Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбари Турсон: "Сӯйи бесӯйӣ равонем, эй дареғ!"


Акбари Турсон. Акс аз 12-уми сентябри 2024
Акбари Турсон. Акс аз 12-уми сентябри 2024

Акбари Турсон, номи ошно на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар доираҳои илмӣ ва фикрии дунё аст. Дар оғози даргириҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ масъулияти раёсати Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хатии Академияи илмҳоро ба дӯш дошт. Дертар ба Амрико рафт ва 17 сол дар он ҷо буд.

Пас аз як мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар Амрико, соли 2011 ба Душанбе даъват ва мудири яке аз пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳо таъйин шуд. Гуфта мешуд, ки бояд дар ин ниҳоди илмӣ зери раҳбарии ӯ ислоҳот сурат бигирад. Ин ислоҳот баҳсҳои зиёдро ба бор овард. Ҳоло бознишаста аст. Рӯзи 1-уми октябр 85-сола шуд. Радиои Озодӣ бо ин донишманди саршинос дар бораи мавзуъҳои муҳими ҷомеаи Тоҷикистон, илм, муҳити равшанфикрӣ ва зиндагии шахсиву кору рӯзгор суҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Ин шабу рӯзҳо ҳолу ҳавову кору рӯзгор чӣ гуна аст?

Мо ҳоло мурғи посӯхта. Худро ба чор тараф мезанем, бенатиҷа. Байни ҳокимият, эҷодкорон, аҳли савод, як навъ муколама бояд бошад.

Акбари Турсон: Мо одамони куҳна. Меъёрҳоямон дигар: меъёри садоқат, ватандӯстӣ, муносибатҳои инсонӣ. Агар фурсату имкон буд, бояд худро аз нав тарбия кунем. Мо дар давраи капитализм зиндагӣ накардем. Мо, ба маънии пурра, маҳсули иҷтимоиву мадании давраи Шӯравием. Ва Бозор (Собир - РО) дуруст мегуфт, ки “ман як ватан доштам”. Он давраҳоро ҷудо кардан намешавад. Як ватан доштан ба ин маъно, ки мо ба ин шароити нав дигар одат кардан наметавонем, бо ҳамон будааш меравем. Вай ба ҳар ҳол меъёру идеалҳо дошт. Ҳозир намедонед, ки куҷо рафта истодаед ва ба қавли Лоиқ “Сӯйи бесӯйӣ равонем, эй дареғ аз кӯйи мо”. Ана, ҳамин одамонро пароканда мекунад. Бе тайёрии маънавӣ аз як система ба ситемаи дигар гузаштан, тамоми низоми ботинӣ ва ҳам рушди шахсиятро вайрон мекунад.

“ДӮСТИ НАЗДИКИ ТӮРАҶОНЗОДА”

Радиои Озодӣ: Ба чӣ корҳо машғулед, мақола менависед, китоб менависед ё рӯйи тарҳе фикр мекунед?

Акбари Турсон: Агар дар бораи китобҳои менавиштаам ё корҳои мекардаам суҳбат кунам, сар ба занбӯрхона табдил ёфтааст. Гапи гуфтанӣ бисёр, лекин меандешед, ки ҳамин гапи ман ҳоло даркор аст? Ин гапро ба кӣ мегӯям? Ба қавли Лоиқ, “агар ту паёмбарӣ, паём ба кӣ мебарӣ?” Ана, ҳамин андешаҳо одамро боз медорад. Ман як силсиларо оғоз кардам, мақолаву китоб мешавад. Дар бораи портрети фарҳангшинохтии шахсиятҳое, ки муҷассамаи замон ҳастанд. Аз Айнӣ сар кардам. Баъдан Ғафурову дигарон.

Радиои Озодӣ: Оё ин ба як навъе шахспарастӣ нест?

Акбари Турсон: Не. Замон бидуни шахсият вуҷуд надорад. Шахсият ба унвони василаи инъикоси рӯзгор.

Радиои Озодӣ: Дар шахсияти ин чеҳраҳо, чӣ чизи ногуфтае барои портрет сохтан аст?

