Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбари Турсон: Дар суроғи бародаре, ки дӯст бошад (Бахши 2)


Акбари Турсон, академик

Бахши аввалро дар инҷо хонед

Ҳар чӣ ҳам буду набуд, даврони Шӯравӣ як қисми ҷудоинопазири таърихи навини мост ва онро бад-он сурату сирате, ки воқеан дошт, боястӣ дар ҳадди тафоҳуми таърихӣ пазируфтан ва арҷ гузоштан. Чунон ки мутақаддимини оқилу одил (дар навбати аввал Арасту, ки ӯро Шайхуррайис Абӯалӣ ибни Сино ба унвони “Муаллими Аввал” эътирофу эҳтиром мекард), гузаштаро ҳатто худоён ҳам тағйир дода наметавонанд!

Шояд низ афзудан: на фақат худои бутпарастон, хусусан худоёни юноние, ки дар хилватгоҳе мавсум ба кӯҳи Олимп зиста ва шабу рӯз бо айшу ишрат саргарм шуда, парвое аз аҳволи заминиён надоштанд ва фақат ҳангоми ба қаҳру ғазаб омадан дар баҳру уқёнус тӯфон офарида ва ё заминро ба ларза оварда, аз вуҷуди худашон дарак медоданд. Зимнан дигар кардани гузашта аз дасти худоёни абарқудрати динҳойи яккахудойӣ низ намеояд, ки ба қавли Носири Хусрав метавонанд “дар як тарфатулайн замину осмон офаридан”!

Магар Ленин набуд, ки тоҷиконро аз ҷумлаи мардуми таҳҷоии Осиёи Миёна ҳисоб намекард?! Дар Қонуни Асосии Ҷумҳурии Мухтори Бухоро, ки дар айёми зинда будани Ленин ташкил шуд, низ ному нишоне аз тоҷикон набуд!

Гузашта аз ин, ҷунбиши ҳар як зарраи “олами кавну фасод” таҳти назари ҳамабину назорати ҳамешагии Онҳо будаст! Шоирони шаккоки аҷамӣ – аз Умари Хайём гирифта то Лоиқ Шералӣ – ин талқиноти қадимиро борҳо мавриди тааммули озодфикрона қарор додаанд. Аммо баъд... Андар сарнавишти бандагони Худои таоло аз рӯйи мантиқи афкору одоби рафтори бандагони ба замин рондашудаи Аллоҳи Акбар ҳукм кардаанд! Ва он гуфтаҳои манзуми як навъ озу нозест аз ақлу хираде, ки фақат ба Инсон ба унвони Ашрофи Коинот ато шудаст! Чунончӣ шоири миллиамон Лоиқ Шералӣ саволе ба миён гузошта, ки онро идомаи “Мунозира бо Худо” ном андешаномаи Носири Хусрав аз силсилаи “Фалакиёт” (шикоят аз Фалак ба маънии қазову қадар) пиндоштан комилан равост, ки гунаи фалсафии:

“Ту худ девона кардӣ оқилонро,

Пасон девонагонро куштанат чист?!

Дар воқеъ ин суоли беҷавоб аз ҷумлаи пурсуковҳои фалсафии хайёмигуна бувад, на ин ки аз анвои муаммои илоҳиётномаи орифона; ҳадафи аслии андешаи шоири муосир низ дигар аст: ҳаёти абадию қудсии осмонӣ не, балки ҷомеаи бесомоне дар мадди назари ӯст, ки дар ҳамон олами кавну фасод аз номи Худои Раҳмону Раҳим ба коми ақаллияти нобакоре барқарор шудаст – як гуруҳи худхоҳу судҷӯе, ки ба кори худу бархудаш ҳамеша ҳушёр асту бас! Ва ҳамзамон ба эҳтиёҷоти рӯзмарраи шаҳрвандонаш мисли худоёни бутпарастон бепарвост!

Агар аз ҳамин кунҷи назар мантиқу мароми саволи Лоиқро баррасӣ кунем, равшан мебинем, ки вай рангу раванди бармалои иҷтимоию ахлоқӣ дорад. Ва бад-ин ин маънӣ инфиродию ҷовидонист: то одаму олам ҳасту хиради якрави адолатҷӯ ҳаст, зарурати чунин саволгузориҳои тасаввурӣ (бигузор якҷонибаву беҷавоб бошад!) дар таърихи ақлонии инсоният давра ба давра пеш омада, хиради беқарори Инсонро ба сӯйи дигаргунсозии тариқи таҳмилии рӯзгузаронии индунёӣ илҳому такон мебахшад! Аз ин маънӣ барои диндори муфаккир хештаншиносӣ калиди худошиносию дунёпаймойиҳост!

Чун мавзӯи андешаи фалсафию маънавии ман арзёбии културологии корномаи иҷтимоию мадании устод Айнӣ аст, андешаамро аз тааммули муҳимтарин бахши фаъолияти иҷтимоию фарҳангии эшон сар мекунам, ки аз эҳёи миллат ва таҷдиди рӯҳи миллӣ иборат буд; бедории таърихию миллие, ки яке аз идеалҳои волои ҷадидгароиҳои тоҷикона дар ҳисоб меояд. Аз ин рӯст, ки аллома Бобоҷон Ғафуров нақши таърихии Садриддини Айниро барҳақ ба унвони “Падари миллати тоҷик” қадр кардааст.

Аммо дар роҳи амалӣ кардани ин камоли матлуб аввал бесаводиро миёни фуқарои пешин барҳам додан лозим буд, ки бе иштироки фаъолонаи давлату ҷомеъ имкон надошт. Аз ин мавқеи назар барои тезондани раванди кори созандаи таърихӣ ду омили халалрасон вуҷуд дошт, ки суръати татбиқи нақшаҳои дигаргунсозии ҷомеаи суннатиро суст мекард: якум, низоми суннатии маориф ва дувум алифбои мураккаби арабӣ, ки вобаста бо тарзу тариқи схоластию консерватии таълими онвақта барои хушсавод шудан меҳнати камаш бистсоларо тақозо дошт!

Ду тадбири муассирро пешниҳод карда буданд: сода намудани алифбо ва забон (осонфаҳм кардани он аз тариқи хотима додан ба истифодаи луғатҳои арабии касдону касмадон (монанди ҷамъбандиҳои шикастаи арабӣ ва ибораҳои дабдабаноки форсӣ). Аз ин рӯ ҳам Айнӣ бо пешниҳоди онвақта дар бобати ба унвони забони адабии тоҷик қабул кардани забони форсии эрониён розӣ нашуда, ба он тарзи сухан гуфтани тоҷиконро муқобил гузошта буд. (Манбайи илҳоми Айнӣ хулосайи Вамберӣ андар вежагиҳои забони тоҷикон буд, ки давоми мустақими сабки хуросонии Фирдавсист.) Зимнан, Ҳофизи Шерозӣ донистани “тарзи сухан гуфтани дарӣ”-ро яке аз шартҳои лаззати эстетикӣ бурдани хонандааш ҳисоб мекард, ки шояд аз тоҷик будани аҷдодаш далолат кунад.

Бар асари ҳамон ҷаҳлу ҷаҳолат, боз аз қавли Айнӣ гӯям, “шамшери зангзадае, ки аз ниёгони худ ба мерос доштем, бар сари ҳамдигар зада шикастем”!

Иҷрои нияту мақсади муҳаққиқонаи Айнӣ кори саҳлу осон набуд; дар оғози солҳои бисти асри гузашта аз хоби гарон хезонидани мардуми ғафлатзада худаш як амру амали аз ҷиҳати иҷтимоӣ инқилобӣ ва аз лиҳози фардӣ қаҳрамоние буд беназир. Аз як сӯй фуқарои осебзада бар асари асорати 150-солаи ҷисмонию маънавии манғитҳо ва сӯйи дигар уламои хушкфикру тақлидкор, ки ҳайати онҳоро домулло Айнӣ танҳо аз муллоёни худфурӯш иборат медонист. (Сонитар устод ин ақидаашро ислоҳ кард.)

