Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбари Турсон: Дар суроғи бародаре, ки дӯст бошад (Бахши 3)


Акбари Турсон
Акбари Турсон
Дар ду бахши қаблии ин эссе академик Акбари Турсон нақшу ҷойгоҳи Садриддин Айниро дар таърихи навини Тоҷикистон шарҳ дода, матолиби баъзе аз муаллифонро ба танқиди, ба гуфтааш, бепояи корнома, осор ва шахсияти ӯ рад кардааст. Дар идома далелҳои бештареро дар миён мегузорад ва ҳамзамон аз пажуҳишҳои донишмандони дигари эронӣ ёд мекунад, ки ба ин нақшу ҷойгоҳ баҳои холисона додаанд. Дар ин бахш ҳамчунин пешниҳод мешавад, ки Садриддин Айнӣ яке аз муқаддасоти Тоҷикистон эълон шуда, эътибори ӯ зери ҳимоят гирифта шавад.

Бахши аввал

Бахши дувум

Акбари Турсон, академик

“Дунёи ҷадид” ва “кори фарҳангӣ” чист?

Дурони бебасар аз тариқи хурдагириҳойи нораво ва носазо ба рӯзгори дурахшони Садриддини Айнӣ, ки ҳамроҳ бо фаъолияти пурсамари миллатшиносию миллатшиносонӣ ҷараён дошт, беадабона дахолату далолат намуда, симойи маънавии ӯро таҳриф (сиёҳ!) карданӣ шудаанд, вале тири заҳрогинашон ҳамоно хок хӯрдааст! Ноқидони бадхоҳ дар хотимаи мақолае, ки саропо аз хусуматгариҳои моҳиятан сиёсӣ, таърихан бебунёд ва ахлоқан нопок иборат аст, бародарнамои ба назар “хоксорона”, вале ба ботин писхандомезона афзудаанд: “Ин навишта дар муқобили мақолоти дигар тавонои баробарӣ дар ситоиши аллома Айниро надорад, вале шояд ишорае ба пажӯҳишгарони дунёи ҷадид (!) бошад, ки дар кори фарҳангӣ (?) як нигоҳи мунтақидона ба паси ҳиҷоби ситоиши ҳамагонӣ (!) ва беқайду шарт ҳаром нест”...

Яъне ки муаллифони гумном, вале ҳангомаҷӯ, хостаанд, ки худашонро ба сафи айнишиносон ворид намуда, навиштаашонро ҳамчун “бозёфти” муҳаққиқони беғарази ҷӯяндаю ёбанда вонамуд кунанд.

Марзбандиҳои шӯравигунаи Осиёи Миёна дар дилу ҷони тоҷикон ба сони ҷароҳати хуншорест, ки ҳанӯз ҳам докапеч нашудааст. Чунки ба мисли корди кунде буд, ки аз миёни ҷисму ҷони зиндаи қавми тоҷик гузашта, танашро аз сараш ҷудо кард!

Аммо баъд... танқидномаи Ҳусайнипур ва Ҳамадонӣ (мақолайи пуриддаои Матинӣ низ!), аввалан, ба ҳеч ваҷҳ “кори фарҳангӣ” нест, ғайбатномайи сиёсӣ мебошаду бас. Сарчашмаи ғайбат бошад, бадгумонию бадандешист – айнан афкору аъмоли рӯҳонию равониест, ки Каломи Маҷид баробар маҳкум кардааст! Пас, мусаллам бувад, ки муаллифони номҷӯй Қуръонро ҳам нахондаанд! Вагарна медонистанд, ки Каломи Шариф ғайбатро тамоман ҳаром гардонидааст! Дар воқеъ, Қуръон шахсияти инсон, аз ҷумла ному нанги шахсияти мурдаро муътабар дониста, дар ҳаққи ӯ беэҳтиромӣ карданро (хусусан ба гунайи тӯҳмати ошкор!) ҳамчун гуноҳи кабира сахт маҳкум мекунад. Ва зимнан Қуръон ғайбати одамро кори зишту манфур дониста, онро ба хӯрдани гӯшти мурдайи бародари ҳамтан монанд кардааст!

Иқрор мекунам: барои рад кардани матни даъвогарони навбаромад чандин табақ қоғази сафедро сиёҳ кунам ҳам гапам тамом намешавад! Зеро ки ҳар як мафҳум ё иборае, ки аз онҳо даъвойи худфурӯшонайи муаллифони мағрур таркиб ёфтааст, айнан ба ҳамон “нигоҳи мунтақидона” ниёз дорад! Лекин ман ба чунин кори холӣ аз арзиши илмӣ на фурсат дораму на хоҳиш! Аз ин рӯ фақат бо як-ду мулоҳизайи мушаххас ва куллӣ иктифо меварзам!

Дар воқеъ, муроди муаллифон аз “дунёи ҷадид” чӣ буда бошад? Замоне ки ман таърих мехондам, Амрикоро “дунёи ҷадид” мегуфтанд. Банда беш аз 17 сол дар муҳити академии ҳамон “дунёи ҷадид” сару кор доштам, вале аз забони ягон донишманди амрикойӣ (хосса тоҷикшиносон Ричард Фрай ва Ҷон Перрӣ, ҳатто аз ҷониби туркшиноси маъруф Олворс, ки яке аз классикони шӯравишиносии нешдори даврони “ҷанги сард”-и абарқудратҳо дар шумор меояду муносибатҳойи рақобатомези турку тоҷикро мавриди таҳлили сиёсатшинохтӣ қарор дода буд), ҳамонанди мулоҳизагунаҳойи “бародарона”- и Ҳусайнипур ва Матиниро нашунида будам!

Зимнан, мунтақидони охирзамон “ҳиҷоби ситоиши ҳамагонӣ”-ро ба кадом маънии хос кор фармуда бошанд?! Он “ситоиши ҳамагонӣ” ҳаққонӣ буд ё дурӯғин? Ва агар дурӯғин буда бошад (чунон ки инро муаллифини ғаразманд дар зимни нақли танзомези қавлҳои Саиди Нафисӣ, Асғаралии Ҳикмат ва Саиди Сирҷонӣ вонамуд карданӣ шудаанд), онро киҳо сохта ё бофта бароварда буданд? Балки ин кори тарғибгарони идеологияи коммунистимаоби шӯравӣ буд, ки бо имойи бурути худи Сталин ҷомайи амал пазируфта?! Охир, бино ба тахмини ботили Матинӣ, маҳз Сталин ҳомии пасипардагии Айнӣ будааст! Аз рӯйи робитаи мантиқии “ҳиҷоб” ва “ситоиш” дар қаринайи матни Ҳусайнӣ ва Ҳамадонӣ ҳадс мезанам, ки онҳо гуфтанианд: дастандаркорони сталинӣ Айниро андаруни “пардайи оҳанин”-и Черчилл қадҳ кардагӣ “ба зӯрию зорӣ” парварда ӯро ба сифати мубаллиғи ҳалқабардӯши идеология ва сиёсати Шӯравӣ истифода бурдаанд!

Овози дуҳули адабгуфторҳойи беадабро аз дур шунидан ҳам беҳтар набошад!

Байт: Дурӯя бузургон кашида рада

Ба тавқу ба занҷири зарринзада!

Чун домани сухан то арзёбии куллии навиштаҳои Ҳусайнипур ва Матинӣ расид, махсус гуфта гузаштан даркор аст, ки дар матнҳои ноқидони бадхоҳ пеш аз ҳама якчанд ғалатҳои мушаххас ва тахмину таъмимҳои бебунёд ба назар мерасад, ки ба иллати ноогоҳии нависандагон аз таърихи сиёсию идеологии Осиёи Марказӣ ва надонистани хусусиятҳои фарҳанги классикии Хуросон ва афзун ба ин пешдовариҳои таҳтуззеҳнии олимшавандагони эронӣ дар заминаи минтақашиносии сиёсӣ сар задааст. Интиқоди омиёнаи онҳо ҷуз иқдоми худнамоӣ чизе дигар нест!

Аммо сарчашмайи ҳарфҳои заҳрогини яке аз пирони эроншиносии муосир Ҷалоли Матинӣ чӣ буда бошад? Инро ман намедонам, чаро ки сухан аз муаммое меравад, ки гиреҳи онро мантиқ, таҳлили фарҳангшинохтӣ ва ё тааммули таърихӣ кушода наметавонад. Магар ин ки равонковии фройдигуна чизе бикр гуфта тавонад...

Айниро ба бемористони Когон кӣ бурд?

Матинӣ бо як имову ишорати хос менависад: “Агар Лоҳутӣ вайро ба бемористони русҳо набурда буд, шояд зинда намемонд! Ин таъбири худкомонаи фоҷиаест, ки панҷ сол пеш (1917) аз омадани Лоҳутӣ ба СССР (1922) рух додааст! Хонандагоне, ки мисли Матинӣ аз асли ҳол бехабаранд, навиштаи ӯро мутолиа намуда, ба яқин гумон хоҳанд кард, ки маҳз Лоҳутӣ Айнии захминро аз зиндони Амир озод карда, ба Когон бурда бошад! Ҳатто фикр ҳам нахоҳанд кард, чӣ тавр шуда як муҳоҷири хориҷӣ ба ин қадар обрӯю ваколатҳо соҳиб шудааст? Охир, гапи вайро (аз тариқи хоҳиш ё таҳдид?!) ҳатто амири бедодгари манғит гирифта бандии сиёсиаш Айниро аз зиндонаш озод карда будааст-ку!

Нақши Лоҳутӣ дар рӯзгори Айнӣ ва умуман дар ташаккулу тараққии адабиёти советии тоҷик бузург аст. Маҳз Лоҳутӣ буд, ки Айниро аз хатари террори давлатӣ наҷот додааст! Ин воқеияти таърихӣ дар ҳолномайи расмии Айнӣ ё Лоҳутӣ дарҷ нашуда, вале айнишиносонро боястӣ онро донистан. Соли 1937, вақте ки оташи куштору ба зиндон андохтану бардарға карданҳо “кишвари Шӯроҳо”-ро сартосар фаро гирифт, ханҷари хунолуди таъқибу таҳқир ба сари хами Айнӣ ҳам омад. Дар ин вазъияти ҷисман басе хатарноку маънан ҳам фосид, вақте касе ба доди касе намерасиду агар хоҳад ҳам расида наметавонист, устод Айнӣ салоҳи кор донист, ки рост ба Лоҳутӣ муроҷиат намуда, аз ӯ дастгирии бародаронаро дархост кунад. Чаро ки коммунисти эронӣ ҳамчун узви садорати Иттиҳодияи нависандагони СССР дар Маскав ба обрӯю эътибори калони расмӣ ноил шуда буд.

Лоҳутӣ қарзи дӯстгониро ҳамдилона ва сарбаландона адо намуд. Лоҳутӣ номайи тӯлонии Айниро тавассути хонумаш Бону ба русӣ тарҷума карда, ба идораҳойи болойӣ (аз Иттиҳодияи нависандагони шӯравӣ гирифта то Шӯройи вазирони СССР) бурда дод ва ҳамзамон худ ба тарғиби эҷодиёти нависандайи тоҷик пардохт. Ин ҳама иқдоми неки Лоҳутӣ натиҷайи нек дод. Дар сарсухани президенти АФ Тоҷикистон ба нашри дубораи мукотиботи Айнӣ ва Лоҳутӣ чунин омада: “Лоҳутӣ устодро аз шиканҷа ва гумномии тӯлонӣ наҷот дод. Номи неки ӯро ҳифз кард. Агар дахолати ҷасуронаи Лоҳутӣ намешуд, кӣ медонад тақдири Айнӣ чӣ мешуд. Ин хидмати ӯро тоҷикон ҳеч гоҳ фармӯш нахоҳанд кард”

(Мукотибайи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, Душанбе, 2003, с. 6)

Айнӣ ва Лоҳутӣ

Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Академияи фанҳои Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ (1978) матни мукотиботи Айнӣ ва Лоҳутиро чоп карда буд, аммо вай бо сабабҳои маълуми идеологию сиёсӣ муҳимтарин номаҳойи солҳойи 1937-38-умро дарбар намегирифт. Интишори онҳо фақат дар охирҳойи солҳойи 80-ум муяссар гардид. Миёни ҳуҷҷатҳойи интишорёфта ҷолибтаринаш номаи дилхароши Айнӣ ба Лоҳутӣ мебошад: устод онро 6-уми ноябри соли 1937, дар авҷи душманковию душмансозиҳо дар Узбакистону Тоҷикистон нигошта, дар поёнаш “Айнии бадбахт” гуфта имзо гузоштааст.

Номаи устод Айнӣ аз чанд ҷиҳат ҷолиб аст: таърихӣ, идеологӣ, сиёсӣ, ахлоқию равоншинохтӣ ва ҳатто равонкофтӣ (Онро дар рисолае таҳлил хоҳам кард, ки ҳоли ҳозир таҳти унвони “Масъалаҳойи муҳиму мубрами Айнишиносӣ” барои Институти забон ва адабиёт менависам). Лоҳутӣ дар баробари Айнӣ асосгузори адабиёти шӯравии Тоҷикистон ҳисоб мешуд, ки баёни воқеъ аст. Ба хотири ҳурматдошти ҳамин хидматҳойи адабию иҷтимойии Лоҳутӣ буд, ки дар даврайи Шӯравӣ (1) дар пойтахти Тоҷикистон хонаи шахсии эшонро ба музейи давлатӣ табдил доданд, (2) дар яке аз тирезаҳои бинойи кӯҳнаи китобхонаи миллӣ (мавсум ба Фирдавсӣ) нимтанаи шоири шаҳирро гузоштаанд ва (3) ба нашриёти “Адиб” фармуда буданд, ки куллиёти ашъорашонро нашр намояд. (То ҳоли ҳозир ду ҷилди аввали “Куллиёт”-и Лоҳутӣ нашр шудааст.)

Бо вуҷуди ин ҳама факту далелҳо вазоратҳойи маориф ва фарҳанги Ҷумҳурияти Соҳибистиқлоли Тоҷикистон бар асари бегонаҳаросиҳои муҳити сиёсию психологии онвақта обрӯю эътибори иҷтимоию фарҳангии пешинаи Лоҳутиро дар ҷомеаи тоҷик барқарор накарданд. Раёсатҳои Иттиҳодияи Нависандагон ва Академияи илмҳо низ, чунон ки мебоист, дахолату далолат накард, чӣ расад ба аъзойи хонаводаи бегонатабори шоири ғариб...

Шукри Истиқлоли давлатӣ, ки ба ҷойи бинои назарногири Китобхонаи пешин як иморати боҳашаматро ба сурати китоби кушода сохта ва бо воситаҳойи технологии ҳозирамон таъмин намуда дар маркази Душанбе рост карданд, ки ба пойтахти давлати миллиамон боз як унсури муҳиму ҳусноро афзуд! Фақат ҳаминаш боиси таассуфу таарруз аст, ки ному нишони Лоҳутиро дар ин бинои зебо сарфи назар карданд. Аз афташ, ҳамчун осори давраи советӣ, ки ин вақтҳо қариб дар ҳама нуқтаҳои фазои собиқ СССР таҳти нуфузи идеологияи нигилистӣ қарор дорад!

Аммо моро набояд ва нашояд дар ҳаққи Лоҳутӣ кӯрнамакӣ кардан! Хидмате, ки он шоири инқилобии эронӣ барои рушди маданияти ҷумҳурии кӯҳзоди мо карда буд, беназир аст! (Яке аз онҳо – қиссаи дар шароите, ки борони сахт мебориду замини қишлоқи Душанберо лойи касногузар фаро гирифта буд, ба маркази ҷумҳурияти навтаъсис овардани мошини чопи китобро – устод Айнӣ дар ҳошияи тақризаш ба маҷмӯаи ашъори мунтахаби Лоҳутӣ “Шеърҳойи тоҷикистонӣ” бо камоли меҳру сипоси бародарона қисса кардааст.)

Раҳоӣ аз обхонайи амир Олимхон

Дар матни он чизе, ки алоҳида гуфта гузаштаниам, ман ба дигар хидмати Лоҳутӣ таваҷҷӯҳ карданиам, ки дар воқеъ ҳам хидмати бузург буд. Сухан дар бораи наҷот додани устод Айнӣ аз таъқиби сиёсии солҳойи сиюм меравад, ки бо ширкати фаъолона ва самарабахши Лоҳутӣ анҷом ёфтааст. Дар ин бора Матинӣ ҳам навиштааст, аммо таърихи воқеаро тамоман ғалат дар қалам оварда.

Амир Олимхон
Амир Олимхон

Қиссайи аз обхонайи охирин амири манғит Олимхон чӣ тавр раҳойӣ ёфта дар бемористони русҳо воқеъ дар Бухоройи Нав (Когон) муолиҷа шуданашонро домулло Айнӣ дар “Тарҷумаи ҳоли худам” муфассал ҳикоя кардаанд. ”Соатҳойи чори бегоҳӣ буд, як туркмане, ки панҷ сол боз дар он ҷо маҳбус будаст, аз сӯрохии зерисақфии роҳрави пешбастаи обхона ба Регистон нигоҳ мекард, якбора ба оҳанги шодӣ фарёд бароварда гуфт:

- Солдатҳо омаданд ва моро халос мекунанд!

Бисёр дер накашид. Аз пеши дари ҳабсхона овози поҳои мӯзадор баланд шуд ва қуфли дар музтарибона шиқир-шиқир мекард. Дар кушода шуд, як солдати рус, ки дар даст милтиқ дошт, сари худро аз дар дарун карда аввал бо забони русӣ ва баъд аз он бо забони узбекии русӣ омехта:

- Буроетон, шуморо револутсияи Россия озод кард! – гуфт... Солдатон маҳбусонро аз арк фуроварда ҳамаро ба ихтиёри худ сар доданд ва аз он миён мо маҷрӯҳонро ба фойтунҳо ва аспҳо савор карда, ба Когон, ба беморхонаи шаҳрӣ бурданд”.(С. Айнӣ. Куллиёт, ҷилди 1, с. 86)

Ба қавли Айнӣ, пеш аз ин воқеаи таърихӣ боз як воқеаи хотирмон ба амал омада будааст: “Дар беруни дарвозаи Қаволаи шаҳри Бухоро солдатҳои бисёре саф кашида меистоданд. Дар он ҷо митинг шуд. Солдатон яке паси дигаре баромада гап зада ваъда медоданд, ки интиқоми моро аз амир гиранд. Байрақи сурх ҷилва мекард. Ман дар зери байрақ, дар ҳолате ки солдате аз таки бағалам медошт, рост истода будам. Ман, ки бо хӯрдани 75 чӯби амир гиря кардан он тараф истад, “воҳ” нагуфта мардонавор истода будам, дар ин ҷо аз гиря худдорӣ карда натавонистам – ин гиряи шодӣ буд, ки дар адабиёт хонда будам, аммо имрӯз дар ҳоли худ ва ба чашми худ медидам...” (С. Айнӣ. Куллиёт, ҷилди 1, с. 85-86)

Ин ҳақиқати ҳолро қалами каҷи Матинӣ ба шаклу мазмуни зерин бозгӯ кардааст: “Ӯ инқилобро “мавҳабат (ато)-е азим мешуморад ва бе он ки чизе аз он бидонад (пас аз 60 соли вафоти нобиға Матинӣ аз куҷо медониста бошад, ки Айнӣ чиро медонисту чиро намедонист!), ба сурудани ашъори инқилобӣ “ба шарафи инқилоби Уктабр”, “Марши ҳуррият” ва “Инқилоб” мепардозад ва ба коммунистҳо мепайвандад (!) ва аз тарафи коммунистҳои Бухоро барои навиштани паймонномаҳо роҳии Тошканд мешавад. Дар дарвозаи Бухоро аз тарафи болшевикҳо ва дар ҳоле ки дар зери парчами сурх истода будааст, ончунон мавриди истиқбол қарор мегирад, ки аз шиддати шодӣ ба гиря меафтад. Дар ҳоле ки ба назари банда вай дар он ҳангом на аз мароми болшевикӣ чизе медониста ва на бо афкори Ленин - раҳбари инқилоб ошноӣ доштааст”.

Аз қавли Абулмаъонӣ Абдулқодири Бедил хулоса мекунам:

Беш аз ин равшан намегардад, ки ин бедонишон,

Аз нафас бар шамъи фитрат домане афшондаанд...

Дар воқеъ, агар агар мунтақидон ба ҷойи бофта баровардани эпизодҳои таърихӣ ва ё таъбири сунъии воқеаҳои гузашта шамъи фитратро ба даст гирифта, осори худи устод Айниро бо таваҷҷуҳи шахсӣ ва масъулиятшинохтии муҳаққиқона мутоила карда мебаромаданд, ҳам лаъл ба даст меомаду ҳам ёр намеранҷид! Лекин маънии лаъли маҷозӣ барои Матинию сойири худаш барин маъракагирон ва барои мо, хонандагони навиштаҳои илман беасосу ахлоқан нобоби ҳасудони бародарнамо, яксон нест! Чаро ки бархӯрди мову онҳо бо факту далелҳойи воқеӣ, ба вежа дастчин намудани маводи таърихӣ ва тариқи маънидод кардани иттилооти илмӣ дар қолаби дастурҳои мухталифи таҳтузеҳнӣ анҷом меёбад!..