Акбари Турсон: Мана ман, гуё ҳамчун як рамзи давраи истиқлол. Дар ин ҷо ҳамаи ин чизҳоро таҳлил карда, ба ҳоли худам муқоиса карда, хулоса мебарорам. Ман ба чеҳраи Ғафуров гузаштам. Як мулоқоте мешавад дар хонаи Ҷалол Икромӣ. Як касе мехезаду ба Ғафуров мегӯяд, ки устод, аз ин ба баъд мо шуморо созандаи миллати тоҷик мегӯем. Ман дар ин силсила гуфтам, ки не, созандаи миллат як кас. Ҳеч кас ҷояшро пур накардааст. Ҳамин Айнӣ. Дар воқеъ, мақолаҳои солҳои 20-ум, публитсистикаи Айниро мехонед, он кас аз тариқи матбуоти тотор, Туркия аз бисёр чизҳо бохабар буданд. Як қаҳрамонӣ ҳамин ки калимаи дар ҳоли нестшавии тоҷикро аз кӯҳистон ёфта оварда, ба як миллати нав татбиқ карданд ва собит карданд. Ва гуфтанд, ки суннатҳои эҷодӣ дар ҳамин вилояти ба истилоҳ Ленинобод аз Масчо оғоз мешавад ва як-як гуфтанд, ки мо чӣ гуна суннатҳоро нигаҳ доштем. Ҳатто шаҳрҳое, ки зери таъсири ҳамагонии туркҳои навхеста ё навомада тағйир ёфта буд, ҳаминро агар вориди дарунаш шавед ва таҳлил кунед, мебинед, ки мо чӣ хел суннатгаро будем, суннатгаро ба маънии нағзаш. Суннатгаройӣ ба маънои манфӣ ҳам ҳаст. Суннатгаройӣ барои истиқлоли ҳамасола, ҳамарӯза ва ҳамаасра.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Акбари Турсон. Ню-Йорк, соли 2009
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Акбари Турсон. Ню-Йорк, соли 2009

Радиои Озодӣ: Гуфтанд, ки дар солҳои 2011-2012 шуморо раисҷумҳур аз Амрико овард, то дар Академияи илмҳо ислоҳот кунед. Дуруст?

Акбари Турсон: Ман соли 2008 омадам, маро қабул накарданд. Зеро ваъда ҳамин буд, ки маро муовини раиси Академия таъйин мекунанд. Ман омадам, маро қабул накарданд. Баъдтар фаҳмидам, ки як одами наздикашон, номашро намегирам, даромада гуфтааст, ки аз ин бача ҳушёр шавед, вай дӯсти наздики Тӯраҷонзода. Ман се ҳафта мунтазир шуда, сонӣ билет гирифтаму рафтам. Рафтам ба Амрико ва шаҳрвандии он кишварро қабул кардам. То он вақт ба ман чанд бор донишгоҳ пешниҳод карда буд, рад карда будам. Хайр, гуфтам қисмат агар ҳамин бошад, мо қабул дорем. Гуфтам, нақшаҳои илмӣ дорам, бинобар ҳамин, менишинаму корамро идома медиҳам. Баъдтар ҳамчун шаҳрванди Амрико баъзе ҳуқуқи нав пайдо кардам ва якчанд нақшаҳои илмиро сохтам. Сафири мо дар Созмони Милал, ҳоло вазири корҳои хориҷӣ, хеле ватандӯсти асил аст. Вай маро дида, гуфт, муаллим нигарон нашавед, мо боз ин масъаларо мебардорем. Гуфтанд, ки дар ҳар ҳолат Бозор Собиру шуморо мебарем. Соли 2009 дар Ню-Йорк бо президент мулоқот кардам.

Радиои Озодӣ: Омадед, шуморо раиси Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Академия таъин карданд...

Акбари Турсон: Мамадшо Илолов бисёр пойфишорӣ карданд. Имейли бисёре навиштанд, ки ту барои кӣ кор мекунӣ? Хидматат барои миллатат бояд бошад, барои ҳамин, ин ҷо буданат даркор. Ба ҳамон будааш, дар ҳамон сатҳ розӣ шавед. Ҳоло, мо реформаи Академия, одитарин корҳои амалиро роҳандозӣ кардем. Мо пажӯҳишгоҳҳои забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатиро, ки ташкилоти қавӣ набуданд, муттаҳид кардем ва барои ҳамин як назари нав даркор. Ман гуфтам, ки сохта фиристам, гуфтанд, не, ҳамин ҷо биёву якҷоя кор кунем. Ман ҳам аз корҳои бенатиҷа безор шудам, ду кас шавем, ҳадди ақал. Хеста омадам.

“БА МАСОВ ҶАБР ШУД”

Радиои Озодӣ: Вақте омадед, он чиро мехостед, татбиқ карда тавонистед?

Акбар Турсон: Не! Институтҳоро реформа кардан даркор буд. Пеш аз ҳама аз ду ҷиҳат: Якум, мавзуъро замонавӣ кардан даркор. Замонавӣ ба маънои классикияш. Яъне ба сатҳи имрӯзии илми ҷаҳонӣ мутобиқ кардан даркор. Лекин, аввалин корҳоро, ки сар кардам, аз шуъбаи ба истилоҳ илмҳои иҷтимоӣ як девори чинӣ сохтанд. Мехостанд, бо дасти коргарони се институт “режим”-и маро сарнагун кунанд. Ягон пешниҳоди маро шуъба қабул намекард. Мехостем сохтори навро роҳандозӣ кунем, ҳеч илоҷи ҷорӣ кардан набуд. Баъд ба Илолов гуфтам, ки ҳамин шуъба чӣ даркор? Ин як сохтори нолозими куҳна аст. Аз рӯйи вазифаашон нуфуз мекунанд ва мехоҳанд, ки гапашон гузаро бошад. Бо ин тасаввурот, ту то куҷо меравӣ?! Хуллас, ҷанҷол сар шуд. Илолов гуфт, биёед, якбора ба президиум мемонем. Дар ҳамин президиум якбора сохторро тасдиқ карда гирифтем. Зеро барои шуъбаҳои нав мавзуъҳо ёфтан даркор буд ва ҳамаро асоснок кардан зарур буд. Вақти ман барои ҳамин корҳо комилан сарф шуд. Акнун ба реформаи воқеӣ мегузарам гуфтам, ки дар боло боз як фикри нав пайдо шуд. Ману Масовро ба нафақа фиристодан. Моро ба назди мушовири кадрҳо ба дастгоҳи иҷроия даъват карданд. То лаҳзаи ба утоқи мушовир ворид шудан, намедонистем, ки мавзуъ чист, зеро моро ногаҳон даъват карда буданд.

Радиои Озодӣ: Кӣ даъват карда буд?

Акбари Турсон: Акнун бо гирифтани номи он кас ҳеч масъала ҳал намешавад. Хуллас дар ҳамон ҷо нишастем. Дар он ҷо, як академик, ҳоло сафири мо дар Узбекистон – Абдуҷаббор Раҳмонзода нақш дошт. Вай бо Масов кадом бархурде доштааст. Масов дар яке аз маҷлисҳои Академия ба ӯ дағал карда гуфтааст, ки ту вазоратро вайрон кардӣ. Бо ҳамин дар дилаш кина пайдо шудааст ва гуфта, ки аввалин коре, ки ман дар вазифаи навам мекунам, ӯро пеш кардан. Вақте ин тасмимро эълон карданд, Масов худашро дошта натавонист ва баланд гуфт, ки “за что?” (барои чӣ?). Ман дар паҳлуяш будам, гуфтам, ки “я скажу за что” (ман мегӯям, ки барои чӣ).

Раҳим Масов соли 2018 даргузашт
Раҳим Масов соли 2018 даргузашт

Ҳамин хел карда, бо ханда ба берун баромадем. Ман дар он ҷо гуфтам, ки хуб, давраи мо гузашт, дигар мо даркор нестем. Баъдан Абдуҷаббор ба кадрҳо машғул шуд, кадрҳоро аз донишгоҳи омӯзгорӣ, ки он ҷо буд (Абдуҷаббор Раҳмонзода пеш аз ёвари раисҷумҳур дар бахши робита бо ҷомеа таъин шудан, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд - РО) меорад. Ягон тафтиш, комиссия, овоздиҳие, ки дар академия буд, нест. Ҳеч чиз нест, бо як даҳан сухан таъин шудан мегирад. Баъди ин, ман Масовро масхара мекардам. Аммо баъди аз кор гирифтан умраш кӯтоҳ шуд, зери нуфузи бетаваҷҷуҳӣ, азоб монд. Ман дар ҳамон дастгоҳи раисҷумҳур гуфтам, ки барои ман ҳеч гап не, зеро аз нисф зиёди умрам, солҳои эҷодиям дар хориҷ гузашт. 25 сол қариб дар Маскаву Ленинград, 17 сол дар Амрико будам. Гуфтам, ман даъво надорам, ман ба ин ватан ҳоло хидмат накардаам. Лекин ба Масов ҷабр шуд.

“МАН АЗ ҲАР ДУ ТАРАФ КАЛТАК ХӮРДАМ”

Радиои Озодӣ: Ҳамеша ба нақши рӯшанфикрон дар ҳалли буҳронҳои ҷомеа таъкид мешавад. Аммо интиқод аст, ки фарҳангиёну зиёиёни тоҷик дар солҳои 90-уми садсолаи гузашта натавонистанд аз буҳроне, ки дар ҷомеа ба вуҷуд омад, пешгирӣ кунанд. Розиед?

Акбари Турсон: Кори ман дар солҳои навадум бо баҳсу мунозира бо намояндаҳои марафону митингҳо сар шуд, зеро он ҷо файласуфҳо ҳам буданд. Раиси Ҳизби демократ, Шодмон Юсуф, бисёр нақш дошт. Дар миёнашон баъзеҳо экстремист буданд. Ман он замон Лоиқро розӣ кунонида, Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ кардем. Ман гуфтам, мусолиҳа нею муросои миллӣ. Онҳое, ки ба миёнҷигарӣ машғул буданд, аз ҷумла ба ману Лоиқ дар бӯстонсаро (дача) ҷой доданд. Он ҷо то соатҳои 2-3 нишаста, номи ҳукуматро баҳс мекардем. Лоиқ мегуфт, мусолиҳа, ман гуфтам не, муросо, муросои миллӣ, зеро гузашт кардан ҳам ҳаст. Ҳам аз тарафи ҳукумат ва ҳам аз тарафи мухолифон. Аммо баъзе равшанфикрони экстремист вайрон карданӣ буданд. Барои ҳамин, он вақт ман аз ҳар ду тараф калтак хӯрдам. Маро мегуфтанд, ки ин намояндаи Ленинобод. Ман гуфтам, ки мо як миллат. Биёед, байни ба истилоҳ рӯшанфикрон ин гапҳо набошад. Ҳарчанд калимаи рӯшанфикр ҳам гирифтагӣ, тақлид. Методи корашон ҳам тақлид. Хуб, дар Маскав ҳизби демократ сохтанд, инҳо ҳам сохтанд. Фронт сохтанд, ин ҷо ҳам фронт. Аз худашон ҳеч чиз надоранд, “пустой место”. Мегуфтам, бо ҳамин тасаввурот, бо ҳамин фикр, ту ҳокимиятро мегирӣ? Баъд чӣ кор мекунӣ? Баъди ҳукуматро ташкил кардан, Латифӣ ба ман гуфт, ки маро ба вазирии корҳои хориҷӣ пешниҳод кун. Ту чӣ мехоҳӣ, гуфт. Гуфтам, ҳеч чӣ намехоҳам.

Радиои Озодӣ: Чӣ сабаб шуд, ки донишмандоне чун шумо, баъди ташкили ҳукумат дар Хуҷанд оҳиста-оҳиста кишварро тарк кардед. Аз ҷумла, шумо ба Амрико рафтед? Чаро?

Акбари Турсон: Барои ман даъватнома буд, аз Донишгоҳи Пенсилвания. Ҳамон ҷо рафтам. Вақте ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, амрикоиҳо маро намонда, гуфтанд, ки ҳамин ҷо истед. Он ҷо куштор сар шуд, аз рӯйи маҳаллу инҳо. Ин қарзи мо аз рӯйи профессура, ки шуморо ҳифз кунем. Агар ҳоло шуморо ҷавоб диҳем, ягон фалокат мешавад. Дар воқеъ, маро ду бор куштанӣ шуданд.

“ҚАРИБ 50 ҲАЗОР ҶАВОНРО КУШТЕД, МАН ЯГОН ШОХ ДОРАМ?!”

Радиои Озодӣ: Кӣ?

Акбари Турсон. Акс аз соли 2022
Акбари Турсон. Акс аз соли 2022

Акбари Турсон: Дар ёдам ҳаст, ки рӯзи ҳафти пасомаргии Ҷалол Икромӣ буд. Аз ҳамон ҷо қад-қади канал ба хона пиёда омадам. Вақте меомадам, як “Жигули”-и кабуд гузашт. Чанд бор аз пешам гузашт. Ин бор ягон 50 метр рафт ё не, истод. Ду кас баромад. Яктояш автомат дошт, яктояш рӯйхати номҳо. Номи ман дар аввал. Яъне, инҳо зондеркоманда ташкил карда буданд, душманонро дар ҷояш парондан.

Радиои Озодӣ: Онҳо кӣ буданд? Аз ҳукумат ё аз мухолифин?

Акбари Турсон: Он ҷо ман мушаххас карда натавонистам, мавриди ин гап набуд. Танҳо илоҷи зинда монданро ёфтан буд. Автоматро рост карду гуфт, ки ин ҷо биё.

  • Ман гуфтам, ки ту худат кӣ?
  • Баъд мефаҳмӣ. Гуфт, ки ба лаби канал фаро, дар сарат як очеред тиям, баъд мефаҳмӣ.

Ман, китоберо, ки дар дастам буд, ба болои мошин (копот) задаму гуфтам:

  • Гир парон. Дар ин ҷанг қариб 50 ҳазор ҷавонро куштед, ман ягон шох дорам?! Дар даруни онҳо шояд чандин Эйнштейнҳо буд. Ман чӣ, рафтем. Фаромадам, парон гуфтам. Аммо комиссаре, ки дар паҳлуяш буд, мумкин баъди гапҳо ман дар дилаш раҳм пайдо шуд, ки гуфт, дастро диҳед, бароед аз ин ҷо.
  • Мебахшед, муаллим. Ин ҷо хато шудааст. Ба автоматдор гуфт, ки рав он ҷо ист, ман биёям мерем.

Автоматдор гуфт, ки о, ин худаш иқрор кард-ку. Не, гуфт, хато шудааст.

Радиои Озодӣ: Дуюмбора дар куҷо буд?

Акбари Турсон: Як академик рӯзи таваллуд ташкил кард, ҳамон ҷо рафтем. Аз он ҷо баромада, тасмим гирифтам ба хона қад-қади кӯча пиёда равам. Аммо мошину чангу ғубор азмамро дигар карду гуфтам, бо паскӯчаҳо меравам. Вақте аз паҳлӯи хонаҳо мегузаштам, ду ҷавон маро дошта, гуфтанд, ки ба куҷо меравӣ? Гуфтам, ба хона. Пурсиданд, чаро дар ин ҷоҳо мегардӣ? Он ҷо қароргоҳи як мулло буд.

Радиои Озодӣ: Мулло Абдуғаффор?

Акбари Турсон: Бале, аз ҳамон. Ин муҳофизонро дар гирду атроф монда будааст. Яке аз ҷавонҳо гуфт, “давай отправим его в ставку, там разберутся”. Дуюмаш гуфт, ки “опасно, там же убьют”. Ҳамон ҷо ҳам дуто тоҷик ихтилоф карданд ва хуллас, ки маро нафиристоданд.

Радиои Озодӣ: Аз назари шумо, чаро ҳаракати рӯшанфикрие, ки дар поёни солҳои 80-ум оғоз шуд, ба сиёсат ва билохира ба ҷанг кашид?

Обрӯю эътибори равшанфикр, аҳли зиёро баланд бардоштан даркор. Ба аҳли савод такя кардан даркор. Ба аҳли саводи хушомадгӯю чоплус не.

Акбари Турсон: Хуб, агар инро гап занам, як рӯзи дароз таҳлил кардан даркор. Дар ин миён киҳо буданд, аз онҳо ҳеч касе омода набуд барои роҳбарӣ кардан. На барнома доштанд ва на ҳарфашонро исбот карда метавонистанд. Гуфтам-ку, ҳама кор тақлид буд. Ҳамин рӯшанфикрро аз Эрон гирифтанд, аммо дар Эрон рӯшанфикр узви ҳизби коммунист буд. Лекин инҳо моҳияти ин наҳзатро ҳатто нафаҳмиданд. Агар тақлид кунед, коратон ҳамин мешавад, дар охир ҳамаро қабул мекунед. Он ҷо Тоҳири Абдуҷаббор буд. Вақти миёнҷигариҳои ману Лоиқ, қариб Лоиқро аз даст медодем. Мо аз қозиёт баромада, ба мошин нишаста рафтанӣ будем, ки дар ҳамин вақт дидам, ки ҳамон Тоҳир омада истодааст, аз майдони “Шаҳидон”. Ба Лоиқ гуфтам, ки аз ҳамин Тоҳир пурсам, ки аҳвол дар штаб чӣ гуна аст. Лоиқ дастамро дошту гуфт, ки шинед дар ҷоятон. Ҳаминро касе аз он размандагон шунидаст. Одами бисёре буд, дарав гирди мошинро печониданд, ки Лоиқро мебарорему мекушем. Як ҷондори Тӯраҷонзодаро дидам дар он ҷо. Гуфтам, ёрӣ диҳед. Гуфт, шумо дар мошин шинеду тирезаҳоро маҳкам кунеду газ диҳед, ман ин мардумро медорам. Ҳамин хел гурехтем, аз майдон.

“МО БАДНОМШУДАЕ АЗ ҶИҲАТИ МАҲАЛЛАМОН БУДЕМ”

Радиои Озодӣ: Устод, миёнҷигарӣ мекардед? Кадом тараф гапи шуморо гӯш мекард? Тарафи ҳукумат ё мухолифон?

Акбари Турсон: Он ҷо вобаста ба вазъият буд. Аввал мо рафтем ба пеши Сафаралӣ Кенҷаев. Бечораҳо ҳамааш саргум шуда буд. Миёнҷигариҳои мо чунин сар шуд: Ба ману Лоиқ барои ба ошхонаи Шӯро рафтан гузарнома дода буданд. Дар ҳамон ҷо Зайниддин Насриддинов, раиси ТоҷикТА (ҳоло АМИТ “Ховар” - РО) ману Лоиқро дида, омаду гуфт:

  • Муаллим, фардо байни ду майдон ҷанг мешавад. Шумо, ин ҷо бемалол хӯрок хӯрда шиштед. Дилатон намесӯзад?
  • Диламон месӯзад, аммо чӣ кор кунем?
  • Шуморо ҳар ду тараф мешиносад, миёнҷигарӣ кунед, фаҳмонед.

Хеста рафтем. Ҳар ду тараф моро намояндаи тарафи дигар фикр мекард. Ба КГБ рафтем, Набиев ҳамон ҷо буд. Гуфтааст, ки Турсуноваш дарояд. Даромадам, салом карду гуфт, “э, шумо чаро бо инҳоед?” Он тараф ҳам инро мегуфт. Мо бадномшудае аз ҷиҳати маҳалламон будем.

Радиои Озодӣ: Ҳоло донишмандон, рӯшанфикрон, академикҳо дар тасмимгириҳои калон нақше доранд? Бохабар ҳастед?

Акбари Турсон: Имрӯз, не. Дар хобу хаёл нест. Ҳеч кас даъват намекунад, намепурсад, ки мурдаед ё зинда. Онҳо тарбияи давраи коммунистиро гирифта буданд, ки одамони босавод бояд қадр шаванд.

Радиои Озодӣ: Чӣ фикр мекунед, ояндаи сарнавишти фарҳангу тамаддуну илм ба куҷо меравад?

Акбари Турсон: Барои ин бисёр корҳоро кардан даркор. Якеаш, ҳамин обрӯю эътибори равшанфикр, интеллигенсия, аҳли зиёро баланд бардоштан даркор. Барои ин, пеш аз ҳама ба аҳли савод такя кардан даркор. Ба аҳли саводи хушомадгӯю чоплус не. Дар охири ин низоъҳо интеллигенсия ба ду гурӯҳ ҷудо шуд, ба хушомадгӯю мансабгир ва ғайри он. Инро аввал назарияашро сохтан даркор. Яъне, кадрҳоро чӣ гуна тарбия кунем. Шиори Сталин буд, ки “кадры решают все”. Бо кадрҳои ҳозир “ничего не решишь”.

Радиои Озодӣ: Кишварҳои ҳамсояи туркзабони мо ҳама эълон карданд, ки аз алифбои сириллик даст мекашанд ва ба лотинӣ мегузаранд. Мо чӣ кор кунем: ба форсӣ ё..?

Акбари Турсон: Ин баҳсҳои солҳои бистум. Дар замони Айнӣ ҳамин буд. Мегуфтанд, ки забони мо аз ҷараёни рушд дар канор мондааст. Бинобар ин, мо бояд ба ҷараёни форсигароӣ ҳамроҳ шавем. Бояд истилоҳоти форсиро қабул кунем ва забони адабиро ҳам бо ҳамин тарз созем. Айнӣ гуфтанд, ки аввал хеш, баъд дарвеш. Яъне, ҳоло мардумро ҳар чи бештар босавод кардан даркор. Бинобар ин, алифбои сода, дар асоси гӯйишҳои халқ зарур аст. Агар як асари олиҷаноб бошад, аммо хонанда онро нафаҳмад, ҳеч чиз аст. Максимум забонро сода кардан даркор, вале забони форсӣ 70-80 дарсадаш арабӣ. Ҳоло дар давраи муллократия қавӣ шуд. Ман фикр мекунам, ягон тараф рафтан даркор не. Дар давраи шӯравӣ ҳам ҳамин қадар мақолаю китобе чоп шуд, ки ин ҳама як ҷузъи ҷудонашавандаи маданияти нави асри бистуми мост. Барои мо чун ҳавзаи воридшавӣ ба маданияти ҷаҳонӣ буд. Ҳоло инро ҷудо кардану якбора ба алифбои арабӣ гузаштан маъно надорад. Он ҳавзаро нигаҳ доштан даркору инашро ҳам. Бо алифборо дигар кардан намешавад. Дар ин ҷо боэҳтиёт кор кардан даркор, ҳардуяш бошад.

“РОҲБАРОНИ ДАВРАИ ШӮРАВИИ МО БИСЁР ТАРСОНЧАК БУДАНД”

Радиои Озодӣ: Аз суҳбатҳоятон маълум мешавад, ки ҳасрати замони шӯравиро бисёр мехӯред. Худро аз нигоҳи фикрӣ, бештар кӣ ҳисоб мекунед? Як инсони озодандешу демократ ё як парвардаи коммунизму мактаби коммунистӣ?

Акбари Турсон, 12-уми сентябри 2024
Акбари Турсон, 12-уми сентябри 2024

Акбари Турсон: Одамҳое ба мисли мо зери тарғибот (пропаганда) намемонанд. Ман дар давраи шӯравӣ ҳам озодандеш будам. Барои ҳамин, он давра 20 сол маро ҳатто ба конфронсу маҷлисҳои илмии ҷаҳонӣ рафтан намемонданд. Иҷозат набуд. КГБ “птичка” монда буд, ки намешавад. Ман норизоятиҳои зиёде доштам, онҳо ҳам медонистанд. Танҳо дар давраи Горбачёв маро сар доданд. Аввал ду моҳ ба Париж иҷозат доданд, ба ЮНЕСКО ба унвони мушовир.

Радиои Озодӣ: Як вақт дар суҳбате гуфтед, ки корҳои пажӯҳишии нотамоми зиёде доред. Кадомашро ба охир расонидед?

Акбари Турсон: Таърихи ҷанги гражданиро навиштам. Бисёр объективӣ. Сабаби асосии ҷанг камоли бесаводӣ буд.

Радиои Озодӣ: Нашр шуд?

Акбари Турсон: Не. Ман он ҷо гапи бисёр гуфтаам. Ҳоло китоби дигарро сар кардам. Номашро мондам: “Ҳикмати таърихии тоҷикон”. Дар китоби Ғафуров бештар аз назари сиёсат ҳама гапро нагуфтаанд. Аммо агар масъаларо дақиқ ба миён гузоред, тамоми фарҳанги гузаштаи мо шарики фоҷиаи мо. Сабабш чист? Сабабаш ин ки дар давраи ҳукумати туркҳо зеҳни моро кӯфта маҷақ карданд. Ана ҳамин маҳсул дар мо ҳаст. Инро осон нест аз миён бурдан.

Радиои Озодӣ: Дар робита ба ҳамин суол. Соли гузашта созмони кишварҳои туркзабон Самарқандро гаҳвораи тамаддуни туркӣ эълон карданд. Тоҷикистон ба унвони меросбари фарҳанге, ки дар Самарқанду Бухоро рӯйида аст, эътирози ошкорое накард. Ин барои мо чӣ пайомад дошта метавонад?

Акбари Турсон: Ана ҳамин нишон медиҳад, ки гап чӣ ҳасту амал чӣ? Вақте Мирзиёев меояд, шарт мондан даркор, ки биёед, “уступка” меравем. Мана, дар мо мактабҳои узбекӣ дар ҳама ҷо, вале шумо дар Самарқанду Бухоро мактабҳои тоҷикиро бастаед. Ин чӣ тавр дӯстӣ мешавад? Бо амал нишон додан даркор, ки биёед як аҳднома имзо кунем, ки дар масъалаи мактабу маорифу забон ба як қарор биоем. Ғафуров дар охири китобашон дар бораи дӯстии мардуми тоҷику узбек чанд саҳифа бахшиданд. Чизҳои дар таърих набударо ҳам ворид карданд. Қарсак аз ду даст мегӯянд. Бо як даст намешавад. Роҳбарияти давраи шӯравии мо бисёр тарсончак буданд. Ман номашонро намегираму арвоҳашонро безобита намекунам, аммо ҳарфи мегуфта бисёр.

“МО ҲОЛО МУРҒИ ПОСӮХТА”

Радиои Озодӣ: Солҳои ахир аз суҳбату минбари расонаҳо дур шудед. Сабабаш чист? Оё ҷомеа, муҳит, тавони бардоштани сухани ҳақро надорад ё сабаби дигар дорад?

Акбари Турсон: Акнун, аз худашон мепурсед.

Радиои Озодӣ: Агар суҳбатро хулоса кунем. Ҳамин шабу рӯз ҳарфи дилатон чист, чӣ чизро ислоҳ кардан мехоҳед?

Акбари Турсон: Ман дар айнишиносӣ ба ҷойи охирсухан як фасл илова кардам. Сарлавҳа мондам, ки “Эй мурғи саро, хезу паридан дигар омӯз”. Мана ҳамин. Мо ҳоло мурғи посӯхта. Худро ба чор атроф мезанем, бенатиҷа. Барои ҳамин байни ҳокимият, эҷодкорон, аҳли савод, як навъ диалог, муколама бояд бошад. Барои аз нав офаридану омӯхтан диалог бояд сар шавад.

Радиои Озодӣ: Ба унвони донишманд, академики Академияи илмҳо чӣ имтиёзҳое доред, чӣ таваҷҷуҳ мешавад аз сӯйи ҳукумат ё Академияи илмҳо?

Акбари Турсон: Ман ягон имтиёзро ҳис накардам. Ҳозир дар Академия аттестатсия карда истодаанд, қариб аст, ки маро афтонанд. Роҳи демократитаринаш ҳамин-дия. Ба ман як компутари майдаи ҳозиразамон аз Академия дода буданд. Гуфтанд, ки компутарро мегиранд, саросема холӣ кунед. Аз ман маводи бисёре буд. Фармудем, дар ду-се “флешка” гирифтанд. Онҳо надонистанд, ки кадом дурусту кадом нодуруст. Вақте флешкаро дар компутар мондам, бинам ҳеч чиз нест.

Радиои Озодӣ: Устод, аз умре, ки то ин дам гузаронидед, розӣ ҳастед?

Акбари Турсон: Албатта, инро мушаххас гап задан даркор, ки ман розӣ ҳастам ё не. Ин давраҳо муқоисанопазир. Яке давраи тараққӣ, дуюм давраи таназзул. Ин давраи таназзул ба идеали ислом мувофиқ аст. Худо барои он ки қиёмат кунад, Худашро бояд ҳақ баровард, ки ҷараёни таърих аз таназзул иборат аст. Барои ҳамин, давраи Шӯравӣ аз ҳамин ҷиҳат барои ман азиз аст, ки консепсияи рушди таърихиро дохил кард ва моро аз зери таъсири таназзули исломӣ берун кард. Барои ҳамин, ба мо насли нави олимони таърихшинос, таърихдон лозим аст. Аз ҳама муҳим насли масъул. Ҳоло бисёр масъалаҳои глобалӣ пайдо шудааст. Онҳое, ки фақат шунидаанд, ки бомбаи атомӣ чист. Мана, ҳамин Путин, аз куҷо медонад бомбаи атомӣ чист. Бомбаҳои пешина 1000 касро кушанд, ҳозираҳо 10 ҳазор касро мекушанд. “Ничего подобного”, сифатан фарқ мекунад. Насли инсонро нест мекунад, инро фаҳмидан осон не. Ҳоло матбуоти русиро бинед, барои ҷанги атомӣ омодагӣ доранд, агар Ғарб яктарафа истад, мезанем. Бо ҳамин тафаккур як давлати собиқ бузургро идора кардан мумкин аст? Роҳи муросоро кофтан даркор, муросо. Шояд ҳаёт ва тамаддун танҳо дар сайёраи Замин бошад. Ҳаминро чӣ гуна ҳимоя кардану нигаҳ доштан даркор. Бо Худо ҷанг кардан даркор не, вақти сохтани дунё дар фикрашон чизе будааст - дия. Дар Қуръон, дар тарҷумаи Табарӣ як нуктаи аҷиб аст. Худо пеш аз офаридани инсон фариштаҳоро даъват карда, гуфтааст, ман инсонро сохтаниям, ки халифаи ман дар замин бошад. Фариштаҳо гуфтаанд, ки ин фикри он қадар хуб не. Чаро, ки вай куштору хиёнату ин чизҳоро сар мекунад. Аммо Худо гуфтааст, ман он чи донам, ки шумо надонед.

Радиои Озодӣ: Ҳарфи асосии дилатон чист?

Акбари Турсон: Айнӣ рӯзи маргашон гуфта будаанд, ки чор қафаси сина гап дорам, лекин намедонам ба кӣ бигӯям. Мо ҳам кам не, 80-сола боло. Бисёр чизро дидем. Чизҳои бисёреро муқоиса карда метавонем, қудрат ҳаст. Як шеъри Сино ҳаст: Бузург шудаму талабгор нест маро. Нағз, ки қалам ҳаст, навишта мемонем. Кардан даркор, барои беҳтар шудани ҳаёт, зиндагӣ. Бе мубориза ҳеч чиз намеояд. Ин гапи асосии марксизм. Хуллас, ки гапҳои ман ногуфта...

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Акбари Турсон: "Сӯйӣ бесӯйӣ равонем, эй дареғ!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:37:12 0:00
XS
SM
MD
LG