Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Тоҷикстандарт»: Санҷиши маҳсулоти Roshen идома дорад


Roshen дар ҳоли ҳозир чоряки бозори фурӯши маҳсулоти қаннодии Тоҷикистонро дар даст дорад.
Roshen дар ҳоли ҳозир чоряки бозори фурӯши маҳсулоти қаннодии Тоҷикистонро дар даст дорад.

Масъули ожонси «Тоҷикстандарт» мегӯяд, маҳсулоти фабрикаи қаннодии Roshen-и Украина «дар ҳоли санҷиши лабораторӣ» қарор дорад.

Миралӣ Олимов, муовини Ожонси стандартизатсияву метрология ва сертификатсияи Тоҷикистон рӯзи 5 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки санҷиши такрории маҳсулоти қанодии «Рошен» дар марҳалаи озмоишгоҳӣ аст ва то хатми ин раванд дақиқан аз зараровар ё безарар будани ин маҳсулот чизе гуфта наметавонад.

Чунин ба назар мерасад, ки ин идораи давлатии Тоҷикистон аз мавзеьи пешинаш, ки Русияро дар набарди зидди бузургтарин корхонаи шоколадсозии Украина тарафдорӣ накард, акнун каме ақиб менишинад.

Дар поёни мохи июл Русия ва ба дунболаш Беларус воридоти маҳсулоти ин корхонаи қаннодии Украинаро ба ин сабаб, ки гӯё дар таркиби фаровардаҳояш маводи зараровар вуҷуд дорад, мань карданд. Ба дунболи ин хабар мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки маҳсулоти дар Тоҷикистон будаи ин корхонаро санҷидаанд ва барои саломатӣ безарар будааст.

Ибодуллоҳ Қурбонов, муовини аввали раиси Ожонси стандартизатсияву метрология ва сертификатсия ё худ «Тоҷикстандарт» ба расонаҳои хабарӣ гуфта буд, «то ҳол ягон бор дар маҳсулоти Roshen ягон камбудӣ пайдо накардаем. Баъди онки дар матбуоти Русия хабарҳо дар бораи манъи фурӯши ин маҳсулот аз ҷониби Федеросиюни Русия нашр шуд, мо аз нав тафтиш кардем, вале аз он ҳама ҳарфҳое, ки Роспотребнадзор хабар дода буд, ягонтоаш тасдиқ нашуд.»

Вале Миралӣ Олимов, муовини дигари раиси ожонси «Тоҷикстандарт» ин масъаларо комилан ҳалношуда медонад. Ба гуфти вай ин маҳсулот дар озмоишгоҳҳои ожонсӣ, ки «дар сатҳи байналмиллаӣ аст, дар ҳоли санҷиш қарор дорад».

Бино ба ҳисобҳо, Roshen дар ҳоли ҳозир тақрибан чоряки бозори фурӯши маҳсулоти қаннодии Тоҷикистонро дар даст дорад.

Ибодуллоҳ Қурбонов, моҷаро дар атрофи маҳсулоти Roshen байни Украинаву Русияро «бозии сиёсӣ» номидааст. Бисёре аз нозирони умур дар Русияву Украина низ ба вуҷуди ангезаҳои сиёсӣ дар ин «баҳси шоколад» байни Маскаву Киев таъкид мекунанд.

Руслан Бортник, мудири пажӯҳишгоҳи таҳлил ва мудирияти сиёсӣ мегӯяд, манъи фурӯши маҳсулоти Roshen дар Русияву Беларусу Қазоқистон ва тафтиши ин маҳсулот дар Тоҷикистону Молдова ба фаъолиятҳои сиёсии молики корхона Петро Порошенко рабт дорад. Бортник мегӯяд, «тайи як соли охир Порошенко ба таври фаъол аз эҳтимоли пайвастани Украина ба узвияти Иттиҳоди гумрукӣ интиқод мекард. Гузашта аз ин, чандин бор гуфт, ки узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ ҷавобгӯи манофеъи миллии Украина нест. .. Ба ғайри ин, Порошенко соле пеш баровардани маҳсулоти корхонааш бо этикеткаҳои русиро манъ карда буд.»


Геннадий Онишенко - раиси “Роспотребнадзор, ки ҳоло бо шоколадҳои Украина “ҷанг “ эълон кардааст, рӯзи 29 июл эълон кард, ки ба шоколадҳо ва шириниҳои дигари сохти Украина, аз ҷумла сохти ширкати “Рошен”, иҷозаи вуруд намедиҳанд. Онишенко гуфтааст, ки кормандони “Роспетребнадзор” дар таркиби шоколадҳои ширии ширкати “Рошен” меъёрҳои баланди моддаи саратонзои бензопиренро ошкор кардаанд.

Аммо ширкати “Рошен” иддао мекунад, ки корхонаҳои қаннодиаш меъёрҳои тавлидотии ҳам Украинаву ҳам Русия дар бораи таркиби шоколадҳоро риоят мекунанд ва дар давоми 15 соли фаъолияти худ боре ҳам аз Русия шикоят нашунидаанд. “Рошен” даҳҳо навъ ширинӣ ва шоколад тавлид мекунад.

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ки манъи воридоти шоколад ба он иртибот дорад, ки Украина ба мошинҳои сохти Русия боҷи гумрукӣ эъмол кардааст.
Киев ҳамчунин дар баҳсҳои тиҷоратӣ бо Русия роҷеъ ба молиёти такрорӣ барои мошинҳои кӯҳнаи хориҷӣ бартарӣ додааст, то рӯ ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат орад. Ин кор Русияро ба ғазаб овард ва дар аввалҳои моҳи ҷорӣ дар посух эълон кард, ки барои ангишту шоколад ва шишаи Украина боҷи ҷавобии гумрукӣ эъмол шавад.

Антон Ануфриенко - сардабири “Коммерсант-Украина” мегӯяд, мардум то ин дараҷа фикр намекарданд, ки кор то ба манъи воридоти шоколади украинӣ мерасад. Вай мегӯяд, ҳар гоҳ ки боҷи гумрукӣ барои мошинҳои Русия аз миён бардошта шавад, шоколадҳои Украина “ ҷавобгӯи меъёр” мешаванд ва мушкил ҳал хоҳад шуд.

“Рошен” аз ширкатҳои бузурги тавлидкунандаи шоколади Украина аст, ки ба 9 кишвари пасошӯравӣ ва ҳамин тавр, ба Амрико, Канада ва Олмону Исроил фаровардаҳои худро содир мекунад. Соли гузашта содироти ин ширкат ба Русия ба 40 миллион доллар расида буд. Соҳиби ин ширкат миллиардер ва “шоҳи шоколад” Петро Порошенко аз дӯстони Виктор Юшенко - раҳбари "инқилоби норинҷӣ"-аст, ки тавонист равобиташ бо раисиҷумҳури кунунӣ Виктор Януковичро низ ҳифз кунад.
XS
SM
MD
LG