Таассуру тааммуламро андар нақши устод Айнӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик ва дурнамои он бо сухани манзуми шоири таърихандеши тоҷик Бозор Собир хулоса мекунам, ки дар ситоиши мақоми фарҳангии устод Айнӣ аҷаб суханони амиқу дақиқро кор фармудааст:

Ҳамчу пири тоҷикон бо ҳайати пиронааш,

Дар мадори Тоҷикистони ҷавон истодааст.

Вақт агар вақте кунад аз рӯйи ӯа қатъи назар,

Пешпоӣ мехӯрад дар санги пойи ҳайкалаш.

Марзбандӣ: Мушовири илмии Сталин кӣ буд?

Нимпайкараи Сталин дар Тоҷикистон
Нимпайкараи Сталин дар Тоҷикистон

Марзбандиҳои шӯравигунаи Осиёи Миёна дар дилу ҷони тоҷикон ба сони ҷароҳати хуншорест, ки ҳанӯз ҳам докапеч нашудааст. Чунки ба мисли корди кунде буд, ки аз миёни ҷисму ҷони зиндаи қавми тоҷик гузашта, танашро аз сараш ҷудо кард! Фоҷеаи таърихӣ ин ҷост, ки миёни даллолу иҷрогарони ин ҷинояти сахти таърихию сиёсӣ худи тоҷикон буданд! Роҳбалади онҳо ҳамон Сталини худдонам буд, ки ба ҳайати кумисюни тақсимбандии сарзамини Турони бостонӣ ё Варозрӯд (Варорӯд) ҳатто ягон муаррих ё мардумшиноси маскавӣ ё ленингродиро ҳам ҷалб накарда буд. Пас, мушовири илмии Сталин кӣ буд?!

Муаммо ин ҷост, ки Сталин мисли худдонамҳои баъдӣ (хусусан Хрушев ва Горбачев) ҷоҳил набуд. Албатта, мисли Ленин дар Донишгоҳи олии маъруф таҳсил накарда буд, аммо пайваста ба худомӯзӣ шуғл меварзид. Соле чанд ман дар суроғи он будам, ки ӯ осори кадом шарқшиносро хонда бошад. Се сол пеш ёфтам: осори туркшиноси олмонинажод академик В. В. Радлуфро!

Аз бозе, ки Русия ба фазойи геополитикии Осиёи Марказӣ ба зӯрӣ ворид гардид, ба мардуми таҳҷойии минтақа эътимоди сиёсӣ надошт. Решайи дарахти ин нобоварӣ аз сарчашмаи идеологӣ об мехӯрд. Дар замони ҳукумати тезорӣ, омили динӣ, дар давраи Шӯравӣ идеологияи коммунизи, ки рангу раванди атеистӣ дошт.

Дар даврони ҳукумати подшоҳии рус нобоварии сиёсӣ аз рақобати ду дини сомӣ – ислом ва насрония (ба гунайи православӣ) сар зад. Сабабаш ин буд, ки то ба минтақа омадани русҳо тамоми низоми маорифу маданият ва маърифати динию фарҳангии шаҳрҳои бузург, ба вежа Самарқанду Бухоро, дар дасти тоҷикон буд. Аз ин рӯст, ки баъди аз тарафи Русияи тезорӣ забт карда шудани Осиёйи Миёна як шарқшиноси номдори Русия (академики олмонитабори Русия В. В. Радлоф) дар борайи рақобатҳойи динӣ кушоду равшан сухан гуфта, зимнан ба мустамликадорони нав тавсия дода буд, ки дар идорайи минбаъдайи заминҳои ба тозагӣ забтшуда ба аҳли саводи форсизабон, ки ҳомилу ҳомии тамаддуни исломӣ маҳсуб мешуд, балки ба халқиятҳойи туркинажод такя кардан салоҳи кор аст. Ба қавли ӯ, туркон мардуми боғайрату қавиирода ҳастанд ва аз ин ҳам муҳимтараш, эътиқоди мусулмониашон ба ҳадде, ки бояду шояд, қавӣ нест. Ва бинобар ин халқиятҳойи мазкурро ва тавассути онҳо дигаронро идора кардан осонтар аст; ғайр аз ин (афзудаи худам - А. Т.) онҳо дар идоракунии заминҳой истилошуда таҷриба доранд.

Ман аминам, ки ҳангоми марзбандиҳои миллию ҷуғрофии Осиёи Миёна Сталин айнан ҳамин тавсияи идеологию сиёсии академик Радлуфро азхуд карда, аз номи худаш ба амал баровардааст...

Аз ин рӯ дар замони ҳукумати коммунистӣ, ки атеизми ҷанговарро идеологияи ҳукмрон қарор дода буд, шаҳрҳои умдаи тамаддуни тоҷикию исломӣ Бухоро ва Самарқандро ба Тоҷикистон ҳамроҳ накарда, ба ихтиёри Узбакистон доданд.

Чун сухан аз қадру баҳои сазовори хадамоти миллии устод Садриддини Айнӣ меравад, ба сарам фикре расид, ки зотан аз они худам нест, вале дар мавриде ки мегӯям, айни муддаост. Низомии Арӯзии Самарқандӣ зарурати ба ҷо овардани иззату икроми Арасту ва Абӯалӣ ибни Синоро талқину таъкид намуда, зимнан фармуда: “Ҳар кӣ бар ин ду бузург эътироз кард, хешро аз зумрайи аҳли хирад берун овард ва дар силки аҳли ҷунун тартиб дод!

Ба ойинаи ибрати ин навъи қадрдонии бузургони гузашта нигариста, моро низ зарур бувад, ки дар баробари Абӯалӣ ибни Сино сойири бузургони нобиғасиришти шарифу муътабарамонро расман муқаддасоти миллӣ эълон намоем ва ҳифзи ному номус ва шаъну шарафи эшонро баройи давлати миллӣ фарзи таърихӣ ва баройи ҷомеа қарзи шаҳрвандӣ донем. Ҳадафи муроди маданию иҷтимоии тадбири мазкури давлатӣ ин аст: мабодо ҳар касу нокас, ба хусус ҳар ҷоҳили шӯҳратпарасту ҳар тақлидкори ҳасадзадагӣ, ба масал, “Ман ва Айнӣ”-гӯён ба эшон эроди худфурӯшона ва аблаҳфиребона нагирад!

Бигузор, Айниситезони ҳангоматалаби дарунмарзӣ ва берунмарзӣ дониста бошанд: Ӯ барои ҷумла тоҷикони хештаншиносу таърихан шукргузор фақат яке аз қаҳрамонҳойи давлат нест; Аллома Садриддин Айнӣ яке аз муқаддасоти шойистайи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаст. Ман аминам, ки ин ҳақиқати таърихии мусалламро наслҳойи оянда низ бе чуну чаро хоҳанд пазируфт! Бигузор, Айниситезони ҳангоматалаби дарунмарзӣ ва берунмарзӣ дониста бошанд: фарҳангиёни асил (яъне ватанпарвари таърихогоҳ) устод Айниро ба унвони муқаддасоти миллӣ арҷ мегиранд!

Қадимиён ду хидматро аз ҳам фарқ мекарданд: барои “Вақт” ва барои “Абад”. Аз ин ҷиҳат мазмуну маънии мафҳуми “муқаддасоти миллӣ” аз мафҳуми “қаҳрамони ҷумҳурият” дида, васеътару ғанитар аст: дар семантикаи “муқаддасоти миллӣ” ҷойи бӯъди сиёсиро бӯъди рӯҳонӣ мегирад. Рӯҳ бошад, мабдаи ҷовидонист! Устоди устодон” Айнӣ дар мақолае, ки соли 1951 бо дархости маҷаллаи маскавии “Новое время ” навишт, зимнан гуфта буд, ки як умр андар як мавзӯи умда нигоштааст: саргузашт ва тақдири тоҷикон. Ва эҷодиёти бадеияшро дар мисоли романи “Ғуломон” шарҳ дода, афзудааст: бо як ҳисоб ин қисса “таърихи ҳаёти худи манро ҳам дарбар мегирад”. Пас, айнишиносӣ бояд аз се бӯъди мутоила иборат бошад: осори бадеӣ, таҳқиқоти илмӣ ва зиндагиномаи худи устод Айнӣ. Бад-ин маънӣ Айнишиносӣ ба як ҳисоб фасле аз китоби тоҷикшиносист!

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG