуруҳи ҷавонон дар назди заводи “Тоҷик-Азот”-и шаҳри Сарбанд ин занро латту кӯб намуда, сипас ба мошини сабукрави “Нексия”, ки ба Суҳроб Имомов (1991), тааллуқ доштааст, савор кардаву ба болои теппаҳои ҳудуди шаҳри Сарбанд мебаранд. “Онҳо бо истифода аз зӯроварӣ ба навбат бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кардаанд”,-омадааст дар хабари ВУД.

Манбаъ мегӯяд, ба дунбол Ҷонӣ Гулмуродов ин занро ба назди бозори марказии шаҳри Сарбанд оварда, ба шахсе бо номи Саидҷон Толибов, соли таваллудаш 1993 супурдааст, ки ин шахс низ занро ба дохили боғи “Ғалаба” бурда, ба номусаш таҷовуз кардааст. Мақомот мегӯянд, ҳамакнун бар асоси шикояти ин зан парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва тафтиш идома дорад. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои таҷовуз, яъне алоқаи ҷинсӣ бо истифода аз зӯроварӣ нисбати зан, аз се то ҳафт соли ҷазо пешбинӣ кардааст.

Барои нахустин бор аст, ки дар Тоҷикистон мақомот дар мавриди таҷовузи гурӯҳӣ ба номуси як зан иттилоъ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG