Гурӯҳи ҷавонони ихтиёрӣ барои як ҳафта дар хиёбонҳои Душанбе тадбири занги телефонӣ ба модарро ба роҳ мондаанд. Мафҳуми ин иқдом дар он аст, ки дар байни кор ё ташвишҳои зиндагӣ шахс набояд аз азизтарин шахс - модари худ фаромӯш кунад.
Бо машварати ташаббускорони ин тадбир чанд нафар ҳамон замон дар сари хиёбон ба модарҳои худ занг зада изҳори муҳаббат карданд. Дар ҷомеаи Тоҷикистон арзиши волидон ва эҳтиром ба падару модар як суннат ва фарз аст ва зарурати ҳар лаҳза таъкид кардан ба мавқеи хоси волидон дар чашми фарзанд аз назари аввал гӯё лозим нест.
Вале ташаббускорони тадбири “Занг ба модар” мегӯянд, дар давоми як рӯзи мушоҳидаҳои онҳо, дар баробари афроди хушмуомилаву меҳрубон бо азизонашон, онҳоеро ҳам вохӯрданд, ки барояшон муносибат бо модар дарднок будааст. Саъдулло Юсуфов, як ташаббускори ин тадбир дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, тадбири "Занг ба модар" барои барқарор кардани муносиботи як марде бо модараш кӯмак кардаанд:
“Як мард, ки бо модараш ногап ва қаҳрӣ буд, вақте занг заду ба ӯ изҳори муҳаббат кард, аз чашмаш ашк шашқатор рехт. Ҳайрон шудем”.
Як донишҷӯ Шаҳбоз, ки ба модараш телефонӣ изҳори муҳаббат кард, гуфт, ҳамеша модараш дуо мекунад, ки зиндаву саломат ва дар амони худо бошад. Ин тадбирро ихтиёриёни Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар манотиқи мухталифи шаҳри Душанбе роҳандозӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, танҳо Рӯзи модар ё 8 март нест, ки бояд ба модарони худ арҷгузорӣ кард, балки ҳар рӯз ин корро кард, то ки меҳру муҳаббат дар оила бештар шавад.
Як ҳарфи гарм метавонад на танҳо дилҳои сардро гарму пеши роҳи хушунатро бигирад, балки барои созандагиву афкори тозаи шахс мусоидат кунад, мегӯянд равоншиносон.
Шумо ҳам ба модари худ занг мезанед?