Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азимҷон: "Ба марди ношинос бовар карда ба "Тико" нишастам..." ВИДЕО


Писарбачае, ки рӯзи дароз дар дасти гаравгонгирҳо буд ва дар як амалиёти полиси Турсунзода сиҳату саломат озод шуд, ҷузъиёти ҳодисаҳои рӯзи 6 декабрро нақл кард.

Дар паи амалиёти раҳоии навраси 17-сола Азимҷон Узоқов, хонандаи мактаб-литсеи президентии шаҳри Турсунзода, як гаравгонгир кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳодисаи ба гарав гирифтани Азимҷон Уроқов субҳи 6 декабр рух дод ва гаравгонгирҳо барои раҳоии ин навраси 17-сола аз падари ӯ 100 ҳазор доллар талаб доштанд ва танҳо дар соати 12 шаб мақомоти интизомӣ тавонистанд Азимҷонро раҳо кунанд.

Азимҷон: "Ба марди ношинос бовар карда ба "Тико" нишастам..."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:01 0:00

"Ман ба гапи он ношинос бовар карда ба мошин нишастам"

Феълан Азимҷон сиҳату саломат дар назди пайвандонаш қарор дорад ва баъди табобати кӯтоҳи равонӣ ба таҳсил бармегардад. Наздикони Азимҷон мегӯянд, ки ин гаравгонгирӣ аз қабл тарҳрезишуда мебошад.

Азимҷон Узоқов, сокини кӯчаи Охунбобоеви шаҳри Турсунзода рӯзи 8 декабр дар манзили зист дар назди пайвандонаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ду рӯз пеш аз асорати гурӯҳи гаравгонгир озод шудааст, ҳанӯз ҳам тарс аз баданаш дур нашуда ва таҳти фишори равонӣ қарор дорад.

Вақте дохили "Тико" шудам, дар шикамам кордро гузошта гуфт, ки "ягон ҳаракати беҷо накун ва ором бош"

Вай гуфт, аз саломатиаш шикоят надорад ва рӯзи душанбеи 12 декабр барои идомаи таҳсил ба мактаб бармегардад. Азимҷон дар нақли ҳодисаи субҳи 6 декабр гуфт, дар роҳ ба мактаб буд, ки як нафар номашро гирифта гуфт, ки дӯсти падараш аст ва ӯро бо мошин то мактаб мерасонад.

“Ман ба ҳарфҳои ин одами ношинос бовар кардам. Вай номи ман ва падарамро ба забон оварда таклифи нишастан кард. Вақте дохили "Тико" (мошини сабукрав) шудам, дар шикамам кордро гузошта гуфт, ки "ягон ҳаракати беҷо накун ва ором бош". Баъд маро ба як хонаи истиқоматии тақрибан якунимкилометр дуртар аз манзили зистамон бурда дастонамро бо скоч баста ба падарам тамос гирифта гуфтанд, ки "100 ҳазор доллар биёр, вагарна фарзандатро пора-пора мекунам”.

Амалиёти озодсозӣ соати 11 шаб шурӯъ шуд...

Ба нақли волидони писарбача, тамоси баъдии онҳо бо гаравгонгирҳо тавассути телефон ҷараён мегирифт ва бо баҳонаи ин ки пул оварда шудааст, онҳо аз макони нигоҳдории писар ҳам бохабар шуданд. ​Онҳо баъд гӯширо назди ман оварданд ва ман бо падарам гуфтам, ки инҳо маро боздошт кардаанд. Вай мегӯяд, соат тақрибан 11 шаб буд ва кормандони милиса дари хонаро шикаста, ба манзил ворид шуданд ва хоҳиш карданд, ки писарро раҳо кунанд. “Аммо вай (яке аз мардони гаравгонгир) маро ба хонаи дарунӣ бурд ва гуфт, ки агар пулро наоранд, маро мекушанд".

Саҳнаи боздошти яке аз гаравгоргирҳо
Саҳнаи боздошти яке аз гаравгоргирҳо

Ба гуфтаи Азимҷон, дар лаҳзае, ки миёни онҳо радду бадал мешуд, босуръат фирор карда худро ба назди милисаҳо зад. Нафаре, ки ӯро медошт, худро ба корд маҷрӯҳ карда дар ниҳоят ба ҳалокат расид. Ду нафари дигарро кормандони милиса боздошт карданд.

Муаззама Сулаймонова, модари Азимҷон мегӯяд, хеле дер аз гаравгонии фарзандаш огоҳ шудааст. Вай мегӯяд, фарзандаш, ки аслан ҳамарӯза дар соати 15:20 аз мактаб ба хона бармегашт, сари вақт наомад ва ӯ ба таҳлука афтода аз шавҳараш пурсид, ки Азимҷон куҷо аст. Модари ин наврас мегӯяд, ҳеҷ бовар надошт, ки дар Тоҷикистон дар солҳои охир одамонро гаравгон мегиранд. Вай мегӯяд, баъди огоҳ шудан аз масъалаву талаби додани 100 ҳазор доллар, худаш ҳам бо гаравгонгирҳо радду бадал кардааст. Вай гуфт, хушбахтона бо талошу кӯшиши кормандони умури дохилаи ноҳияи Турсунзода фарзандаш аз дасти гаравгонгирҳо озод шуда дар канорашон қарор дорад.

"Гаравгонгирҳоро намешиносам"

Шӯҳрат Узоқов, падари Азимҷон мегӯяд, то ҳол наметавонад тасаввур кунад, ки фарзандашро ба гарав мебаранд. Вай мегӯяд, аслан афроди гаравгонгирро намешиносад, вале ҳоло медонад, ки ин кори онҳо аз пеш тарҳрезишуда буд. Зеро онҳо ҳам номи ӯ ва ҳам фарзандашро медонистаанд. Вай гуфт, далели маҳз нисбати ӯ раво дидани ин ҷиноятро намефаҳмад, чунки шахси дорову сарватманд нест. Узоқов ҳуқуқшинос буда, дар гузашта ҳамчун ёрдамчии додгоҳи ноҳия фаъолият кардааст ва баъдан таи чанд соли ахир дар идораи нотариус кор мекард. Ҳоло ӯ бекор аст.

Мардуми шаҳри Турсунзода аз вай “Шуҳрат-нотариус” ном мебаранд. Вай мегӯяд, ки аслан намедонад чаро гаравгонгирҳо барои ба даст овардани маблағи калон маҳз фарзанди ӯро ба гарав гирифтаанд. Вай мегӯяд, як зиндагии миёнаҳол дошта ҳеҷ сарвате ба ҷуз ҳамин манзил надорад. Манзили зисташ ҳам чандон бошукӯҳ ба назар намерасад.

Шоҳ Искандарзода ва Рамазон Раҳимзода - дар садри амалиёт буданд

Дар ин миён падари Азимҷон мудири литсеи президентӣ Муҳаббат Ҷалолиро аз ҷараёни ҳодиса огаҳ намуд ва баъди хабардор кардани полиси маҳаллӣ, мақомот ҳам даст ба кор шудаанд. Муҳаббат Ҷалолӣ, мудири литсейи президентӣ мегӯяд, Азимҷон хонандаи фаъол аст, ки бо баҳои аъло таҳсил мекунад. Вай мегӯяд, ба вазири корҳои дохила барои анҷоми бомуваффақияти амалиёти раҳоии шогирдаш ба таври хаттӣ ташаккурнома ирсол мекунад.

Шоҳ Искандарзода
Шоҳ Искандарзода

​Ба нақли Шӯҳрат Узоқов, вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода шахсан ҷараёни амалиёти раҳоии фарзандашро сарпарастӣ мекард ва худи амалиётро сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода Шоҳ Искандарзода пеш бурдааст. Дар ҳамин ҳол сухангӯи Вазорати корҳои дохила Умарҷони Эмомалӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз чанд масъалае оид ба ҳодисаи гаравгонгирӣ ҷой дорад, ки танҳо баъди анҷоми он муфассал ба матбуот иттилоъ хоҳанд дод.

9 соли зиндони як зани гаравгонгир

Ҳодисаи гаравгонгирии Азимҷон аввалин ҳодисаи кӯдаконро ба гарав бурдани ҷинояткорон нест. Охири моҳи октябр додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Матлуба Аҳмедова ва Раҳмоналӣ Ғиёсовро дар охири моҳи октябри соли равон барои гаравгонгирии духтарчаи ҳафтсола дар пойтахт мутаносибат ба 9 ва 8.5 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин ҳодиса, ки ҳамчунон бо хушӣ анҷомид, нақши ронандаи такси ва ҳамзамон як корманди ВКД муҳим буд, ки тасодуфан аз ҷараёни ин ҷиноят огоҳ буд ва сари вақт дар бораи ҷинояти тарҳрезишуда мақомотро хабардор кард. Духтарчаи 7-сола баъди ним соати рабуда шуданаш озод ва гаравгонгирҳо дастгир шуданд.

Қазияи нопадидшавии Сабинаву Малика ҷомеаи Тоҷикистонро таконзада кард
Қазияи нопадидшавии Сабинаву Малика ҷомеаи Тоҷикистонро таконзада кард

​Се сол пеш ҷомеаи Тоҷикистон аз ҳодисаи нопадидшавии ду амакбачаи сокини Душанбе - Сабинаву Малика Араловаҳо таконзада шуд, чун баъди ҷустуҷӯҳои дурударози сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам аҳли ҷомеа, аз онҳо ҳеҷ нишонае то ба ҳол пайдо нашудааст.

Аммо тавре намояндагони мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ба истиснои як ва ё ду ҳодисаи гаравгонгирии охир, таи як даҳсола мешавад, ки ҳодисаҳои кӯдакрабоӣ бо ҳадафи талаби пул ба қайд гирифта нашудааст. Ҳодисаҳои гаравгонгирие, ки солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҷой дошт, назири ҳодисаи гаравгонгирии гурӯҳи хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ ва кормандони Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1997 аз ҷониби гурӯҳи Ризвон Содиров, бештар хусусияти сиёсӣ доштааст.

XS
SM
MD
LG