"Ман аз осиё меояму ту мегӯйӣ: дӯл холӣ"

Агар аз рӯйи меъёру маҳакҳои маъмули таърихию фарҳангӣ қазоват кунем, бароямон равшан мегардад, ки бунёдгузори воқеии илми тоҷикшиносӣ ду алломаи охирзамони Шӯравӣ: Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров буданд. Айнӣ тоҷикшиносиро аз ҷиҳати адабию таърихӣ оғоз намуда, аз рӯйи суннати ҷадидгаройӣ ба танвири афкори мардум пардохт ва бо истифода аз сабақҳои таърихии ҷаҳониёни пешрафта аҳамияти бузурги маорифу илму донишро дар рушди иҷтимоӣ пайваста талқину таъкид мекард. Домулло барои ба хориҷа сафар карда, тариқи зиндагӣ ва омили тараққии ҷомеаи бегонагонро бевосита омӯхтан имкони моддӣ ва баъдан тавони ҷисмонӣ надошт, лекин навиштаҳои дигаронро аз ин бобат бо диққати тамом мутолеа мекард. Аз онҳо барои халқе, ки таърихан қафомонда буду воқеан ғуломвор мезист, сабақҳои муҳиму муфид бардошта.

Яке аз ин гуна сарчашмаҳо “Туҳафи аҳли Бухоро” ном сафарномаи ҳамшаҳрии Айнӣ Мирзосироҷи Ҳаким буд. Мирзосироҷи Ҳакими Бухороӣ яке аз он мутафаккирони худогоҳ ва тадбирҷӯйи тоҷик буд, ки ӯро аз ин бахши нангини таърихамон ору нанг меомад. Ӯ баъд аз сафараш ба Аврупо унсурҳои номатлуби менталитети тоҷикро ҳадафи худинтиқодии миллӣ қарор дода, дар ғояти ҳасрат нигоштааст: “Афсӯс бар мо! Афсӯс бар мо!.. Мо мардум ҳама вақт дар фикри хиёнат намудан ба бародарони худ буда, ҳқуқуқи якдигарро ғасб ва тасарруф мекунем. Кори мо тақаллуб ва дурӯғӯиву фиреб аст…Оҳ, агар аз паси имрӯз бувад фардое!

Ва агар фардои саодатманде, ки фаро расиданашро гузаштагони донишманду ватандӯстамон дар оғози садаи бист орзую ҳавас мекарданд, пас аз як аср ҳам нарасида бошад, масъала сари ҳамон ошу мош аст: албатта, минбаъд дахолату далолати ҳамсоягони дуру наздикамон сарнавиштсоз буд, лекин асл ин ҷост, ки кирми дарахт аз худи дарахт аст.

Ҳақиқатан ҳам, дар айни замоне, ки мардуми пешрафта ба қаъри зарра роҳ ёфта, қуввату қудрати бемисли атомро ром карда тавонистанд ва низ ба сайри фалакиёт баромаданд, мо ба ҷойи аз дастовардҳои тамаддуни мутараққӣ баҳра бардошта, шоҳроҳи рушду камоли миллиро ҷустан дар интиҳои садаи бисти мелодӣ бар асари худи ҳамон ҷаҳлу ҷаҳолат, боз аз қавли Айнӣ гӯям, “шамшери зангзадае, ки аз ниёгони худ ба мерос доштем, бар сари ҳамдигар зада шикастем”!

Бозор Собир дар руҷӯъҳои ҷолиби таърихиаш “қиссаи мурғи Самандар пеши ман афсона нест, саргузашти мардуми печидафарёди ман аст”-гӯён дар таъбири шоиронаи саргузашти печидафарёди мо таъбири аҷаб муассири шоирона ёфтааст: “мурда-мурда зиндагӣ карду намурд”. Ана ин аст қаҳрамонии таърихии асил!

Ин нуктаҳо ба таҳлилу таркиби алоҳида ниёз доранд, бинобар ба тақвими се тахмини Матинӣ мегузарам, ки ягонтояш асосе надорад: устод Айнӣ (1) таълимоти марксистиро намедонист; (2) дар дониши адабиётшинохтӣ ба Бертелс лофи баробарӣ зада наметавонист; (3) шахсияте буд тамаллуқкор ва ҳатто дурӯя. Худи Матинӣ зери байрақи сурх истода, гиристани Айниро аломати тақаллуб ё ҳатто дурӯягӣ таъбир мекунад ва зимнан менависад: Айнӣ “инқилобро “мавҳабате (ато) азим мешуморад ва бе он ки чизе аз он бидонад, ба сурудани ашъори инқилобӣ “ба шарафи инқилоби Уктобр”, “Марши ҳуррият” ва “Инқилоб” мепардозад ва ба коммунистҳо мепайвандад (?) ва аз тарафи коммунистҳои Бухоро барои навиштани паймонномаҳо роҳии Тошканд мешавад. Дар дарвозаи Бухоро аз тарафи болшевикҳо (!) ва дар ҳоле ки дар зери парчами сурх истода будааст, ончунон мавриди истиқбол қарор мегирад, ки аз шиддати шодӣ ба гиря меафтад.”

Бо истифода аз як ибораи Нодири Нодирпур гӯям, ҳамқавмони мо он вақт дар ҳоли “азхудгусастагӣ” буданд: худро “мусулмон” гуфта муаррифӣ карданашон танҳо ба хотири бузургдошти эътиқоди диниашон набуд...

Ин ҷо Матинӣ ду воқеаро, ки дар макону замонҳои гуногун, бо иштироки тоифаҳо ва дар шароити мухталиф содир шудааст, қасдан аз тариқи монтаж ба ҳам пайваста мисли муаллифони асарҳои детективии аҳди постмодернизм сужаи ба худаш даркориро сохтааст! Ва чун дар зимн сабаби асосии рух додани воқеаҳои мазкураро нақл намекунад (чаро ки намедонад! Ё намехоҳад, чун ба тарҳи ӯ рост намеоянд), хонандаи ғофил яқинан гумон мекунад, ки Айнӣ он вақт узви Ҳизби болшевикӣ будааст! Лекин худи Матинӣ ба ин бовар надорад. Муроди мунтақид аз даъвои ба “коммунистҳо пайвастан”-и Айнӣ ҳамчун шахси дурӯя қаламдод кардани ӯсту бас, ки аз сухани хотимавиаш мустақим бармеояд: “Дар ҳоле ки ба назари банда вай (Айнӣ) дар он ҳангом на аз мароми болшевикӣ чизе медониста ва на бо афкори Ленин - раҳбари инқилоб ошноӣ доштааст” (?!).

Ин “факт”-и биографӣ худаш аз куҷост, ки мо намедонем?! Шояд ба забони гӯёи зарбулмасали тоҷикӣ ҷавоб дод: “Ман аз осиё меояму ту мегӯйӣ: дӯл холӣ!

Сабаби ин ҳама сохтакориҳои хусуматангез чист? Ман онҳоро натиҷаи муносибати бадандешона мехонам! Дақиқтар мебуд, агар душманона менавиштам ва агар инро нагуфтам, ба хотири риояи ҳамон ойини бародарие нагуфтам, ки мунаққидони ҳавобаланд дар ғояти беодобӣ сарфи назар кардаанд – охир, аз бадандешиҳои оғоюн ҷо-ҷо бӯйи бади таассуб ба машом мерасад! Боз нисбат ба бародаре, ки аз рӯйи меъёри ахлоқии тоҷики шерозӣ – Саъдӣ – бо ӯ дӯст будан аз шартҳои муҳимми хешию ҳамтаборист!

Мутаассифона, таассуби мунаққидони Айнӣ ба сони тарошаи ногаҳон аз бом афтида нест, ки онро ба ҷид напазирем

Аллома Абурайҳони Берунӣ зуҳуроти таассубро дар раванди тадқиқоти илмию тааммули фарҳангӣ қатъиян маҳкум кардааст, ки бесабаб нест. Ба қавли ӯ, таассуб “чашмҳои биноро кӯр мекунаду гӯшҳои шунаворо кар месозад ва шахсро муътақид ба умуре менамояд, ки хираду дониш онро гувоҳӣ надиҳад” (Осор-ул-боқия, Д., 1990, с. 92)

"Халқи ман олам дигар шуд..."

Агар дар сатҳи ҷаҳонӣ қазоват кунем, муболиға нахоҳад буд, агар гуфта шавад, ки он вақт тоҷиконро умуман намешинохтанд (ҳатто дар илми ховаршиносии Аврупо, ба қавли Е. Э. Бертелс, “тоҷиконро намедонистанд ва донистан ҳам намехостанд”!) ё ки агар шиносанд ҳам, ҳастии таърихии онҳоро ба унвони як қавми худруставу аз ҷиҳати тамаддун ба форсҳо баробар эътироф намекарданд. Ба қувват гирифтани чунин нодидагириҳои таърихӣ, хусусан идеологияи пантуркистӣ сабаб буд, ки аввал дар Туркия ҳукумати маънавӣ дошту сонӣ тавассути туркони русиягӣ (тоторҳо) то Осиёи Марказӣ доман густард.

Мақсади умдаи ҳамлаи туркгароёни онвақта ҳувияти қавмию фарҳангии тоҷиконро барбод додан буд: аввал ин ки қавми тоҷик халқе будаст фаръӣ: аслан аз турконе таркиб ёфта будааст, ки бо таъсири мадраса ва эрониёни муҳоҷир забонашонро гум кардаанд. Дигар ин ки забони форсӣ, ки тоҷикон худро ҳомилу ҳомии он метарошанд, ҳеҷ гоҳ забони мардуми бумӣ набудаст; забони дарбору қишрҳои истеъморгари даврони феодалӣ буда! (Забони хонагии мардуми бумӣ бошад, чунон ки пантуркисти гузарои тоҷикзабон Беҳбудӣ исбот кардан мехост, туркӣ будааст!)

Ин тарғиботи идеологӣ ба рӯҳи ақидаи онвақтаи забоншинохтӣ рост меомад, ки забони форсиро дар Осиёи Миёна забони муҳоҷир мехонд: гӯё вай ба Парорӯд (Варорӯд, Варозрӯд, Фарорӯд) пасопаси аскарони арабҳои мусулмон, хосса маволӣ (эрониёни асире, ки онҳоро арабҳо ҳангоми ҳамлаашон ба Мовароуннаҳр озод карда, ба сафи артишашон ҳамроҳ карда буданд) омада мондааст! (Мутаассифона, ин ақидаи ботил ба шоҳасари Бобоҷон Ғафуров низ роҳ ёфтааст, ки аз нуфузи мушовирони маскавии эшон буд.)

Худи оммаи тоҷикон чӣ?! Бо истифода аз як ибораи Нодири Нодирпур гӯям, ҳамқавмони мо онвақтҳо дар ҳоли “азхудгусастагӣ” қарор доштанд: худро “мусулмон” гуфта муаррифӣ карданашон танҳо ба хотири бузургдошти эътиқоди диниашон набуд; чунон ки Устод Айнӣ кушоду равшан гуфтааси, он замон мардуми тоҷик бар асари ҷаҳолати таърихӣ ва талқинҳои пантуркистӣ ҳатто номи қавмашро фаромӯш карда буд!

Аз ин рӯ чӣ ҷойи шикваю шикоят аст, ки солҳои бисту сӣ бисёр баҳсҳои сарнавиштсози таърихию фарҳангӣ бидуни иштироки фаъолонаи худи тоҷикон, пеш аз ҳама аҳли зиё, гузашт. Чунки аҳли зиёи тоҷикон ҳанӯз ҳам ҳамон Аҳмади порина аст, ки буд. Турсунзода дар охирҳои умр ба ҳамқавмон муроҷиат намуда, бо як навъ оҳанги маъюсона гуфта:

“Халқи ман, олам дигар шуд,

Ту ҳамон астӣ, ҳамон!”

Рост, онвақт миёни аҳли савод интеллигенсия ба маънии комили истилоҳ, яъне аз ҷиҳати сатҳу сифати дониш ҳамрикоби ҷаҳони мутараққӣ будану аз рӯйи дараҷаи масъулиятшиносии иҷтимоию ахлоқӣ дар камоли хештаншиносиҳои ҷаҳоншумул ташаккул наёфта буд ва ҳанӯз ҳам ташаккул наёфтааст!

Солҳои бист, вақте ки масъалаи тағйири алифо пеш омада (гузаштан аз хатти арабӣ ба алифбойи лотинӣ як тоҷики босавод эътирози худро ба ин иқдом ба тариқи зерин баён карда буд. Мероси хаттии мо бузург аст: ҳамаи китобҳоямонро баргардон карда наметавонем! (Магар акнун мероси илмию адабии 70-солаи давраи шӯравиро ба ҳуруфи арабию форсӣ баргардон кардан осон аст?! Осон нест, вале имконпазир аст. Гап фақат болои ин аст, ки оё барои саросар бозгардон кардани тамоми осори адабӣ ва илмии даврони шӯравӣ ягон зарурати таърихию фарҳангӣ худаш буда бошад?!)

Тағйири хат

Вале баргардем ба эроди Матинӣ, ки зимнан мепурсад:

Оё Айнӣ низ, ки дар он ҳангом соҳибқалами тавоно буда, наметавониста чунин мақолае бинависад ва мухолифаташро бо тағйири хат эълом кунад ва зинда бимонад?” Не, наметавонист! Чаро ки тағйири алифбо тасмими сирф сиёсию идеологӣ буд, ки худи давлат ба амал мебаровард! “Боло” ба донистани фикри “поён”, аз ҷумла Айнӣ ягон ниёзе надошт!

Бино бар ин масъалагузорӣ ба гунаи “метавонист-наметавонист” ҷуз риторикаи сиёсӣ чизи дигаре нест! Дар омади гап аз як қоидаи нонавиштаи ахлоқӣ ёдовар мешавам. Ҳангоми аз назари интиқодӣ арзёбӣ кардани корномаи шахсиятҳои гузашта ду шартро риоя кардан даркор аст: (1) пеш аз он ки гуфтор ё кирдори касе тақвиму тақдир карда шавад, аввал бояд муқаррар кард, ки вай дар чӣ замоне ва чӣ гуна шароите мушаххас сурат гирифта ва ангезаю заминаи он дар воқеъ чӣ буда? (2) Модели рафтори шахсиятро дар он шароити мушаххас боястӣ аз тариқи ҳузури хаёлии пажӯҳанда дар вазъияти мазкур барсохтан, яъне ки ба саволи “агар ман ба ҷойи он кас мебудам, чӣ мекардам?” ҷавоб ҷустан.

Аз ин ҷиҳат ман ба ҷаноби Матинӣ саволи ҳамгун доданиам, чунки рафторашон ҳангоми дар Эрони инқилобӣ буданашон ба марому мазмуни тақозои додситонаашон аз Айнӣ ба ҳеч ваҷҳ рост намеояд!

Дар воқеъ, Матинӣ ҳамчун яке аз эроншиносони намоён, ки ба дигарон ҷасорати муқоваматро ба идеология ва сиёсати ҳоким таълим додан хоста. Албатта ин корест муҳиму муфид. Вале ин ҷо саволе пеш меояд: чаро худаш пас аз Инқилоби Исломӣ дар Эрон ба ҷойи дар ватан истода ақидаҳояшро ошкоро гуфтану дар ҷараёни баҳсу мунозара бо дастандаркорони ҳокимияти нав мавқеи шаҳрвандиашро ҳимоя кардан ба Амрико рафта, паноҳандаи сиёсӣ шуд? Охир, дар он ҳангом (1979) эшон мансабдори соҳибном будаву (Сарвари Донишгоҳи Машҳад) олими соҳибқалам! Магар наметавонист, мақолаҳо бинависад ва мухолифаташро ба низоми нави сиёсию мазҳабӣ ошкоро баён кунад? Модом, ки ин корро накард, аз ягон чизе ҷиддитару муассиртар (ҳаёт ё мамот?!) андеша дошт?!..

Ана боз як намунаи кашфиёти сиёсии “Тоҷикистоншинос”-и навбаромад Матинӣ: “Тақрибан бо итминон метавон гуфт то сол 1924, ки Ленин зинда буд, мавзӯи «забони тоҷикӣ» ба ҷойи истилоҳи “забони форсӣ” матраҳ набудааст” (?!) .

Яъне ки чӣ?! Ленин назар ба Сталин таърихи тоҷику эрониро беҳтар медонистааст?! Магар ҳамон Ленин набуд, ки тоҷиконро аз ҷумлаи мардуми таҳҷоии Осиёи Миёна ҳисоб намекард?! Дар Қонуни Асосии Ҷумҳурии Мухтори Бухоро, ки дар айёми зинда будани Ленин ташкил шуд, низ ному нишоне аз тоҷикон набуд! Агар тоҷикро аз ному нишони расмӣ маҳрум карда бошанд, мавзӯи бо “забони тоҷикӣ” иваз кардани форсӣ чӣ гуна матраҳ мешудааст?! Ақлу фаросати сиёсатшинохтии мани файласуф ба асли мантиқи ин ҳукми филологӣ расида наметавонад! Балки Матинӣ дар Амрико ягон далели нави хаттӣ ба даст оварда, ки мо ҳамагон аз он ғофилем, гарчанде ки калиди бойгонии Устод дар дасти мост?!

(Идома дорад)

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG