Гурӯҳи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва 5 вакили мудофеъ дар Тоҷикистон рӯзи 24 июл бо пахши як изҳороти муштарак аз афзоиши мавридҳои таъқибу боздошти вакилони мудофеъ, бахусус Шӯҳрат Қудратов изҳори нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, то «аз дахолати мустақим ва ё бавосита ба фаъолияти адвокатҳо худдорӣ варзанд, аз ҳама гуна саркӯбсозии онҳо даст кашанд» ва парвандаҳои Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокировро «воқеъбинона ва беғаразона» таҳқиқ кунанд.
Дар изҳорот гуфта шудааст, ки Қудратов баъди Зокиров инак дувумин вакили вазири собиқи саноат Зайд Саидов аст, ки аз сӯи Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт мешавад. Ба ақидаи муаллифон, мақомот набояд адвокатро бо зерҳимояаш тавъам бубинанд ва таҳти таъқибу фишор қарор диҳанд. Бино бар ин изҳорот, «беҷазоӣ барои чунин таъқибот дар кишвар ба адвокатҳои дигар таъсири манфӣ расонида, сифати кори онҳоро коҳиш медиҳад ва маҷбур месозад, ки онҳо аз пеш бурдани парвандаҳои муайян даст кашида, дар фазои тарсу ҳарос аз ҳаёти худ ва аъзои оилаашон, ки ба онҳо низ хатар таҳдид мекунад, фаъолият баранд.»
Зери ин иҳзорот 11 созмон - Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи инсон «Ампаро», Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд, Коллегияи адвокатҳои шаҳри Кӯлоб, Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI», Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, Маркази ҳуқуқи инсон, Фонди ҷамъиятии «Нотабене», Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва 5 вакил - Аҳмадов Р.М., Каримова М.С., Сабуров Ҷ.Л., Самадова Дилафрӯз ва Ҷӯраев Дилшод имзо кардаанд.
Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июл бо гумони қасди додани пора ва Фахриддин Зокиров рӯзи 6 март бо иттиҳоми таъхир дар пардохти қарзи бонк боздошт шуданд.
Видеои лаҳзаи боздошти Шӯҳрат Қудратов
Шаби гузашта шабакаҳои давлатии телевизионии Тоҷикистон гузориши вижаи Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар бораи Шӯҳрат Қудратовро ба намоиш гузоштанд. Дар ин навори видеоӣ лаҳзаи боздошти вакили мудофеъ ва узви раёсати ҳизби мухолифи сотсиал-демократро дар назди кадом боғи пойтахт ҳамроҳи се нафар, ки исмашон эълон нашуд, намоиш доданд. Тибқи ин навор Шӯҳрат Қудратов гӯё дар ҳоле боздошт шудааст, ки аз ҷайбаш маблағеро бадар мекард.
Мувофиқи гузориши Оҷонсӣ, Шӯҳрат Қудратов гӯё аз зерҳимояаш барои як додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ ришва гирифтааст.
Дар навор гуфта мешавад, ки ин вакил аз коллегияи адвокатҳои «Сипар» Амиралӣ Суламаевро, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешуд, ба додани пора ба додрас Низомов А.Ш. моил кардааст. Порае аз ин наворро бидуни шарҳ метавонед инҷо тамошо кунед:
Бино бар ин навор, «Қудратов Ш.А. қасдан ва бо мақсади ғаразнок, мавқеи ғайриқонунии касбиро ишғол намуда, барои ба манфиати зерҳимояаш- судшаванда Сулемаев Амиралиро иҷро намудани амали ғайриқонунӣ, бо роҳи багапдарорӣ додани 2,500 доллари амрикои ба сифати пора ба шахси мансабдор, яъне судя Низамов Ш.А. барои баровардани ҳукми сафедкунанда моил намудааст. Ба замми он адвокат Кудратов Ш.А.баҳри амали намудани ин мақсади ғаразнокаш мунтазам ба утоқи кори судя Низамов Ш.А. даромада ӯро низ дар ҳузури котиби маҷлиси судӣ барои бар ивази маблағи пора баровардани ҳукми сафедкунанда нисбати зерҳимояаш – Суламаев А.Н. моил намудааст. “
Бино бар ин навор, Суламаев ба ин муомила розӣ шуда, рӯзи 18 июл дар назди додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Шӯҳрат Қудратов 1500 доллар ва рӯзи 21 июл 1000 доллар дигар медиҳад, то ӯ ба додрас Низомов А.Ш. бирасонад. Аммо худи ҳамон рӯз “зимни гузаронидани амалиёти фаврӣ-тафтишотӣ, адвокат Қудратов Ш.А. ҳангоми аз судшаванда Суламаев А.Н. гирифтани маблағи 1000 доллари амрикоӣ дар ҷои ҳодиса аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир карда шуда, дар натиҷаи кофтукови шахсӣ аз ӯ далелҳои шайъӣ – 1000 доллари амрикоӣ ва 1400 доллари амрикоии қаблан гирифтааш, дарёфт карда гирифта шуд.”
Худи Шӯҳрат Қудратов ҳамон рӯзи боздошташ, вақте дар иҳотаи кормандони Оҷонсӣ аз маркази «Соҳибкорон» берун меомад, ба хабарнигорон кӯтоҳ гуфт, ки «ман пора нагирифтаам.» Наздикони ин вакили мудофеъ низ иддаои мақомотро рад мекунанд ва мегӯянд, Шӯҳрат Қудратов барои мавқеъи оштинопазире, ки дар амри ҳимоят аз вазири собиқи саноат Зайд Саидов нишон дод, таҳти таъқиб қарор гирифтааст ва парвандаи ӯ ангезаи ошкори сиёсӣ дорад.
Раиси ҳизби сотсиал-демократ Раҳматулло Зоиров, ки аз узви раёсати ин ҳизб ва вакили шинохта Шӯҳрат Қудратов ҳамчун вакили мудофеъ ҳимоя мекунад, низ рӯзи 24 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бори дигар иттиҳомоти зидди Қудратовро беасос номид.
Зоиров гуфт, “мақомот ба ҳар тарзе ки худ мехоҳанд, айбдории Шӯҳрат Қудратовро намоиш дода истодааст, ки ин ҳеҷ асос надорад.”
Раҳматулло Зоиров ҳамчунин хабар дод, ки шаби гузашта дар боздоштгоҳи Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо зерҳимояаш мулоқот кардааст. Аммо ӯ бо тасдиқи хабари ин мулоқот иктифо ва аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ варзид. Оқои Зоиров танҳо гуфт, имрӯз бояд дар ду ҳолати рӯбарӯсозиии Шӯҳрат Қудратов бо афроди дигари дахил дар ин парванда ширкат кунад.
Шӯҳрат Қудратов, вакили шинохта, рӯзи 21 июл бо иттиҳоми қасди додани пора ва таҳрик ба ҷиноят ( бар асоси моддаи 320 ва 36-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) боздошт шуд. Шӯҳрат Қудратов дар чандин парвандаи пурсарусадо аз ҷумла аз вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи ҷангал ва язнаи президенти Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" ҳимоят кардааст.