Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо-2024: Испания бо шикаст додани Италия ба плей-офф баромад 


Рӯзи 20-уми июн дар Олмон се бозии даври дувуми марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар гурӯҳҳои В ва С доир гардид.

Дар даври дувум дар гурӯҳи С нахуст тимҳои миллии Словения ва Сербия дар шаҳри Мюнхен вориди рақобат шуданд. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Ҳимоятгари дастаи Словения Жан Карничник дар дақиқаи 69‑ум ҳисобро кушод. Лука Йович, бозигари мунтахаби Сербия, дар дақиқаи панҷуми замони ҷуброншуда ба нимаи дувуми бозӣ ҳисобро баробар кард.

Дар бозии дигари гурӯҳи С дар шаҳри Франкфурт дастаҳои мунтахаби Англия ва Дания рӯбарӯ шуданд. Ин бозӣ ҳам бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Ба голи дар дақиқаи 18‑ум задаи ҳамлагари инглисҳо Харри Кейн, нимҳимоятгари даниягиҳо Мортен Юлманн дар дақиқаи 34-ум посух дод.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Англия дар гурӯҳи С бо чаҳор имтиёз пешсаф аст. Мунтахабҳои Дания ва Словения бо дуимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро касб кардаанд. Мунтахаби Сербия бо як имтиёз дар мақоми чаҳорум қарор дорад. Дар даври севум Англия бо Словения ва Дания бо Сербия рӯбарӯ мешаванд. Ҳарду бозӣ 25-уми июн сурат мегирад.

Дар бозии даври дувум дар гурӯҳи В дар шаҳри Гелзенкирхен тимҳои миллии Испания ва Италия рақобат карданд. Бозӣ бо пирӯзии испаниҳо бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид. Голи ягона дар дақиқаи 55‑ум зада шуд. Тӯбро ҳимоятгари мунтахаби Италия Калафйори ба дарвозаи дастааш зад.

Дар гурӯҳи В мунтахаби Испания, ки бо 6 имтиёз

дар мақоми аввал аст, пешакӣ ба даври 1/8-ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Қаҳрамони феълии Аврупо – мунтахаби Италия - бо се имтиёз дар ҷойи дувум аст. Албания дар зинаи севум ва Хорватия дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудаанд. Ҳарду даста якимтиёзӣ гирифтаанд.

Бозиҳои даври севум дар гурӯҳи В миёни дастаҳои мунтахаби Хорватия – Италия ва Албания - Испания 24-уми июн баргузор мешаванд.

21-уми июн се бозӣ дар гурӯҳҳои Е ва D байни тимҳои миллии Словакия – Украина, Полша – Австрия ва Нидерланд – Фаронса доир мегардад.

Дар қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон 24 тими миллӣ иштирок дорад. Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи нишондҳояшон хубтари ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ҳоло дастаҳои мунтахаби Олмон аз гурӯҳи А ва Испания аз гурӯҳи В пешакӣ ба плей-офф баромадаанд.

Бозии ниҳоии қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон 14-уми июл дар шаҳри Берлин баргузор мешавад.

Қаҳрамонии футболи Аврупо-2024

Таркиби гурӯҳҳо:

Гурӯҳи A: Олмон, Шотландия, Венгрия, Швейтсария.

Гурӯҳи B: Испания, Хорватия, Италия, Албания.

Гурӯҳи C: Словения, Дания, Сербия, Англия.

Гурӯҳи D: Полша, Нидерланд, Австрия, Фаронса.

Гурӯҳи E: Украина, Белгия, Словакия, Руминия.

Гурӯҳи F: Гурҷистон, Туркия, Португалия, Чехия.

ДАВРИ АВВАЛ

Гурӯҳи А, Олмон – Шотландия – 5:1

Гурӯҳи A, Венгрия – Швейтсария – 1:3

Гурӯҳи B, Испания – Хорватия – 3:0

Гурӯҳи B, Италия – Албания – 2:1

Гурӯҳи D, Полша – Нидерланд – 1:2

Гурӯҳи C, Словения – Дания – 1:1

Гурӯҳи С, Сербия – Англия – 0:1

Гурӯҳи E, Руминия – Украина – 3:0

Гурӯҳи E, Белгия – Словакия – 0:1

Гурӯҳи D, Австрия – Фаронса – 0:1

Гурӯҳи F, Туркия – Гурҷистон – 3:1

Гурӯҳи F, Португалия – Чехия – 2:1

ДАВРИ ДУЮМ

Гурӯҳи B, Хорватия – Албания – 2:2

Гурӯҳи A, Олмон – Венгрия – 2:0

Гурӯҳи A, Шотландия – Швейтсария – 1:1

Гурӯҳи C, Словения – Сербия – 1:1

Гурӯҳи C, Дания – Англия – 1:1

Гурӯҳи B, Испания – Италия – 1:0

21 июн, ҷумъа

Гурӯҳи E, 17:45, Словакия - Украина

Гурӯҳи D, 20:45, Полша - Австрия

Гурӯҳи D, 23:45, Нидерланд - Фаронса

22 июн, шанбе

Гурӯҳи F, 17:45, Гурҷистон - Чехия

Гурӯҳи F, 20:45, Туркия - Португалия

Гурӯҳи E, 23:45, Белгия - Руминия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG